logo

суханрониҳо

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар нишасти матбуотӣ пас аз музокирот бо Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Имрон Хон, шаҳри Душанбе, 17 сентябри соли 2021

Муҳтарам намояндагони васоити ахбори омма!
Хонумҳо ва ҷанобон!
Қабл аз ҳама, мехоҳам бори дигар Сарвазири муҳтарами Ҷумҳурии Исломии Покистон, Ҷаноби олӣ Имрон Хонро ба Тоҷикистон хайрамақдам бигӯям ва барои анҷом додани сафари расмӣ ба кишвари мо аз ӯ изҳори сипос намоям.
Музокироти мо чун анъана дар фазои дӯстона ва ҳусни тафоҳуми комил сурат гирифтанд. Ҷониби Тоҷикистон аз натиҷаҳои музокироти сатҳи олӣ изҳори қаноатмандӣ менамояд. Вохӯриҳои имрӯза бомуваффақият баргузор гардида, аз натиҷаи онҳо бастаи нави санадҳои ҳамкорӣ ба имзо расид. Мо аз раванди тамосҳои сиёсии доимии байни ду давлат, аз ҷумла дар сатҳи олӣ, изҳори қаноатмандӣ менамоем. 
Дар рафти музокирот ҷонибҳо имконияти густариши бештари ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷоратиро, ки яке аз ҳадафҳои муҳиму муштараки ҷонибҳост, бори дигар таъкид намуданд.  Дар ин раванд, нақши фаъолияти Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва илмию техникӣ муҳим арзёбӣ гардид. Ҳамзамон, зарурати афзоиши ҳаҷми гардиши мол миёни ду кишвар таъкид гардид.
Мо, ҳамчунин, омодагии худро ҷиҳати тавсеа бахшидани ҳамкориҳо дар соҳаи нақлиёт, хосатан ҷиҳати баромадани Тоҷикистон ба бандарҳои баҳрии Покистон – Карочи ва Гвадар изҳор намудем. Дар ин ҷода, Тоҷикистон алоқаманди пайвастан ба долонҳо ва лоиҳаҳои нақлиётии минтақавӣ  мебошад.
Тақвияти ҳамкориҳо дар соҳаи саноат муҳим арзёбӣ гардид.
Мо таъкид кардем, ки ба ҳамкориҳои шарикӣ дар масъалаҳои мубориза алайҳи таҳдидҳои глобалӣ – терроризм, ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир ва ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ идома мебахшем.
Зимни баррасии вазъи имрӯзаи минтақа қазияи Афғонистон дар маркази диққати мо қарор дошт. Вазъи кунунӣ дар он кишвар нигаронкунанда арзёбӣ гардид.  Мо – ҳамсоякишварҳои Афғонистон, ба барқарории сулҳу субот дар ин кишвари азиятдида беш аз ҳама манфиатдорем ва ба  эҳёи иқтисоди миллии Афғонистон таваҷҷуҳи хос зоҳир менамоем. Мо бар онем, ки ба эътидол овардани вазъ дар Афғонистон, ҳамчун кишвари пайвандгари шабакаҳои нақлиётии минтақавӣ ва байналмилалӣ, хосатан барои кишварҳои ҳамсоя, муҳим мебошад.
Дар зимн, изҳори умед карда шуд, ки  сулҳу субот дар ин кишвари ҳамсоя ҳар чи зудтар барқарор гардида, манфиатҳои тамоми гурӯҳҳои сиёсиву қавмӣ дар Афғонистон ба эътибор гирифта мешаванд. Мо ҷонибдори ҳукумати фарогир дар он кишвар бо иштироки намояндагони тамоми гурӯҳҳои иҷтимоӣ мебошем. Ҳамзамон, мо таъкид бар он кардем, ки дар ҳукумати фарогир тоҷикон ва дигар қавмиятҳо ҷойгоҳи шоиста дошта бошанд. Итминон ҳосил гардид, ки сулҳу субот дар Афғонистон фақат бо ҳамин роҳ таъмин мегардад.
Ҳар чи тезтар аз байн бурдани низоъ ва ташаннуҷ дар вилояти Панҷшер тавассути эълон кардани оташбас ва кушодани роҳҳо барои таъмини кумакҳои башардӯстона ба мардуми ин минтақа аз вазифаҳои муҳимтарини имрӯза мебошанд. Тоҷикистон ва Покистон ба мувофиқа расиданд, ки тамоми кӯшишҳои худро барои расидан ба ин ҳадафҳо сафарбар хоҳанд кард. Мо ба ифоқа расидем, ки барои дар шаҳри Душанбе гузарондани гуфтушунидҳо байни «Толибон» ва тоҷикон мусоидат хоҳем намуд.
Дар соли оянда ба барқарорсозии равобити дипломатии Тоҷикистону Покистон  30 сол пур мешавад. Мо бо Ҷаноби Олӣ Имрон Хон ба мувофиқа расидем, ки ин санаи муҳимро бо баргузории чорабиниҳои сиёсии сатҳи муносиб таҷлил менамоем.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 20.09.2021    №: 187    Мутолиа карданд: 3633
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед