logo

иҷтимоиёт

НОҲИЯИ ДЕВАШТИЧ. ИФТИТОҲИ СИНФХОНАИ ИЛОВАГӢ

 
Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба вусъати корҳои ободониву бунёдкорӣ ва дар ин замина бо нишондиҳандаҳои назаррас истиқбол гирифтани Ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон кулли сокинони ноҳияи Деваштич, аз ҷумла соҳибкорони маҳаллӣ ва шахсони саховатпеша ҷиҳати бунёди иншооти соҳаҳои маорифу тандурустӣ ва хизматрасонӣ камари ҳиммат баста, натиҷаи чашмрас нишон доданд.
Дар арафаи Ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ дар назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №13 ба номи профессор Исматулло Юлдошеви деҳаи Зарнисори ноҳия 5 синфхонаи иловагӣ барои 120  хонанда мавриди истифода қарор гирифт.
Дар ифтитоҳи синфхонаҳо намояндаи ваколатдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Деваштич - раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш Абдулло Раҳмонзода, намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва раиси ноҳия Ашуралӣ Ҷалилзода иштирок намуданд. 
- Дар солҳои соҳибистиқлолии кишвар бунёди иншооти таъйиноти иҷтимоӣ ва хизматрасонӣ дар ноҳия бо ҷалби соҳибкорони маҳаллӣ, шахсони саховатпеша ва тариқи ҳашар авҷи тоза касб намуда, ба беҳтар шудани сатҳи зиндагии мардум ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ мусоидат кард, - гуфт раиси ноҳия.
Маблағи умумии синфхонаҳои иловагӣ 786 ҳазор сомониро ташкил дода, ин амали нек аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ Туйчӣ Абдуллоев, Зуҳуриддин Ҷамолов, Ойбек Отаҷонов, Нуриддин Алимов ва шахсони саҳоватпеша рӯйи даст гирифта шуд.  Дар корҳои сохтмонӣ устоҳои махаллӣ фаъолият карданд.
Итминон дорем, ки синфхонаҳои иловагӣ ба беҳтар гардидани шароити таҳсил ва сатҳу сифати донишандӯзӣ мусоидат менамояд. 
Барои иштироки фаъолона ба соҳибкорон, омӯзгорони муассиса ва устоҳои маҳаллӣ сипосномаи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия тақдим карда шуд.
 
Маратҷон ҶАББОРОВ, 
ноҳияи Деваштич


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 16.09.2021    №: 185    Мутолиа карданд: 798
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед