logo

иҷтимоиёт

РӮЗНОМАНИГОР. АВРОҚЕ ЧАНД АЗ ЗИНДАГИНОМАИ ҚУРБОНМУРОД АСОЕВ

Қурбонмурод Асоев дар деҳаи овозадори Тӯдаи Ҳисор, деҳе ки дар он ходими давлатӣ ва адиби шинохта Ҳабибулло Назаров тарбият ёфтааст, ба дунё омада бузург шудааст. Маълумоти миёнаро дар муассисаи таҳсилотии деҳааш гирифта, пас аз хатми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар рӯзномаи «Байрақи ленинизм» кори эҷодиро оғоз намуд. Тақдири минбаъдааш ба ҳамин рӯзнома сахт тавъам омад. Пас аз чанде хизмат намудан дар мақомоти давлатӣ дар соли 1992, соле ки барои кишвари мо хеле вазнин буд, сармуҳаррири рӯзномаи «Ҳисори Шодмон» - ро ба зимма гирифт.
Дар чил соли фаъолияти рӯзноманигорӣ ҳама гӯшаю канори ин диёрро қадам ба қадаму ваҷаб ба ваҷаб гаштааст. Аксари мардумро мешиносад, бо мушкилоти рӯзгор ва шароити кории онҳо аз наздик ошност. Васфи садҳо қаҳрамонону диловарони арсаи ҷангу меҳнатро намуда, масъалаҳои ҳалталаби ҷомеаро ба доираи баҳсу баррасӣ кашидааст. Шиносоӣ бо мардум, ошноӣ бо тарзи зисту зиндагонӣ, урфу одатҳо ва омӯзиши хислату табиати шахсони зиёд ҷаҳонбинӣ ва донишу дарки масъалаҳоро дар вуҷуди ӯ вусъат бахшид. 
Ӯ шаш даъват депутати Шурои депутатҳои халқии ноҳияи Ҳисор интихоб шуда, айни замон вакили Маҷлиси маҳаллии вакилони халқи шаҳри Ҳисор мебошад.
Кор дар кумитаи иҷроияи шаҳр, мудирии шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳо Қурбонмурод Асоевро бо ҳаёти ҷамъиятӣ боз ҳам наздиктар гардонд. Як зумра мутахассисони ҷавоне, ки бо пешниҳоди ӯ сари кор омаданд, дар ободии кишвар имрӯзҳо хизматҳои шоён карда истодаанд.
Вақте ӯ бори дигар ба рӯзномаи ноҳиявӣ чун сардабир ба кор омад, идора дар ҳоли табоҳ қарор дошт. Коғаз намерасиду маводи чоп. Дилсардии рӯзноманигорон меафзуд. Аммо Қурбонмурод Асоев навмед нашуд, дер-дер бошад ҳам, «Ҳисори Шодмон»-ро интишор медоданд. Аз ин ҷост, ки рӯзнома тадриҷан шуҳрати пештараашро дар байни мардум барқарор кард. 
Кори беҳтарини дунёро дар хомакашӣ дарёфт ва умри ширини худро ба ин касб бахшид. Гоҳо агар ба сифати вакили мардумӣ қаламро дар хидмати сиёсат гузошта бошад, гоҳо сиёсатро бо қаламу дафтар ошно кардааст.
Ин аст, ки Қурбонмурод Асоевро дар кишвар чун рӯзноманигори хуб ва дар водии Ҳисор чун ходими қавииродаи давлатӣ хуб мешиносанд.
Номбурда аз соли 1979 аъзои Иттифоқи журналистони Тоҷикистон буда, хизматҳояш дар ин ҷода бо унвони баланди Журналисти хизматнишондодаи Тоҷикистон қадр гардидааст. Ҳамчунин, нишонҳои аълочии маориф, фарҳанг ва матбуоти Тоҷикистонро дорад. 
 
М. ТАБАРӢ, «Ҷумҳурият»
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 16.09.2021    №: 185    Мутолиа карданд: 663
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед