logo

Хабарҳо

ХУҶАНД. БОЗ ЧАНД ИНШООТИ НАВИ ҶАШНӢ ДАР ХИЗМАТИ СОКИНОН

Ба ифтихори Ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд бо иштироки муовини аввали Сарвазири мамлакат Давлаталӣ Саид, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ҷамолиддин Абдуллозода, раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва раиси шаҳр Фирдавс Шарифзода чойхонаи «Сари баландӣ» бо маркази хизматрасонӣ, чойхонаи «Қӯшҳавз», маркази тиҷоратӣ ва хизматрасонии «Толори зеббахшӣ», бинои иловагии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 5 мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, санги асоси Коллеҷи тиббӣ гузошта шуд. 
Муовини аввали Сарвазири мамлакат Давлаталӣ Саид ҳангоми ба истифода додани бинои иловагии МТМУ № 5 дар суҳбат бо хонандагону омӯзгорон гуфт, ки Ҳукумати Тоқикистон ҷиҳати беҳтар намудани вазъи соҳаи маориф, таҳкими заминаи моддиву техникии муассисаҳои таълимӣ ва қабули барномаҳои давлатӣ барои рушди соҳа пайваста тадбирҳои зарурӣ меандешад. Дар Буҷети давлатии соли равон барои соҳаи маориф 5 миллиарду 597 миллион сомонӣ пешбинӣ гардидааст, ки нисбат ба соли гузашта 11,2 дарсад зиёд буда, 6 дарсади маҷмӯи маҳсулоти дохилиро ташкил медиҳад. Яъне, Ҳукумати мамлакат бо дарназардошти нақши ҳалкунандаи соҳаи маориф дар тарбия кардану ба камол расондани наслҳои ояндасоз – кадрҳое, ки рушди ҳамаи соҳаҳои давлат ва ҷомеа аз онҳо вобаста мебошад, аз тамоми имкониятҳо истифода мекунад.
Дар маросими гузоштани санги асоси Коллеҷи тиббӣ таъкид шуд, ки ҳифзи солимии аҳолӣ яке аз самтҳои муҳими сиёсати иҷтимоии давлат буда, барои рушди соҳаи тандурустӣ тадбирҳои зарурӣ амалӣ мешаванд. Дар ин давра барои фароҳам овардани шароити мусоиди хизматрасонии тиббӣ ба аҳолии мамлакат беш аз 2550 муассисаи нави тиббӣ бунёд ёфт ва бо таҷҳизоти муосири тиббӣ таъмин гашт. Инчунин, дар доираи омодагӣ ба таҷлили Ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ қариб 2000 иншооти тандурустӣ сохта шуд. Дар даврони соҳибистиқлолӣ 33 ҳазор ҷавонон муассисаҳои таҳсилоти олии тиббӣ ва беш аз 158 ҳазор нафар коллеҷҳои тиббиро хатм карданд. Дар натиҷаи тадбирҳои барои рушди соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи саломатии аҳолӣ амалигардида, соли гузашта нисбат ба соли 1991 фавти кӯдакон 3 баробар ва фавти модарон 4 баробар коҳиш ёфт. 
Дар ин бора ба хабарнигори «Ҷумҳурият» Маъмури Юсуфзод, котиби матбуотии раиси шаҳр, иттилоъ дод. 
 
Кароматулло АТО,
 «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 1246
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед