фарҳанг
ШОМИ ШАНБЕ
ИНТЕЛЛЕКТ +
Рубрикаи «Интеллект +» охири ҳар моҳ ҷамъбаст гардида, иштирокчие, ки ба чор муаммо ҷавобҳои дуруст пешниҳод мекунад, бо мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 500 сомонӣ сарфароз мешавад. Инчунин, нафаронеро, ки саволу муаммо, мисолу масъала ва филворду кроссвордҳои ҷолиб пешкаш менамоянд, мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 300 сомонӣ интизор аст.
БА МУНОСИБАТИ 20-СОЛАГИИ ТАЪСИСЁБИИ СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ШАНХАЙ
1. Баъд аз пазируфта шудани кадом давлат «Панҷгонаи шанхай» ба Созмони ҳамкории Шанхай табдил ёфт? 2. Яке аз давлатҳои нозир дар СҲШ? 3. Бештар дар СҲШ кадом масъала мавриди таҳлилу баррасӣ қарор мегирад? 4. Қароргоҳи мақомоти Котиботи СҲШ дар кадом шаҳр ҷойгир аст? 5. Яке аз давлатҳое, ки соли 2017 ба СҲШ ҳамроҳ гардид? 6.Чорумин дабири кулли СҲШ … Олимов. 7. Эъломия дар бораи таъсис додани СҲШ кадом сол ба имзо расид? 8. Покистон кадом сол ба СҲШ ҳамроҳ шуд? 9. Соли оғози кори Котибот дар СҲШ кай аст?. 10. Кадоме аз донишгоҳҳои Тоҷикистон ба донишгоҳҳои шабакавии СҲШ шомил аст? 11. 13.09.2013 ҷаласаи сарони Шурои давлатҳои СҲШ дар кадом шаҳр баргузор шуда буд? 12. Соли 2009 ба давлатҳои шарики муҳосибавии СҲШ кадом давлат ҳамроҳ гардид? 13. Ном ва насаби дабири кулли СҲШ. 14. Кадоме аз маҷмааҳои Тоҷикистон ба феҳристи «8 муъҷизаи СҲШ» шомил аст? 15. Солҳои 2006 – 2010 ва 2018 раёсати Шурои сарварони ҳукуматҳои давлатҳои аъзои СҲШ ба зиммаи кадом кишвар вогузор шуда буд? 16. Соли таъсисёбии СҲШ. 17. «Панҷгонаи Шанхай» дар бораи ихтисори муштараки Қувваҳои Мусаллаҳ дар минтақаи сарҳад кадом сол ташкил гардида буд? 18. Эмомалӣ Раҳмон кадом сол пешниҳод намуд, ки дар доираи СҲШ созмони алоҳидае барои мубориза алайҳи маводи мухаддир таъсис дода шавад? 19. Мақомоти доимоамалкунандаи СҲШ. 20. Раёсати Шурои сарварони давлатҳоро аз соли 2008 то 2014 кадом давлат ба уҳда дошт? 21.Забонҳои расми ва кории СҲШ кадомҳоянд? 22.Ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳо (сарвазирон)-и давлатҳои аъзои СҲШ кадом сол дар шаҳри Душанбе доир гардид? 23. Шурои ҳамоҳангсозии миллӣ дар як сол чанд маротиба доир мегардад? 24. 15.06.2001 вохӯрии сарони давлатҳо дар куҷо баргузор гардида буд? 25.Мулоқоти сарони кишварҳои узви «Панҷгонаи Шанхай» дар Душанбе кадом сол баргузор шуд? 26. Намояндаи Тоҷикистон Рашид Олимов ба мақоми дабири кулли СҲШ кадом сол таъин гардид? 27. Муҳлати фаъолияти Котиб дар СҲШ се сол буда, ҳуқуқи дубора интихоб шуданро дорад ё не? 28. Мулоқоти сарони кишварҳои «Панҷгонаи Шанхай» бори сеюм кадом сол баргузор шуда буд?
Таҳияи Комрон ШАРИФОВ,
сокини ноҳияи Данғара
Масъули рубрика Зулола БОБОРАҶАБОВА
Вайбер:
93-547-00-05, bzm_701@mail.ru
Бо мо ҳамкорӣ намоед!
Телефон: 238-53-40
ЛОВЛИНА БОРГОХАИН
ҚИССАИ РОҲСОЗИИ ЯК МУШТЗАНИ ПАТРИОТ
Боксёри 23-сола Ловлина Боргохаин дар Бозиҳои олимпии Токио – 2020 миёни бонувон сазовори нишони биринҷӣ гардид ва дар таърихи варзиши Ҳиндустон саҳифаи навро рақам зад. Ӯ сеюмин нафаре шуд, ки дар Бозиҳои олимпӣ аз намуди бокс ба хазинаи варзишии кишвараш медал ворид намуд.
Баъд аз ин муваффақият Ловлина аз ҳукумати кишвараш дархости воқеан олӣ кард: бар ивази ин хидматаш роҳи деҳаашонро таъмир ва мумфарш намоянд.
Зодгоҳи муштзан деҳаи Баромухияи ноҳияи Ассам мебошад. Ҳукуматдорон иқдоми варзишгарро хуш пазируфта, то омаданаш роҳи деҳаро, ки 3,5 километр буд, мумфарш карданд.
Маҳмуд МИРЗОЁН
«ЗЕБОТАРИН ВА ХАТАРНОКТАРИН МОРҲОИ САЙЁРА»
6. ЭФАИ ХОКӢ
(Песчаная эфа)
Эфаи хокӣ бо он ки зебоии камназир дорад, аз заҳрноктарин морҳои собиқ СССР ба ҳисоб меравад. Чун дигар ҳамҷинсонаш гармиро дӯст медорад, барои ҳамин ҳам дар ҳудуди имрӯзаи Россия пайдо кардани он ғайриимкон мебошад. Эфаи хокӣ дар саҳроҳои Ӯзбекистон ба сар бурда, неши қотил дорад. Бо вуҷуди он ки ҳаҷми заҳраш зиёд нест, дар як вақт то 6 нафарро газида, кушта метавонад.
Таҳияи Шоҳид НАЗЗОРӢ
НИМШӮХИВУ НИМҶИДДӢ
АСПИ СЕПО
Баъди ҷанг Авраам Сергеевич Норов, ки аз фронт бо як пой баргашта буд, вазири маданияти мардумии Россияи подшоҳӣ таъин мегардад. Чун роҳбари нав аз соҳа хеле дур буду дониши казоӣ ҳам надошт, забонкӯтоҳ нашавам гуфта, рафиқи мисли худаш бемаълумот княз П. А. Ширинский-Шихматовро ҷойнишин мегирад. Ходими давлатию сиёсӣ А. С. Меншиков аз ин иқдом хабар ёфта, нимшӯхиву нимҷиддӣ чунин мегӯяд:
-Корҳои маданӣ - равшаннамоӣ дар мо ҳамеша чун аспи лоғар мелангиданд, вале ҳама вақт ин ҷонвар чор пойи бутун дошт. Имрӯз ман ҳайронам, ки ин аспи сепо бори соҳаро то куҷо кашида метавонад?!
Аз русӣ тарҷумаи Ҳалима ҚУРБОНАЛӢ
ЯК КАШФИЁТИ НОДИРИ ОЛИМОНИ РУС
Олимони Россия аз ширкати илмӣ – истеҳсолии «Инитиум – Фарм» ва Институти биологияи молекулярии ба номи Энгелгарди АИР аввалин шуда дар дунё самғи (сиреши) сарви сибириро ба организми инсон ворид намуда, қудрати фоидаоварии онро барои дарозумрӣ бо роҳи тоза кардани «ҳуҷайраҳои партов» исбот намуданд.
Аутофагия – механизми маъмулии аз организм поксозии ҳуҷайраҳои зинда, ки дорои партовҳост, мебошад. Бо ёрии он қисматҳои нолозими ҳуҷайраҳо ба монанди молекулаҳои латмахӯрдаи сафедаҳо ва органелҳо, ҳамчунин, вирусҳо ба маводҳои ғизоӣ мубаддал мегарданд.
Ҳамин тавр, ба шарофати раванди аутофагӣ организм пок гашта, ҷавон мешавад.
Қаблан дар ин бахши кор олимон – биологҳои Белгия ва Ҷопон Кристиан де Дюв ва Есинори Осуми ба гирифтани ҷоизаи Нобел мушарраф гаштаанд.
Таҳияи Раҷабалӣ ИСМАТУЛЛОЕВ
8 МУЪҶИЗАИ СОЗМОНИ ШАНХАЙ
7. «КОХИ НАВРӮЗ»
Қасри муҳташаму беназири «Кохи Наврӯз» ифтихори ҳар тоҷику тоҷикистонӣ ба шумор меравад. Он соли 2015 бо риояи анъанаҳои беҳтарини меъмории миллӣ бунёд гардида, аз панҷ қабат иборат буда, 40 ҳазор метри мураббаъ масоҳат дорад. Толорҳои «Дидор», «Аржанг», «Гулистон», «Зарандуд» бо нақшу нигори махсус хеле зебо оро дода шуда, 30 намуд санг ва ҳама намуди санъатҳои бадеии ороишӣ истифода гардидааст.
Таҳияи Лола РИЗОӢ
Асрори калимаҳо
КИХ
Ин калима дар миёни мардум пештар маъмул буд. Алҳол низ онро дар мавриди зарурӣ ба кор мебаранд. Мутаассифона, ба як маъно, ба маънои чирк. Муроҷиат дар ин аксаран ба кӯдакон аст, ки чунин садо медиҳанд: - «Бияндоз, парто, ба даҳон наандоз, нахӯр, ки ких (киха) аст». Он дар зеҳни кӯдак менишинад ва бо шунидани ин калима чизи чирк ё музирро ба даҳон намеандозад ва ё зуд аз даҳон мебарорад. Ин калима он гуна дар зеҳни кӯдак менишасту таъсир дошт, ки ҳатто бар сари барраҳо, ки алаф мечариданд, мезаданд ва мегуфтанд: «Туф кун, туф, ких аст, кихро нахӯр». Яъне, кӯдакон худашон низ чизеро аз замин ё рӯйи хок барнамедоштанду ба даҳон намеандохтанд. Мепиндоштанд, ки ин ифода ба дигар ҳайвонҳо, хосса гӯсолаву бузғолаву барра низ, тааллуқ дорад.
Ҳанӯз номаълум аст, ки бо кадом далел калимаро шевагӣ пиндошта, ба луғатҳову фарҳангҳо роҳ надоданд. Албатта, бо ин гуна фаҳмиши нодуруст мо бурд накардаем, бохтаем, аз як калимаи тоҷикӣ канора ҷустаем.
Ба бахти мо, яъне миллати тоҷик, ҳафт аср пеш Муҳаммад ибни Ҳиндушоҳи Нахҷувонӣ онро дар луғати бисёр машҳури худ «Сиҳоҳу-л-фурс» ҷой додааст ва он ҳам ба ҳар ду маъно роиҷ дар асри худу мулки тоҷикнишин. Ба ин васила маълумамон мегардад, ки ин калима умри зиёд дорад, яъне ҳафт аср боз мавриди истифода қарор гирифтааст. Дар луғати мазкур, аз ҷумла омадааст: - «Ких бо касри «коф» сурате зишт бошад, ки тифлонро бад-он тарсонанд. Маъруфӣ гуфт, байт:
Оям чун ких ба гӯшае биншинам,
Хунат бихӯрам, агар туро бад бинам.
Ва дар вилояти Озарбойҷон чун хоҳанд, ки атфолро аз хӯрдани таоме, ки эшонро музир аст, манъ кунанд, гӯянд: - «Ких аст».
Маънои дуюми онро чунин шарҳ медиҳад: «Ких (яъне, бо иловаи «йо» пас аз «коф» - А.Р.) чирк бошад».
Бешак, зарур аст, ки муносибат ва фаҳмишамонро нисбат ба чунин калима бояд тағйир бидиҳем ва ба луғату фарҳангҳо воридашон бисозем. Калимаи «ких» аз ҷумлаи ин гуна калимаҳост.
Абдулқодири РАҲИМ
ХУШБАХТӢ
ТАҶРИБАИ ДАНИЯГИҲО ОМӮХТАНИСТ
40 сол аст, ки Дания ба рӯйхати кишварҳои шаҳрвандонаш хушбахт дохил мешавад. Сирри хушбахтии оилаҳо дар он аст, ки онҳо бо ҳам хеле эҳтиёткорона муносибат мекунанд. Ҳатто, вақти аз кор баргаштан, 10 дақиқа беруни дар мемонанд, то асабонияташон аз байн равад ва бо чеҳраи кушод вориди хона мешаванд. Одат шудааст, ки ҳамарӯза, ақаллан, ним соат бо ҳам нишинанду суруд хонанд. Зеро чунин мешуморанд, ки маҳз ин роҳи тарбияи кӯдаки хушбахт аст.
Таҳияи Меҳрангез ҚОДИРОВА
ДОНИШИ КОМИЛ – СИЛОҲИ БЕМИННАТ
Аввалин марди сиёҳпӯсте, ки соли 1948 ба Донишгоҳи Оклахома номнавис шуд, Ҷорҷ Мак Лорин (1887 – 1968) буд. Ӯ вақти донишомӯзӣ дар гӯшае дур аз сафедпӯстон менишаст.
