logo

Хабарҳо

СОЗИШНОМАИ БМТ БО БОНКИ МАРКАЗИИ РОССИЯ

Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода ва муовини раиси Бонки марказии Федератсияи Россия Руслан Вестеровский Созишнома дар бораи ҳамкории мутақобилаи Бонки марказии Федератсияи Россия ва Бонки миллии Тоҷикистон дар масъалаи муқовимат ба ҳамлаҳои компютериро имзо намуданд.
Дар оғози маросими имзои Созишнома, ки тариқи фосилавӣ баргузор гардид, раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода аз ҳамкории пурсамари Бонки миллии Тоҷикистон ва Бонки марказии Федератсияи Россия сухан ронда, таъкид дошт, ки Федератсияи Россия яке аз шарикони аслии Тоҷикистон дар бахши тиҷорату савдо, бонкдорӣ ва сармоягузорӣ ба шумор меравад.
- Имзои Созишнома дар бораи ҳамкории мутақобилаи Бонки марказии Федератсияи Россия ва Бонки миллии Тоҷикистон дар масъалаи муқовимат ба ҳамлаҳои компютерӣ иқдоми саривақтӣ ва зарурӣ ҷиҳати ҳимояи низоми бонкии ҳар ду кишвар аз хатарҳои иттилоотӣ буда, барои ташкили ҳамкории самаранок дар ин самт заминаи мусоид фароҳам меорад - иброз дошт Ҳоким Холиқзода.
Руслан Вестеровский аз равобити мустаҳкам ва мутақобилан судманди Бонки марказии Федератсияи Россия ва Бонки миллии Тоҷикистон изҳори хушнудӣ намуда, гуфт, ки имрӯз бонкҳои мо дар аксар бахшҳо ҳамкории пурсамарро роҳандозӣ намудаанд ва ҳамгироии Низоми пардохтии “Корти миллӣ” ва НМКП “Мир”-ро намунаи барҷастаи ин ҳамкорӣ таъкид кард.
“Таҳия ва имзои Созишнома дар бораи ҳамкории мутақобилаи Бонки марказии Федератсияи Россия ва Бонки миллии Тоҷикистон дар масъалаи муқовимат ба ҳамлаҳои компютерӣ ба манфиати низоми бонкии мо мебошад”, - зикр намуд Руслан Вестеровский.
Тақвияти амнияти иттилоотӣ, таҳияи стратегия оид ба мушаххассозии омилҳои ҳамлаҳои компютерӣ, муқовимат ба ҳамлаҳои компютерӣ ва бартараф намудани оқибатҳои он ба низоми бонкӣ аз муҳимтарин вазифаҳои бонкҳои марказии муосир ба ҳисоб мераванд, ки Созишнома дар бораи ҳамкории мутақобилаи Бонки марказии Федератсияи Россия ва Бонки миллии Тоҷикистон дар масъалаи муқовимат ба ҳамлаҳои компютерӣ фаро гирифтааст.
Ҷонибҳо изҳори бовар намуданд, ки имзои Созишнома дар бораи ҳамкории мутақобилаи Бонки марказии Федератсияи Россия ва Бонки миллии Тоҷикистон дар масъалаи муқовимат ба ҳамлаҳои компютерӣ дар оянда ҷиҳати табдили маълумот ва табодули таҷриба дар самти пешгирӣ ва муқовимат ба ҳамлаҳои компютерӣ байни ду кишвар шароити мусоид фароҳам хоҳад овард. 
 
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА, 
“Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 1032
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед