logo

иҷтимоиёт

СӢ СОЛИ ПИРӮЗИҲО

Истиқлол – ин вожаи нурафшон мафҳумест, ки ба мо, ба миллати мо эҳёи тоза бахшидааст, вожа ва мафҳуме, ки моро аз нав сохтааст, подоши асрҳо барои халқи некманиш ва хайрхоҳу инсонпарвари мо будааст.
 
Имсол Истиқлолияти давлатии Тоҷикистони азизи мо 30 - сола мешавад. 30 сол дар пеши таърих шояд муддати тулоние нест, аммо барои миллати тоҷик ин 30 сол дар баробари асрҳо баҳо дорад, зеро қариб ҳар рӯзу ҳар соати ин 30 сол як пирӯзӣ, як комёбӣ, як дастоварди дурахшони даврони навини халқу кишвари моро таҷассум  сохтааст; зеро дар ин муддати кӯтоҳи таърихӣ халқи тоҷик тавонистааст аз ҳар рӯзу  ҳар соати он бо дарки баланди масъулияти ватандорӣ, бо майлу муҳаббати зиёди худшиносии миллӣ ва ҳадафҳои баланди  инсонӣ он қадар пурсамар истифода барад, ки ҷуброни асрҳоро барорад. Яъне, имрӯз бо сари баланду ифтихори миллӣ, бо Парчами парафшону Нишони давлатӣ, бо забони шевои давлатӣ, бо хуҷастагиҳои зиёди хоси миллӣ дар арсаҳои байналмилалӣ эътироф гардад. Ин кори осоне набуд, аммо заминаҳои қавии милливу сиёсиву таърихӣ, илмиву  адабиву фарҳангӣ, армони ҳазорсолаи халқи соҳибтамаддун, сабру таҳаммул ва шикастнопазирие, ки миллати мо ҳамеша дар ниҳоди неки инсонии худ доштааст, ба ӯ имкони ин буруз, ин комёбии таърихиро додаанд.  Бидуни шубҳа, нақши бузурги халқи заҳматдӯст, фарзандони фарзонаи миллат ва хусусан, Пешвои муаззами онро дар ин падидаи таърихӣ наметавон нодида гирифт.
Дастовардҳои хуҷаста ва бесобиқаву таърихии халқи тоҷик дар ин 30 соли соҳибистиқлолӣ моро ба ояндаи неку файзбор ва пурсамари Ватани азизамон умедвор месозанд. Имрӯз вожаи Тоҷикистон ҳамрадифи тинҷиву амонӣ, башардӯстиву хайрхоҳӣ, созандагиву пояндагӣ ва хушбахтӣ садо медиҳад. Мардуми олам ба Тоҷикистони шукуфони мо, ба халқи хайрхоҳу некманиши он, ба суннатҳои баланди инсонпарваронаву башардӯстонаи  мардумаш  бо чашми меҳру муҳаббат менигаранд ва ин худ яке аз дастовардҳои хуҷастаи сиёсати давлатдории мост. 
Аз ин рӯ, зиндаву поянда бод Истиқлолияти давлатии Тоҷикистони азиз ва халқи куҳанбунёду соҳибтамаддуни он! Мубораку хуҷаста бод 30 соли пур аз пирӯзиҳову дастовардҳои бузурги халқи некбунёду заҳматдӯсту ватанпарвари тоҷик! Ва чунон ки Пешвои муаззами мо фармудаанд: “Тоҷикистон, ба  пеш!” 
 
Камол НАСРУЛЛО, 
Шоири халқии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 17.09.2021    №: 186    Мутолиа карданд: 700
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед