logo

сафарҳо

САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ВОДИИ РАШТ

20 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади иштирок дар чорабиниҳои ҷашнӣ ба ифтихори 30-солагии Истиқлоли давлатӣ, ифтитоҳи як қатор иншооти дорои таъиноти гуногун, шиносоӣ бо вазъи соҳаи кишоварзӣ ва суҳбату мулоқоти самимӣ бо сокинону фаъолони ноҳияҳои Сангвор, Нуробод, Рашт, Тоҷикобод ва Лахш ба водии Рашт ташриф оварданд.
Сафари кории Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ноҳияи Сангвор оғоз гардид.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Сангвор нахуст бинои нави маъмурии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Бинои навбунёд дуошёна буда, бо тарҳи муосир дар масоҳати 540 метри мураббаъ қомат меафрозад ва дорои 29 ҳуҷраи корист.
Шуъбаҳои кор бо занон, иҷтимоӣ, умумӣ, меъморӣ ва шаҳрсозӣ, амвол, иқтисод, ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳолатҳои фавқулодаи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Сангвор дар ошёнаи якуми бинои хуштарҳи навсохт ҷойгир буда, бо тамоми лавозимоти корӣ муҷаҳҳазанд.
Ҳуҷраҳои кории роҳбарияти ноҳия, дастгоҳи раиси ноҳия ва муовинон дар ошёнаи дуюми иншоот мебошанд.
Дар бинои нав, ҳамзамон, толори маҷлис бо 120 ҷойи нишаст мавҷуд буда, барои баргузории чорабиниҳои гуногун мувофиқ аст.
Ҳуҷраҳои техникӣ, ошхона, бойгонӣ ва як қатор утоқҳои дигари ёрирасони бинои нави маъмурӣ дар таҳхонаи иншоот ҷойгиранд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо шароити муосири кору фаъолият дар бинои нави маъмурии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Сангвор ба сифати корҳои анҷомёфта баҳои баланд дода, иншоотро туҳфаи арзишманди Ҳукумати мамлакат дар рӯзҳои таҷлил аз 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тамоми кормандону сокинони ноҳия маънидод карданд.
 
Ба истифода додани меҳмонхонаи «Таҳмина» 
20 сентябр дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Сангвор Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳия меҳмонхонаи «Таҳмина»-ро ба истифода доданд.
Он чорошёна буда, дар доираи Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ (2019 – 2021) бо иқдоми соҳибкори маҳаллӣ Мустафо Абдуллоев бунёд шуд.
Иншооти хуштарҳу замонавии хизматрасонӣ дорои 12 ҳуҷра, аз ҷумла 3 люкс буда, бо истифода аз унсурҳои хоси миллӣ оро ёфта, бо тамоми шароити истироҳату фароғат таъмин мебошад.
Меҳмонхонаи навбунёд метавонад дар як вақт 25 нафарро қабул намояд. Он, ҳамчунин, дорои маҷлисгоҳ бо 50 ҷойи нишаст мебошад.
Дар рафти сохтмон 20 нафар бо ҷойи кори муваққатӣ ва бо мавриди истифода қарор гирифтани он 10 кас бо шуғли доимӣ таъмин гардидаанд.
Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дарназардошти иқлими мусоид, табиат, ҳавои тозаи кӯҳсор, чашмаҳои шаффоф дар ноҳияи Сангвор, масъулонро ҷиҳати таъсиси хатсайрҳои нави сайёҳӣ ва фароҳамсозии имконоти боз ҳам беҳтари хизматрасонӣ ба сайёҳони дохилию хориҷӣ муваззаф намуданд.
 
Оғози сохтмони кӯдакистони «Калидчаи Заррин» 
20 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Сангвор ба сохтмони Муассисаи томактабии  «Калидчаи Заррин» оғози расмӣ бахшиданд.
Кӯдакистони замонавӣ дар маркази ноҳияи Сангвор барои 100 нафар дӯстрӯяк дар асоси ҳидоятҳои ҳамешагии Сарвари маорифпарвари мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо иқдоми ҶДММ «Зарринк» бунёд мешавад.
Фармоишгари он Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Сангвор буда, лоиҳаи иншооти зебо аз ҷониби ҶСК «Меъморӣ ва шаҳрсозӣ»-и шаҳри Душанбе таҳия гардидааст.
Президенти  мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз шиносоӣ бо лоиҳаи бунёди Муассисаи томактабии «Калидчаи Заррин» дар ҳамин ҷо бо имконоти фаъолияти ҶДММ «Зарринк» шинос гардиданд.
Ҷамъият яке аз корхонаҳои пешқадами саноатии мамлакат буда, дар рушди иқтисоди миллӣ ва саноатикунонии босуръати кишвар саҳми намоён дорад.
Корхона дар асоси ҳидоятҳои роҳбарияти олии давлат ва Ҳукумати мамлакат фаъолияташро сол ба сол тавсеа бахшида, бо ворид ва васлу насби хатҳои нави технологӣ ба дастовардҳои назаррас ноил мегардад.
Тибқи иттилоъ, давоми чанд соли охир дар асоси ҳамкорӣ бо шарикони рушд ҷиҳати истифодаи пурраи имконоту иқтидорҳои мавҷуда аз кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон ба корхона технологияҳои насли нав ворид шуданд.
Дар корхона наздики 400 нафар бо ҷойи кори доимию мавсимӣ таъмин мебошад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти корхона барои дастгирӣ аз иқдомҳои созандаи давлат ва Ҳукумати мамлакат дар самти таъсиси ҷойҳои нави кор ва коркарди ашёи хоми ватанӣ изҳори сипосу миннатдорӣ намуда, ба масъулон ҷиҳати дастгирӣ аз ташаббусҳои неку бобарор дар рушди иқтисоди миллӣ, дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
 
Боздид аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ 
20 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Сангвор, ҳамчунин, аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ дидан намуданд.
Кишоварзони ноҳияи Сангвор сол ба сол дар заминаи иҷрои дастуру роҳнамоиҳои Пешвои миллат дар роҳи расидан ба ҳадафи стратегии Ҳукумати мамлакат – таъмини амнияти озуқаворӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардида, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро афзоиш медиҳанд.
Дар намоишгоҳ беҳтарин анвои кишоварзӣ, хоҷагии ҷангал ва маҳсулоти ҳунарҳои кадбонуҳои гӯшаи дурдасти мамлакат ба таври густурда муаррифӣ шуд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбати озоду самимӣ бо кадбонуҳои ноҳия, ки ба пухтани нонҳои лазиз машғул буданд, ҷиҳати омӯзиши ин ҳунар ба ҷавондухтарон ба онҳо маслиҳатҳои судманд доданд.
Дар ноҳияи Сангвор бо ҳидоятҳои ҳамешагии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти эҳё ва рушду инкишофи ҳунару анъанаҳои қадимаи миллӣ тадбирҳои судманд амалӣ мегарданд ва таваҷҷуҳи ҷавонон ба омӯзиши онҳо тайи солҳои охир дучанд шудааст.
 

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 20.09.2021    №: 187    Мутолиа карданд: 3047
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед