logo

иҷтимоиёт

ДАСТОВАРДҲОИ ИСТИҚЛОЛ. АЗ АФСОНА ТО ҲАҚИҚАТ

Тармиму таҷдиди шоҳроҳи Душанбе – Чанак барои мардуми кишвар афсонаеро мемонд, ки ҳеҷ гоҳ ба ҳақиқат табдил намеёбад. Ба ҷуз он ки маблағи  калону коргарони зиёдро хостор буд, ҳамасола  шаш моҳ бар асари борону барфу тарма он баста мешуд. Яъне, имкони бунёдро низ аз миён мебурд. Аммо ин шоҳроҳ дар кӯтоҳтарин муҳлат барои таърих новобаста аз ҳама мушкилиҳои мавҷуда тармиму таҷдид шуд ва он ҳам на як тармиму таҷдиди одӣ, балки ҷавобгӯйи талаботи байналмилалӣ ва низ бунёди иншооти нав, аз қабили пулу нақбу долонҳои зидди тармавӣ. Албатта, дар он саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бениҳоят бузург аст. Туфайли сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат ин орзуи  садсолаи мардум ҷомаи амал пӯшид.
Маблағи сохтмону таҷдиди шоҳроҳ бо тамоми иншооташ 295,9 миллион долларро ташкил дод. Дар доираи ин лоиҳа сохтмону таҷдиди шоҳроҳи Душанбе- Чанак, сохтмони нақби «Шаҳристон», долонҳои зиддитармавӣ ва дигар иншооти ёрирасон бояд ба анҷом мерасид. Он, бешак, ба рушду нумӯи иҷтимоӣ ва иқтисодии қисматҳои ҷанубу шимоли кишвар мусоидат мекард.
11 июли соли 2006 Сарвари давлат зимни маросими оғози корҳои лоиҳа аз ҷумла изҳор доштанд: «Шоҳроҳи мазкур дар қатори роҳҳои бузурги Осиёи Марказӣ аҳамияти муҳим пайдо карда, тамоми пойтахтҳои кишварҳои ҳамсоя, марказҳои калони саноатӣ, тиҷоративу туризми байналмилалӣ, бандарҳои баҳрии қаламрави Осиёву Аврупоро бо ҳам пайваст менамояд ва барои ҳамлу нақли бевоситаи байналхалқӣ имконият медиҳад». Замон ҳақиқати ин гуфтаҳоро тасдиқ намуд. Бештару беҳтар дарёфтанд, ки Сарвари давлати мо дар баробари дигар сифатҳои неки илҳомшуда барои роҳбарӣ, ҳамчунин, вақтшиносанду ояндабин. Барои собиту равшан намудани ҳақиқати ин навиштаҳо аз суханони Ли Ган, роҳбари намояндагии Ширкати чинӣ оид ба сохтмони роҳҳо ва пулҳо дар он замон, яъне соли 2011, иқтибос менамоям: «Ба нақша даровардани сохтмону таҷдиди шоҳроҳ дар он даврон аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иҷрои он саривақтӣ буд. Ин гувоҳ аз он медиҳад, ки сиёсати бунёдкорона ва созандагии кишвар дуруст ба роҳ монда шудааст. Агар бунёди шоҳроҳи байналмилалии Душанбе – Чанак имрӯз (яъне, соли 2011 – Қ. С.) сурат мегирифт, ҳароина вобаста ба болоравии нархи маҳсулот ва иҷрои корҳои сохтмонӣ дар дунё арзиши он се баробар қиматтар меафтад.
Ба ҷуз ин, агар бунёди шоҳроҳ соли 2006 оғоз намеёфт, то ба имрӯз роҳ ва пулҳо тамоман хароб мегардиданд ва дар ин сурат пеш бурдани корҳои сохтмонӣ басо мушкил мегардид.
Бори дигар замон собит сохт, ки мақсад ва ташаббусу ғамхории Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, хеле хуб ва ба маврид буд ва албатта, ин ҳама шоистаи сипосгузорӣ ва қадрдонӣ аст».
 
Қодир САИДОВ,
собиқ директори Маркази лоиҳаи таҷдиди роҳи 
автомобилгарди Душанбе – Чанак
 

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 17.09.2021    №: 186    Мутолиа карданд: 709
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед