logo

сиёсат

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ШАНХАЙ. ҶАРАЁН ВА НАТИҶАҲОИ ҲАМОИШ, ДУШАНБЕ – 2021

Шаҳри Душанбе, бинобар баргузории ҳамоишҳои навбатии сатҳи олии Созмони ҳамкории Шанхай ва Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, дар маркази таваҷҷуҳи аҳли башар қарор гирифт, зеро ин созмонҳо тайи солҳои фаъолияти муассир ба ниҳодҳои соҳибнуфуз дар сиёсати ҷаҳонӣ табдил ёфтаанд.
 
Барои иштирок дар ҷаласаи Шурои сарварони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай роҳбарони кишварҳои аъзои Созмон –  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев, Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев, Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров, Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Имрон Хон, инчунин, роҳбарони ҳайатҳои Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Ҳиндустон дар макони баргузории ҳамоиши сатҳи баланд дар Кохи Наврӯз ба ҳам омаданд.
Ба онҳо роҳбарони кишварҳои нозир, меҳмонони фахрӣ ва намояндагони воломақоми ташкилоту созмонҳои минтақавию байналмилалӣ ва сохторҳои доимоамалкунандаи Созмони ҳамкории Шанхай, аз ҷумла Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко, Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Сайид Иброҳими Раисӣ, Президенти Туркманистон Гурбонгули Бердимуҳаммадов, Котиби генералии СҲШ Владимир Норов, ҷонишини аввали Сарвазири Муғулистон Сайнбуянгийн Амарсайхан, муовини Котиби генералии Созмони Милали Муттаҳид Наталя Герман, директори кумитаи иҷроияи Сохтори минтақавии зиддитеррористии СҲШ Ҷумъахон Ғиёсов,  раиси мушовараи Комиссияи иқтисодии Авруосиё, директори иҷроияи котиботи Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё, раиси Кумитаи иҷроия-котиби иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Котиби генералии СААД, Котиби генералии Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва дигарон ҳамроҳ шуданд.
Ҳамоиши мазкур дар бинои Кохи Наврӯз, ки аз муъҷизаҳои санъати меъморӣ ва ороишии мардуми тамаддунофари тоҷик мебошад, баргузор гардид.
Чорабинии навбатии сатҳи олии СҲШ бо истиқболи меҳмонони воломақом аз ҷониби Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар толори «Дидор»-и Кохи Наврӯз оғоз ёфт.
Қабл аз оғози ҷаласа, роҳбарон ва намояндагони воломақоми ҳашт давлати аъзои созмон дар толори «Аржанг» акси хотиравӣ гирифтанд.
Қобили зикр аст, ки Толори «Аржанг» бо сутунҳои сангин ва нақшу нигори болои сангҳои гуногуни нимқиматбаҳо ва ороишӣ зинат ёфта, хеле зебою назаррабост.
Дар ҳамоиши навбатии сатҳи олии СҲШ масоили амнияти минтақавӣ ва байналмилалӣ, ҳамоҳангсозии фаъолияти зиддитеррористӣ, таҳкими ҳамкорӣ бо кишварҳои нозир ва дигар масоили муҳим баррасӣ шуданд.
Ин ҷаласа дар толори бузурги сафеди «Зарандуд», ки баландиаш то маркази гунбаз 36 метр аст ва бо гачкорӣ дар рӯйи ойина оро ёфтааст, ҷараён гирифт.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи сарварони давлатҳои аъзо ва нозир, меҳмонони фахрӣ ва намояндагони ташкилоту созмонҳои минтақавию байналмилалиро ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфтанд.
Дар ҳамоиши сатҳи баланд, ки таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷараён гирифт, Роҳбари кишвари мизбон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва сарварони дигар давлатҳои аъзои СҲШ –  Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев, Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко, Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев, Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров, Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Сайид Иброҳими Раисӣ, Сарвазири Ҷумҳурии  Исломии  Покистон  Имрон Хон,  Президенти  Туркманистон Гурбонгули Бердимуҳаммадов, Котиби генералии СҲШ Владимир Норов ва директори кумитаи иҷроияи Сохтори минтақавии зиддитеррористии СҲШ Ҷумъахон Ғиёсов сухан ронданд.
Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин, Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин ва Сарвазири Ҳиндустон Нарендра Моди дар чорабинӣ ба таври онлайнӣ ширкат варзида, сухан гуфтанд.
Президенти Муғулистон Ухнаагийн Хурэлсух ва Котиби генералии Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерриш бошад, дар ҷаласаи ҷашнии 20-солагии таъсиси СҲШ бо навори видеоӣ муроҷиат карданд.
Дар интиҳои ҳамоиш бастаи калони санадҳо иборат аз 30 ҳуҷҷат, аз ҷумла Эъломияи Душанбе дар бораи бистумин солгарди СҲШ, ба имзо расид.
Пас аз анҷоми ҷаласа нахустин маротиба дар таърихи фаъолияти СҲШ гимни Созмон, ки бо пешниҳоди Тоҷикистон таҳия ва тасдиқ гардид, садо дод.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 20.09.2021    №: 187    Мутолиа карданд: 957
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед