logo

Хабарҳо

Лоиҳаи Қонун «Дар бораи фаъолияти инжинирингӣ» баррасӣ гашт

Дар ҷаласаи ғайринавбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, ки таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагон Маҳмадтоир Зокирзода баргузор гардид, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти инжинирингӣ» мавриди баррасӣ қарор гирифт. 
Ба иттилои маркази матбуоти Маҷлиси намояндагон, дар ҷаласа таъкид шуд, ки лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти инжинирингӣ»  бо мақсади танзими ҳуқуқии хизматрасониҳои муҳандисию машваратӣ, тадқиқотӣ, лоиҳавию конструкторӣ, ҳисоботию таҳлилӣ, хизматрасониҳо оид ба назорати техникии дорои хусусияти тиҷоратӣ дар таъмини равандҳои омодасозӣ ба истеҳсол ва фурӯши маҳсулот, инчунин, оид ба хизматрасонӣ ва истифодаи иншооти саноатӣ, инфрасохторӣ ва дигар иншоот таҳия ва пешниҳод шудааст.
 
 
Ба сафири ИМА дар Тоҷикистон  ёддошти эътирозӣ супурда шуд
Сафири фавқулода ва мухтори Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷон Марк Поммершайм ба Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон даъват гардид. Ба сафир оид ба суханони Президенти Амрико Ҷо Байден зимни боздид аз дидбонгоҳи оташнишонӣ дар Пенсилвания ёддошти эътирозӣ супурда шуд.
Ба иттилои Вазорати корҳои хориҷӣ, дар ёддошт омадааст, ки чунин суханҳо ба руҳияи муносибатҳои дӯстона ва шарикӣ ҷавобгӯ намебошанд.
Ҷониби Тоҷикистон ҳавасманди пешбурди робитаҳои судманд бо Амрико дар руҳияи ёрӣ ва эҳтироми ҳамдигар аст.
 
 
Мулоқот бо сафири Эрон
Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнзода сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадтақӣ Собириро ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот масъалаҳои густариши муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон дар заминаҳои гуногун баррасӣ шуда, оид ба мушорикати ҷонибҳо дар ҳошияи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ мубодилаи афкор сурат гирифт.
 
 
Вохӯрии сафири Тоҷикистон бо вазири корҳои хориҷии Туркия
Дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Туркия вохӯрии сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркия Ашрафҷон Гулов бо вазири корҳои хориҷии ин кишвар Мавлуд Чавушоғлу доир гардид.
Зимни мулоқот таҳким ва тақвияти ҳамкориҳо дар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳи муштарак баррасӣ гардиданд. Ҳамсуҳбатон дар атрофи масъалаҳои муҳими минтақавӣ ва байналмилалӣ табодули афкор намуданд.
 
 
«Фестивали тобистонаи Душанбе-2021» баргузор мегардад
25-26 сентябр дар «Наврӯзгоҳ» - и шаҳри Душанбе бахшида ба 30 - солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе «Фестивали тобистонаи Душанбе-2021 (Dushanbe summer Fest - 2021)» бо иштироки ситораҳои Шарқ ва сарояндаҳои машҳури Тоҷикистон баргузор мегардад.
Фестивал бо мақсади ҷалби сайёҳон ва муаррифии Душанбе ҳамчун шаҳри дорои имконоти сайёҳӣ, дар доираи эълон гардидани шаҳри Душанбе «Пойтахти сайёҳии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ – 2020 -2021» ва «Пойтахти фарҳангии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил – 2021» созмон меёбад.
Бо ташкили шоу-консерт, хӯрокҳо ва хӯришҳои лазиз, шириниҳо ва обҳои ташнагишикан, бозиҳои шавқовари варзишиву зеҳнӣ, озмуну викторинаҳо, бозиҳои сиркӣ ва театрӣ, парвоз дар кураҳои ҳавоӣ ва дигар чорабиниҳои сайёҳиву фароғатӣ хотири меҳмонон болида гардонда мешавад.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 1054
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед