logo

сиёсат

ВОХӮРИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО ҚОСИМ-ЖОМАРТ ТОКАЕВ

15 сентябр дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев, ки ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи Шурои амнияти дастҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ва ҷаласаи Шурои сарварони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай ба Тоҷикистон ташриф оварданд, вохӯрданд.
 
Дар мулоқот масоили рушду густариши робитаҳои шарикию стратегии ду кишвар ва мавзуи мушкилоти минтақавию ҷаҳонӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Президенти Ҷумҳурии Қазоқистонро ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, аз сатҳи рушдкунандаи муносибатҳои Тоҷикистону Қазоқистон дар ҳамаи ҷанбаҳо изҳори қаноатмандӣ намуданд.
Ҷонибҳо ба масъалаи рушду тавсеаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисодию тиҷоратӣ, саноат, кишоварзӣ, нақлиёту боркашонӣ, ҳарбӣ ва дигар бахшҳои судманд таваҷҷуҳ зоҳир карданд.
Ҷонибҳо барои таъсиси корхонаҳо ва марказҳои муштараки тақсимоти яклухт дар Тоҷикистон ва баргузории вохӯрии навбатии машваратӣ дар соли 2022 дар Тоҷикистон ба мувофиқа расиданд.
Зимни баррасии масоили амниятии минтақавӣ, вазъи сиёсию низомии Афғонистон, инчунин, ҳолати мураккаб ва дар вартаи фоҷеаи гуманитарӣ қарор доштани мардуми ин кишвар баррасӣ шуд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар мавқеи ягона ва устувори Тоҷикистонро нисбат ба ҳалли фарогири қазияи ин кишвар таъкид намуданд.
 

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 16.09.2021    №: 185    Мутолиа карданд: 712
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед