logo

Хабарҳо

ҶИУ-ҶИТСУ

 
Дар Чемпионати Осиё Суруди миллии Тоҷикистон садо дод
Дар Чемпионати Осиё оид ба ҷиу-ҷитсу (Asian Jiu Jitsu Championship 2021), ки дар шаҳри Абу-Дабии Амороти Муттаҳидаи Араб идома дорад, варзишгарони Тоҷикистон ду медал (тилло ва биринҷӣ) ба даст оварданд. 
Ба иттилои Алиҷон Давлатов, сармураббии тими мунтахаби кишвар оид ба  ҷиу-ҷитсу, ки ҳоло дар Абу-Даби қарор дорад, медали тиллоро Маъруфҷон Назарзода дар вазни 94 кг соҳиб гардид. 
Нишони биринҷӣ насиби Малика Бобоева дар вазни 45 кг гашт. 
Паҳлавони дигари тоҷик Ҷумахон Ҷумахонов (62 кг) имрӯз барои нерусанҷӣ ба майдон мебарояд.
 
КМО ҶХД Корея 
барои ширкат накардан дар Бозиҳои олимпӣ муҷозот шуд
Шурои иҷроияи Кумитаи байналмилалии олимпӣ (КБО) оид ба мутаваққиф кардани фаъолияти Кумитаи миллии олимпии Ҷумҳурии Халқии Демократии Корея (ҶХДК) то охири соли 2022, бо сабаби иштирок накарданаш дар Бозиҳои олимпии Токио-2020, қарор қабул кард. Тибқи он, нисбат ба Кумитаи миллии олимпии ҶХДК як қатор таҳримот, аз ҷумла КМО ҶХДК дар давраи боздоштани фаъолият аз ягон ёрӣ ё барномаи КБО баҳра намебарад, ҷорӣ гардид.
Гуфта мешавад, ки КМО ҶХДК, талаботи қоидаи 27.3 Хартияи олимпиро риоя накардааст. Зеро дар он омадааст: «КМО ваколати истисноии намояндагӣ намудани кишвари худро дар Бозиҳои олимпӣ, чорабиниҳои маҷмуии варзишии минтақавӣ ва қитъавӣ, ки зери сарпарастии КБО гузаронда мешаванд, дорад. КМО ҷиҳати иштирок дар Бозиҳои олимпӣ тавассути сафарбарии варзишгарон уҳдадор аст».
 
Маҳмуд БАҲРОМ, 
шореҳи варзиш
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 1152
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед