фарҳанг
«ШОМИ ДӮСТӢ» БА ИФТИХОРИ САРВАРОНИ ДАВЛАТҲО
Шоми 16 сентябр дар бӯстонсарои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори сарварони давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ва Созмони ҳамкории Шанхай, инчунин, меҳмонони фахрии ин чорабиниҳо, ки барои иштирок дар ҷаласаи Шурои амнияти дастаҷамъии СААД ва ҷаласаи Шурои сарварони давлатҳои аъзои СҲШ дар Тоҷикистон қарор доранд, зиёфати ғайрирасмӣ оростанд, ки бо фазои гарму самимӣ ба маҳфили «Шоми дӯстӣ» табдил ёфт.
Барои баргузории «Шоми дӯстӣ» яке аз мавзеъҳои хушбоду ҳавои бӯстонсаро интихоб гардид. Ин чорабинӣ ба Ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 20-солагии таъсиси Созмони ҳамкории Шанхай ва соли раёсати Тоҷикистон дар СААД рост омад.
Мавриди зикри хос аст, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон яке аз аввалин бунёдгузор ва ташаббускори асосии таъсиси Созмони ҳамкории Шанхай мебошанд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамроҳи меҳмонони олимақоми кишвар – Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко, Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев, Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев, Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров, Сарвазири Ҷумҳурии Арманистон Никол Пашинян, Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Имрон Хон ва дигар меҳмонон дар бӯстонсарои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сайругашти шомгоҳӣ баромаданд.
Сайругашти меҳмонон дар фазои басо гарму самимӣ ва дӯстию бародарӣ ҷараён гирифт. Онҳо аз табиати сабзу ҳавои тозаи Тоҷикистони офтобӣ ҳаловат бурда, аз намоишгоҳи неъматҳои табиати диёри биҳиштосои мо боздид карданд.
Намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ ва таомҳои миллии Тоҷикистон дар мавзеи зебою назаррабои бӯстонсарои ҳукуматӣ ташкил шуда, дар роҳравҳои алоҳидаи он ҳар намуди маҳсулоти кишоварзӣ бо шаклу услуби хос ва ороиши гуногун гузошта шуда буд.
Дар намоишгоҳ даҳҳо намуди меваҳои тару тозаи Тоҷикистон, навъҳои гуногуни полизиҳо, меваҳои аз лиҳозу таъму сифат беҳамто, ба мисли ангуру меваҳои донакдор, хушкмеваҳои босифат, аз қабили мағзу бодом, мавизу писта ва меваҳои ситрусӣ ба маъраз гузошта шуда буданд ва меҳмонони олиқадр ба ҳар як маҳсулот ва намудҳои гуногуни таомҳои миллии мо таваҷҷуҳи зиёд зоҳир намуда, таъмашонро озмуданд ва ба сифату лаззати ҳар як маҳсулот баҳои баланд доданд.
Тавре аснои шиносоӣ таъкид шуд, маҳсулоти боғу токпарварони Тоҷикистон ва хушкмеваҳо, ки намудҳои гуногуни онҳо ба намоиш гузошта шуд, аксаран маҳсулоти содиротӣ ба ҳисоб рафта, кишвари мо омода аст бо давлатҳои ҳавасманди аъзои СААД, СҲШ ва дигар кишварҳо ҷиҳати таъмини маҳсулоти хушсифати кишоварзӣ ҳамкорӣ намояд.
Воқеан, Тоҷикистон кишвари офтобрӯяву дорои неъматҳои бебаҳои табиӣ буда, маҳсулоти аз лиҳози экологӣ тозаю хушсифат дорад ва дар ҷаҳон бо меваю сабзавоти аълосифат, хушкмеваҳо ва таомҳои лазизи миллӣ шуҳрати беандоза дорад.
Меҳмоннавозии анъанавии тоҷикон аз қадим хусусиятҳои хоси дӯстонаю самимияти баланд дошта, Тоҷикистон дар олам, ҳамчунин, бо таомҳои хушлаззати миллӣ маъруф аст.
Тавассути баргузории чорабиниҳои гуногун барои шинос кардан бо меҳмоннавозии тоҷикона, таъриху фарҳанг, маданияти бойи миллати тамаддунофар, муаррифии имкониятҳои фарохи сайёҳӣ, ҳунарҳои қадимаи мардумӣ ва ҷалби шумораи зиёди сайёҳони хориҷӣ тадбирҳои судманд андешида мешаванд.
Дар бӯстонсаро сарварони давлатҳо, ҳамчунин, ба дарахтони мевадиҳанда ва сояафкану ороишии боғчаи ҳудуди қароргоҳ, ки аксараш аз ҷониби Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз хориҷи мамлакат ворид ва шинонда шудаанд, таваҷҷуҳи хос зоҳир намуданд.
Таъкид кардан бамаврид аст, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ифтихори давлату миллати мо мебошанд, одатҳои олии меҳмоннавозии тоҷикона доранд ва ба расму оинҳои меҳмоннавозии мардумамон беандоза арҷ мегузоранд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо анъанаҳои олии меҳмоннавозии тоҷикона маҳбубияти хоса дошта, ҳар як меҳмони Тоҷикистонро самимона пазироӣ менамоянд.
Сарварони давлатҳо ва дигар меҳмонони фахрӣ аз меҳмоннавозии гарми анъанавии тоҷикӣ, ки аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зоҳир шуд, қаноатманд гардиданд ва бори дигар ба имконоту захираҳои фаровони кишвари мо дар самти истеҳсоли меваю сабзавоти хушсифат ва хушкмеваҳо, инчунин, намудҳои гуногуни таомҳои хушлаззат аз наздик шинос шуданд.
Меҳмонони олиқадр бо эҳсоси баланд ба табиати зебои Тоҷикистон ва таомҳои миллию меҳмондории тоҷикӣ шефта будани худро иброз доштанд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 17.09.2021 №: 186 Мутолиа карданд: 1841