қарорҳои ҳукумат
ҚАРОРИ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 сентябри соли 2021, № 368, ш. Душанбе
Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 августи соли 2018, № 399
Мутобиқи моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Ба замимаи 1 Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 августи соли 2018, № 399 «Дар бораи меъёрҳои боҷҳои гумрукии воридотии Ҷумҳурии Тоҷикистон» тағйироти зерин ворид карда шаванд:
- дар сутуни сеюми гурӯҳи молии 22 рақамҳои «15, 0,12», «20, 0,12», «15», «10, 0,12», «20, 0,12», «10, 0,1», «0,45», «0,5», «18», «18», «80, 2», «2» ва «15» мувофиқан ба рақамҳои «20, 0,17», «25, 0,17», «20», «15, 0,17», «25, 0,17», «15, 0,6», «0, 50», «1», «23», «23», «85, 7», «7» ва «20» иваз карда шаванд:
- дар сутуни сеюми гурӯҳи молии 57 рақами «30» ба рақами «40» иваз карда шавад.
2. Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон асосноккунии таъсири пайомадҳои манфии воридоти обҳои ташнагишикан ва нӯшокиҳои спиртӣ ба истеҳсолкунандагони ватанӣ ва бехатарии озуқаворӣ, инчунин, таъсири пайомадҳои манфии воридоти қолинҳо ва дигар намудҳои рӯйпӯшҳои бофандагии рӯифаршӣ ба истеҳсолкунандагони ватаниро ҷиҳати ирсоли минбаъда ба котиботи Созмони Ҷаҳонии Савдо ва Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил пешниҳод намоянд.
3. Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқарраргардида котиботи Созмони Ҷаҳонии Савдо ва Кумитаи иҷроияи Иттиҳодияи Давлатҳои Мустақилро дар бораи қабули қарори мазкур огоҳ намоянд.
4. Қарори мазкур аз 1 сентябри соли 2021 мавриди амал қарор дода шавад.
Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 16.09.2021 №: 185 Мутолиа карданд: 4336