мулоқотҳо
Оид ба пешгирии
терроризму экстремизм гуфтугӯи судманд
сурат гирифт
22 апрел Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон роҳбарони хадамоти сарҳадбонии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро, ки баҳри иштирок дар ҷаласаи навбатии Шӯрои фармондеҳони қӯшунҳои сарҳадии ин давлатҳо ба шаҳри Душанбе омадаанд, ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот оид ба зарурати таҳким ва густариши ҳамгироии миёни хадамоти сарҳадбонӣ ва дигар мақомоти кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баҳри ҳифзи шоистаи марзҳои берунаи иттиҳод, пешгирӣ аз амалҳои террористию экстремистӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир гуфтугӯи судманд сурат гирифт.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки дар мубориза бо қочоқи маводи мухаддир, ки сарчашмаи асосии он Афғонистон аст, на танҳо кишварҳои ҳамсояи он ва кишварҳои дорои бозори фурӯши мухаддирот, балки тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд тадбирҳои муштарак амалӣ намоянд.
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин ҷалби хадамоти сарҳадбонӣ ва дигар сохторҳои марбутаи Афғонистонро ба мубориза бо паҳншавии чунин хатарҳо дастгирӣ намуда, аз ҷумла изҳор дошт, ки миёни сохторҳои дахлдори Тоҷикистону Афғонистон кайҳо боз ҳамкории судбахш ба роҳ монда шудааст.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 1826