- Баъзе аз ҳамсабақонам ба ман мисле, ки ба ҳайвон нигоҳ мекунанд, менигаристанд. Мехостам ба онҳо сухан гӯям, аммо касе бо ман ҳарф намезад, ба саволҳоям аҳамият ҳам намедоданд. Худамро тасалло додам, ки баъдтар инҳо маро меҷӯянд ва зори посухҳоям мешаванд ва оқибат ҳамин хел ҳам шуд, - нигоштааст профессор Ҷорҷ Мак Лорин.
Таҳияи Мафтуна БАХТИБЕКОВА
ҶАЗО ДАР ОЗОДӢ
ИН ТАВР ҲАМ МЕШАВАД?
Соли 1999 Корнелиус Андерсони 22-соларо суди шаҳри Сент-Луиси ИМА бо ҷурми дуздӣ 13 сол аз озодӣ маҳрум намуд. Адвокати вай аз ҳукми суд розӣ нашуда, ба суди кассатсионӣ шикоят бурд ва Андерсонро муваққатан ҷавоб дода, гуфтанд, ки хабари судро интизор шавад.
Аҷоиби кор дар ин ки шикояти кассатсионӣ миёни коғазҳои дигар монда, фаромӯш гашт. Корнелиус Андерсон интизори ҳукмаш буд. Чун таъиноти суд тул кашид, ба кор даромад ва оила барпо намуда, соҳиби фарзанд шуд. Аз миён 13 сол гузашт, «маҳбус» хотирҷамъ шуд, ки ӯро дигар намеҷӯянд. Вале ҳамон рӯзе, ки бояд тибқи ҳукми аввала аз зиндон озод мешуд, иҷрочии суд ба суроғаш омад.
Аҷиб аст, вале чун диданд, ки Андерсон дар ин муддат ягон қонунситезӣ накарда, байни ҳамсояҳо рафтори намунавӣ дошт, судя Терри Линн муҳлати ҷазои ӯро иҷрошуда ҳисобид.
Таҳияи Барноз РАҲМОНШОЕВА
БАРАКАТИ УМРИ ЯК НАВРАСИ ҒӮРАМАРГ
Эдмунд Томас Клинти ҳиндустонӣ аз пурасрортарин кӯдак дар таърих шинохта шудааст. Ӯ 19 майи соли 1976 ба дунё омада, дар синни ҳафтсолагӣ аз бемории гурда вафот кардааст. Аҷибаш ин аст, ки Томаси хурдсол тавонист дар як муддати кӯтоҳ номи худро абадзинда гардонад. Писарак хеле барвақт ба расмкашӣ оғоз кард, ӯ аллакай дар синни 5-солагӣ дар озмуни маҳаллӣ, ки барои рассомони то 18-сола эълон шуда буд, ғолиб омад. Ба гуфтаи коршиносон, қобилияти расмкашиаш хеле баланд буда, кораш дар сатҳи рассомони моҳир буд. Томас давоми ҳамагӣ 2 сол 30 ҳазор расми эҷодкардаи худро ба маъраз гузошта, ҳаводорони бешуморе пайдо менамояд.
Таҳияи Гулнисои САЪДОНШО
ХАТОҲОИ БУЗУРГИ ИНСОНҲОИ БУЗУРГ
8. МУҲАММАДИ II
Ҳокими империяи Хоразм солҳои 1200 – 1220 сарзаминҳои зиёдеро забт намуда, қудрати худро шуҳрати оламгир бахшида буд. Бахусус, вақте соли 1205 Форс ва 1215 Афғонистонро ба тобеияти худ даровард, барои салтанати ҷовидонааш дигар ҷонзоде шакку шубҳа надошт. Воқеан, дар баробари Хоразм, он замон Муғулистон низ ҳамчун империяи қудратманд ном бароварда буд.
Соли 1218 бо амри шоҳ Муҳаммади II дар шаҳри Отрар корвони муғулҳо боздошт ва ба гарав гирифта мешавад. Сабаби боздошти корвон то ҳол пӯшида боқӣ мемонад, вале самараи хатои таърихии императори Хоразм ба ҳама маълум аст. Вақте хабар ба шоҳи муғул Чингизхон мерасад, ӯ ҳайати бузурги сафиронро барои музокирот ва ҳалли ин нофаҳмӣ ба Хоразм мефиристад. Муҳаммади II баъди он ки сафиронро ҳафтаҳо дар интизорӣ нигоҳ медорад, ҳамаи онҳоро нопурсида, ба қатл мерасонад. Ҳамин хатои таърихии императори Хоразм сабаб мешаваду муғулҳо ба ин сарзамин лашкар мекашанд ва хокашро бар бод медиҳанд.
Таҳияи Самад ҚУРБОНАЛӢ
ТОМ КРИС
ХАЙРХОҲЕ, КИ БУРДИ 40 МИЛЛИОНИАШРО БА БЕМОРОН ДОД
Том Крис, сокинони шаҳри Калгарии Канада, моҳи майи соли 2013 лотереяаи 40 миллиондоллара бурд кард. Вале аз ҳама аҷибаш ин, ки Том аз ин бурди калон, ҳатто, як доллар ҳам барои худ сарф накарда, ҳамаи онро барои табобати беморони саратон хайр намуд. Баъдан маълум гашт, ки ӯ ин иқдомро ба хотираи ҳамсараш бахшидааст, ки соле қабл аз бемории саратони шуш фавтида буд.
Таҳияи Судобаи ФАЙЗАЛӢ
КРИЛОВ: «МАН ГӮШТИ ХУК НАМЕХӮРАМ»
Вақте шоири номдори рус Иван Андреевич Крилов бистарӣ мешавад, табибон парҳез мефармоянд. Ҳарчанд барои бемори бечора, ки табиатан зиёд хӯрданро дӯст медошт, ин амр аз марг ҳам сангинтар буд, ба ҳар ҳол қавл медиҳад, ки фармудаи табибонро итоат мекунад.
Аз қазо дар як зиёфати пурнозу неъмат ҷавоне ба шоир аҳамият медиҳад, ки чӣ гуна бо ҳавас ба болои дастархон дида дӯхта, оби даҳонашро қурт мекунад. Ҷавони содаву худхоҳ ба хотири хандондани меҳмонон аз ҷой хеста, ба овози баланд мегӯяд:
- Ба Иван Андреевич нигаред, гӯё худи ҳозир бо чашмонаш ҳамаи моро хӯрдан мехоҳад…
- Дигаронро намедонам, вале аз худат осуда бош, - мегӯяд шоир, - ман гӯшти хук намехӯрам.
Аз русӣ тарҷумаи Фараҳзод ҚУРБОНАЛӢ
ҶОННИ ДЕПП
ЧӢ ТАВР ҲУНАРМАНД НАХОНДА ҶОИЗАИ "ГЛОБУСИ ТИЛЛОӢ" ГИРИФТ?
Ҷонни Депп, ҳунарманд, коргардон, продюссер ва мусиқинавози амрикоист. Вай чун ҳунарпеша пас аз нақшофарӣ дар филмҳои «Тарс ва нафрат дар Лос – Вегас», «Мамлакати сеҳрнок» ва «Роҳзанҳои Баҳри Кариб» маҳбубияти тамошобинонро ба даст оварда, шуҳратёр шуд. Ӯ соли 2008 барои иҷрои нақши асосӣ дар филми "Суини Тодд, азозил - мӯйсартарош аз Флит-стрит" бо ҷоизаи "Глобуси тиллоӣ" мушарраф гардид.
Аҷиб аст, вале ин ҳунарманд ҳатто, мактаби миёнаро хатм накардааст. Ба гуфтаи худаш, то 35-солагӣ ранҷ кашида, боре бо пешниҳоди дӯсташ Николас Кейҷ худро дар нақшофарӣ дар филм месанҷад. Ҳамин тавр, истеъдоди волояш ӯро номвар мегардонад.
Таҳияи Иронбӣ МӮСОЗОДА
СУДИ АПЕЛЛЯТСИОНӢ ДАР АНГЛИЯ
ДАР ПАЙИ БАҲСИ КУШТОРИ ЯК ҲАЙВОНИ ХОНАГӢ БА ВУҶУД ОМАД
Нависандаи англис Артур Конан Дойл соли 1907 аз ҳукми баровардаи суд нисбат ба ҷавоне бо номи Эдалҷи, ки барои куштани чорвои хонагӣ айбдор мешуд, изҳори норизоӣ кард. Ба он далел, ки ҳуқуқ ва арзишҳои инсонӣ дар ҷомеа аз ҳама болотар аст. Вай мустақилона парвандаро дигарбора таҳқиқ намуда, аз натиҷаи он дар рӯзномаву маҷаллаҳо матлаб нашр кард. Исбот намуд, ки парванда бояд бознигарӣ шавад. Барои такроран дида баромадани ҳалномаи суд бори аввал дар Англия суди апеллятсионӣ таъсис ёфт. Ҳамин тавр, Артур ҳам Эдалҷиро аз маҳбас наҷот дод ва ҳам дар таъсиси суди апеллятсионӣ саҳм гузошт.
Таҳияи Фарзона ФАЙЗАЛӢ
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 17.09.2021 №: 186 Мутолиа карданд: 2426