иқтисод
ЗАНБӮРИ АСАЛ. ПАРВАРИШИ ОН ЗИНДАГИСОЗ АСТ
Обу ҳавои ноҳияи зебоманзари Данғара, ки доманакӯҳҳои он пур аз гулу гиёҳи шифобахшанд, барои парвариши занбӯри асал басо мусоид аст. Аз ин рӯ, дар ноҳия соҳаи мазкур сол ба сол рушд ёфта, истеҳсоли асал меафзояд. Ин омил, аз як тараф ба беҳтар гардидани сатҳи зиндагии мардум, аз ҷониби дигар, ба таъмини амнияти озуқавории кишвар такони ҷиддӣ мебахшад.
Сокини деҳаи Гулистони деҳоти Сангтӯдаи ноҳия Абдуҷалил Қурбонов аз соли 1987 ҳамроҳи хонаводааш ба парвариши оилаҳои занбӯри асал машғул буда, аз ҳисоби фурӯши он рӯзгори худро пеш мебарад.
Ӯ аз занбӯриасалпарваронест, ки барои рушди соҳа заҳмати зиёд кашида, таҷрибаашро ба дигарон омӯзонда, шумораи дӯстдорони ин касбро зиёд кардааст. Ҳар баҳор вақти гули зардолу, занбӯрҳоро ба талу теппаҳои сергулу гиёҳи атрофи ноҳия мебарад ва соле 350 – 450 килограмм асали хушсифат мегирад ва дар бозорҳои кишвар ба фурӯш мегузорад, ки харидорони зиёд дорад. Ҳар сол ба ҳисоби миёна аз ин ҳисоб 15 – 18 ҳазор сомонӣ ва, ҳатто, аз ин ҳам зиёд даромади иловагӣ ба даст меорад. Занбӯрҳои вай зоти карпатӣ мебошанд, зеро ҳосилнокиашон нисбат ба дигар намудҳо хеле баланд аст.
- Занбӯриасалпарварӣ, дар назари аввал, кори осон намояд ҳам, бисёр нозук аст, - мегӯяд А. Қурбонов. - Аз қадим маълум аст, ки маҳсулоти занбӯр (асал, шаҳди гул, шираи малика, прополис, яъне муми хонаи занбӯр) ба чандин бемориҳо шифобахшанд. Аммо бо вуҷуди ин то солҳои наздик дар ҷумҳурии мо на ҳама медонистанд, ки занбӯри асал ба зиёд шудани ҳосилнокии боғу роғҳо ва ғалладона низ мусоидат мекунад. Олимони варзидаи ҷаҳонӣ исбот кардаанд, ки вақти гул кардани меваҳо қуттии занбӯрҳоро дар назди дарахтон гузоранд, ҳосилнокии боғҳо 15 – 25 дарсад зиёд мешавад. Дар Амрико ва Олмон боғдорон як сол пеш бо занбӯриасалпарварон шартномаи ҳамкорӣ мебанданд, то ки дар вақти гули дарахтон аз занбӯрҳо истифода баранд.
- Дар аввал чор қуттӣ занбӯри асал доштем, ки онро барои эҳтиёҷоти оила истифода мебурдем, - меафзояд ӯ. - Ҳоло оилаҳои занбӯри асал қариб ба 40-то расидааст. Занбӯриасалпарварӣ барои мардони деҳот метавонад беҳтарин шуғл бошад, зеро кораш на танҳо сабук балки шавқовар низ ҳаст, - гуфт бо қаноатмандӣ Абдуҷалил Қурбонов.
Асали занбӯри ин диёр серхаридор аст, чунки он аз гарди гулу гиёҳҳои шифобахш омода мешавад. Аз шаҳрҳои Бохтар, Кӯлоб, Душанбе ва дигар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ омада асали онҳоро мехаранд. Соли гузашта Абдуҷалил Қурбонов беш аз 400 килограмм асали тозаи хушсифат гирифта, ҳар килои онро бо нархи 50 – 60 сомонӣ мефурӯшад. Ӯ ният дорад, ки шумораи оилаҳои занбӯри асаларо ба 100-то расонда, бренди махсуси худро дар бозорҳо ташкил кунад.
Сазовор гардидан бо сипосномаю ифтихорномаҳо самараи заҳматпешагию кордонияш аст. Ӯ иштирокчии фаъоли намоишгоҳҳои маҳсулоти кишоварзӣ ва озмунҳои ноҳиявию ва ҷумҳуриявии Иди асал мебошад.
- Иштирок дар Иди асал, ки соли 2015 дар пойтахти азизамон – шаҳри Душанбе баргузор гардид, бароям фаромӯшнашаванда аст. Ба намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзии ба ин муносибат ташкилгардида Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташриф оварданд. Банда шарафёб гардидам, ки бо Пешвои маҳбуби миллат суҳбат намоям. Сарвари давлат дар намоишгоҳ аз асали занбӯри мо дидан карда, ба ману ҳамкасбонам дуои хайр доданд, - бо ифтихор ба ёд меорад Абдуҷалил Қурбонов.
Ҳамчунин, ӯ аз он изҳори қаноатмандӣ кард, ки дар ҷумҳурӣ барои рушди соҳаи занбӯриасалпарварӣ тамоми шароит муҳайёст. Бинобар ин, тибқи «Барномаи маҷмӯавии рушди соҳаи чорводорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018 – 2022», барои беҳтар гардондани сифат ва маҳсулнокии оилаҳои занбӯри асал офаридани зоти тоҷикии занбӯри асал, зиёд намудани шумораи оилаҳои занбӯр зарур аст, ки корҳои зотпарварӣ ва илмию селексионӣ амалӣ карда шаванд.
Эмомалӣ Абдуллозода, сардори идораи кишоварзии ноҳия, дар суҳбат ба мо гуфт, ки занбӯриасалпарварӣ соҳаи муҳиму сердаромад буда, туфайли тадбирҳои андешидаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои охир ҳамаҷониба рушд меёбад. Аз ҷумла, шумораи оилаҳои занбӯри асал дар ноҳия сол ба сол зиёд мешавад. Айни ҳол дар ҳамаи бахшҳои хоҷагидорӣ 1773 оилаи занбӯри асал парвариш меёбад.
- Соли гузашта 18 тонна асали тоза истеҳсол шуд. Имсол, аллакай, 21 тонна асал гирифтем. Заҳматкашони ноҳия хуб дарк кардаанд, ки аз ҳисоби ин самти афзалиятноки камхарҷ зиндагии худро боз ҳам беҳтар мегардонанд ва сатҳи бекорӣ низ коҳиш меёбад, - илова намуд Эмомалӣ Абдуллозода.
Кароматулло АТО,
«Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 15.09.2021 №: 184 Мутолиа карданд: 4568