logo

Хабарҳо

Рӯйдодҳои илмӣ

СИМПОЗИУМИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
Дар Академияи миллии илмҳо ба ифтихори 30 - солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Симпозиуми байналмилалии илмии “Тоҷикистон дар масири таърих: истиқлолият, дастовард ва дурнамо” баргузор шуд. Дар кори он Матлубахон Сатториён, муовини Сарвазири кишвар ва донишмандон аз кишварҳои Англия, Канада, Афғонистон ширкат ва суханронӣ намуданд.  
Ба кори симпозиум Фарҳод Раҳимӣ, президенти АМИТ, оғоз бахшида, нақши  Истиқлоли давлатиро дар пешрафти соҳаҳои гуногун, аз ҷумла  илм, созанда арзёбӣ намуд.  
- Истиқлолият имкон фароҳам овард олимон ба омӯзиши таърихи халқи тоҷик таваҷҷуҳи бештар намоянд, ки ин ҷиҳати боло  бурдани худшиносии насли наврас нақши созгор дорад. Ин муддат аз ҷониби бостоншиносон мавзеъҳои гуногуни таърихии кишвар, мавриди омӯзиш қарор гирифтанд, ки на танҳо дар тамаддуни тоҷикон, балки халқҳои дигари Осиёи Миёна саҳифаҳои нав боз намудаанд. Хушоянд аст, ки баъзе аз онҳо дар сатҳи ҷаҳонӣ муаррифӣ ва пазироӣ шуданд, - иброз дошт Ф. Раҳимӣ.
Матлубахон Сатториён зимни суханронӣ аз солҳои душвори аввали соҳибистиқлолӣ ёдовар шуда, гуфт: “Халқи соҳибтамаддуни тоҷик Истиқлоли давлатиро ба осонӣ ба даст наовардааст. Аз ин рӯ, зарур аст онро пос бидорем ва арҷ гузорем. 
Давоми 30 соли соҳибихтиёрӣ Тоҷикистон бо роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба дастовардҳои бузург дастёб шуд. Умед дорем ояндаи Тоҷикистон дурахшонтар мегардад”.
Зимнан, ба унвонии симпозиум аз 30 кишвари ҷаҳон 110 маърӯзаи илмӣ ворид гардид, ки ҳар кадом паҳлуҳои гуногуни истиқлолият, дастовард ва дурнамои кишвари моро бозгӯ намуданд.
 
 
КАЙ ПАЙДО ШУДАНИ ЧОРПОЁН СОБИТ ШУД
Олимони Амрико бо усулҳои математикӣ динамикаи эволютсияи аввалин чорпоёнро, ки ҳазорсолаҳо қабл аз моҳӣ  пайдо шуда, ба махлуқҳои сутунмуҳрадори рӯйи Замин асос гузоштанд,  барқарор намуданд. Дар ин бора сомонаи РИА Новости иттилоъ додааст. Тибқи иттилои сомона натиҷаҳои ин таҳқиқот дар маҷаллаи “Nature Ecology and Evolution” нашр гардидааст. 
Бино ба иттилои сомона яке аз муҳимтарин рӯйдодҳои эволютсионӣ дар рӯйи Замин – гузариш аз моҳӣ ба чорпо – сутунмуҳрадорони дорои дасту пой мебошад. Таҳаввулоти муҳим кай ба вуқуъ омадааст, то ҳол муайян набуд. Таҳқиқотчиён аз донишгоҳи Ҳарвард барои дақиқ муайян намудани  замон, усули  ҷадиди таҳлили эволютсионии байесиро, ки  дар эпидемиология барои омӯзиши эволютсияи вирусҳо ба монади вируси COVID – 19 истифода мешавад, ба кор бурданд. Олимон бо ёрии ин метод дақиқ намуданд, ки чорпоён дар рӯйи Замин 390 миллион сол қабл пайдо шудаанд.  
 
Фарзона ФАЙЗАЛӢ,  “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 1121
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед