logo

иҷтимоиёт

НАВГАРЗАН. ИНФРАСОХТОРИ ШАҲРАКИ САНОАТӢ ХАРОБ МЕШАВАД. ЧАРО?

 
Чанде пеш озими шаҳраки Навгарзан – як гӯшаи биҳиштосои диёр шудем. Он дар масофаи 200 километр дур аз  шаҳри Хуҷанд дар ҳудуди ноҳияи Ашт қарор дошта, 280 гектар масоҳат дорад. Аз қадим ин мавзеи зебову дилрабо дар ҳамаи фасли сол, хосатан баҳорон, бо манзараҳои рангорангу афсонавӣ, ҷангалзори дорои даҳҳо намуди дарахтони арчаву бед, сафедор, дӯлона, боғоти зардолу, себу олуча, талу теппаҳои сарсабз ҳар бинандаро мафтуни худ карда, ҳарфҳои Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: “Тоҷикистон воқеан ҳам биҳишти рӯйи замин аст”-ро  ба ёд меорад.
Тақрибан шаст сол қабл дар ин мавзеи хушобу ҳаво, мутахассисони шуравӣ бо корҳои иктишофии геологӣ ба дарёфти кони бузурги санги қиматбаҳои флюорит бо захираи бузург  муваффақ мешаванд. Бо дарназардошти аҳамияти иқтисодии ин маъдан, таври фавран сохтмони он бо инфрасохтори зарурӣ барои 50 ҳазор аҳолӣ шуруъ гардид.  
Дар муддати кӯтоҳ шаҳраки замонавӣ бо манзили зисту нуқтаҳои савдо ва хизматрасонӣ, мактабу кӯдакистонҳо, боғу қасри фарҳанг бунёд гашт. Кони нав дар тавозуни шаҳри Бӯстон (собиқ Чкалов) буду таъминоти моддии он мустақиман аз шаҳри Москва сурат мегирифт. Навгарзан охири соли 1984 ба тобеияти шаҳри Гулистон гузашт. 
Мутаассифона, нимаи дуюми солҳои 80-ум истихроҷи маъдан дар кони мазкур коҳиш ёфт. Дар манотиқи дигари Иттиҳоди Шуравӣ конҳои истихроҷашон арзон дарёфт шуда, Навгарзан аз таваҷҷуҳ дур монд ва ниҳоят кор дар кони флюорит қатъ шуда,  мутахассисон  ба кони Қазоқистон кӯч бастанд. Пас, аз  бозистии фаъолияти кону коркарди маҳсулот табиист, ки мардуми шаҳрак ба мушкилиҳои иҷтимоӣ рӯ ба рӯ шуданд ва дар ниҳояти кор бе сарчашмаи зиндагӣ монданд. Инак, беш аз 30 сол мешавад, ки Навгарзан ба як харобазори ҳақиқӣ табдил ёфтааст. Мутобиқи маълумоти оморӣ, айни замон аҳолии он зиёда аз 500 нафарро ташкил медиҳад.  Иншооти фаъол имрӯз дар шаҳрак фақат мактабу  бинои ҷамоат аст. Фасли зимистон шаҳракро қариб аксари бошандагонаш тарк гуфта, ба деҳоти Пунук мераванд ва баъди омадани фасли баҳору тобистон ин ҷо зиндагӣ маҷрои худро меёбад. Дар Навгарзан  танҳо мардуми деҳоти Пунуки ноҳияи Ашт ба сар мебарад. Сарчашмаи пешбурди зиндагӣ дар ин ҷо танҳо боғдорию чорводорист. Сокинонаш барои гирифтани як маълумотномаи одӣ роҳи дурударозро тай карда,  ба шаҳри Гулистон меоянд. Шаҳраки саноатӣ аз бепарвоии  масъулон ҳоли табоҳ дорад. Аз иншооти як замон аз лиҳози тарҳи меъморӣ ҷолибтарин: қасри фарҳангу нуқтаҳои савдо, боғи фароғатӣ  ба истиснои мактаби миёна танҳо нишони харобиҳо боқӣ монда, бинои маъмурии ҷамоати шаҳрак дар ҳолати садамавӣ қарор дорад. Агар бо назардошти аҳамияти иқтисодии Навгарзан ҷиҳати дурнамои он барномае дар сатҳи вилоят тарҳрезӣ мегашт, шояд шаҳрак ба чунин ҳолат намеафтод.
Оё имрӯзҳо имкони эҳёи корҳои истихроҷӣ аз канданиҳои фоиданок ин ҷо имконпазир нест? 
- Мо умед дорем, ки бо рушди иқтисодии шаҳри Гулистон  Навгарзан низ бо назардошти манзараҳои дилфиребу обҳои мусаффо,  меваҳои шаккаринаш ва захираҳои бузурги маъдан оянда обод хоҳад шуду ба як минтақаи сайёҳию саноатӣ  табдил меёбад, - иброз медорад Ӯткурбой Раҳимов, раиси ҷамоати шаҳрак. 
Анвар Атаев, собиқадори меҳнати соҳаи геологӣ, бар он андеша аст, ки эҳёи корҳои истихроҷиву коркард дар конҳои  маъдандори Навгарзан имконнопазир аст.
Пас, кай ҷойи харобазорро ободиҳо мегиранд? 
 
Ҷовиди АШТӢ, 
“Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 17.09.2021    №: 186    Мутолиа карданд: 690
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед