logo

суханрониҳо

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар нишасти матбуотӣ пас аз музокирот бо Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Сайид Иброҳими Раисӣ, шаҳри Душанбе, 18 сентябри соли 2021

Муҳтарам намояндагони васоити ахбори омма!
Хонумҳо ва ҷанобон!
Қабл аз ҳама, бори дигар Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон, Ҷаноби Олӣ Иброҳими Раисиро ба Тоҷикистон хайрамақдам мегӯям. Инчунин, Ҷаноби Олиро ба муносибати интихоб шуданашон ба маснади олии Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон табрик гуфта, аз сафари нахустинашон дар ин маснади олӣ, ки ба Тоҷикистон анҷом додаанд, изҳори қаноатмандӣ менамоям.
Имрӯз, тибқи барномаи сафари расмӣ, мо дар фазои дӯстона ва ҳусни тафоҳум мулоқоту музокироти  сермаҳсулро анҷом додем.   Зимни суҳбат мо масъалаҳои асосии муносибат ва ҳамкориҳои Тоҷикистону Эронро  баррасӣ намудем.
Итминон дорем, ки бастаи нави санадҳои ҳамкорӣ, ки имрӯз ба имзо расиданд, барои тақвияти минбаъдаи муносибатҳои ду кишвар заминаи боз ҳам мусоид фароҳам меоваранд.
Таъкид гардид, ки мардумони мо  дорои арзишҳои муштарак ва безаволи таърихӣ, маънавию фарҳангӣ мебошанд. Изҳори итминон намудем, ки ин муштаракот заминаи мусоид барои рушди минбаъдаи муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои судманд мебошанд.
Мо ҷонибдории худро аз тақвияти муколамаи созандаи сиёсии байни ду давлат дар сатҳҳои мухталиф ва тавсеаи минбаъдаи онҳо, ки дар раванди ташаккули фазои ҳусни тафоҳум ва эҷоди эътимод  нақши муҳим доранд, изҳор намудем.
Мо хоҳони густариши ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ ҳастем ва   зарурати талошҳои бештари сохторҳои соҳавиро ҷиҳати беҳбуди муомилоти тиҷоратии дуҷониба таъкид намудем. Ба мақсади расидан ба ин ҳадафҳо, пешниҳод намудем, ки ҷонибҳо Барномаи дарозмуддати ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ байни Тоҷикистон ва Эронро то соли 2030 омода намуда,  ба имзо расонанд. Ҳамзамон, нақши Комиссияи муштараки ҳамкориҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ, техникӣ ва фарҳангӣ дар раванди таҳкими робитаҳои иқтисодӣ ва тиҷоратӣ муҳим арзёбӣ гардид. Ҳамзамон, фаъол гардондани робитаҳои доираҳои соҳибкории ду кишварро  дар соҳаҳои тиҷорат ва сармоягузорӣ мувофиқи мақсад донистем.
Рушди инфрасохтор ва пайвасти шабакаҳои нақлиётӣ дар роҳи тавсеаи ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ, афзоиши табодули мол ва тамосҳои башарӣ муҳим дониста шуд. Кишвари мо ҷонибдории худро барои идомаи татбиқи тадбирҳо барои беҳбуди шароити мавҷудаи нақлиётӣ ва бунёди роҳҳои заминӣ, оҳан ва пайвасти онҳо бо бандарҳои обии Эрон иброз намуд. Дар ин замина, мо алоқамандии худро барои тақвияти ҳамкорӣ байни сохторҳои дахлдори ду кишвар ҷиҳати истифодаи  имконоти  бандарҳои Чобаҳор ва Бандар - Аббоси Ҷумҳурии Исломии Эрон  барои ҳамлу нақли молҳо қайд кардем.
Мо густариши ҳамкориҳои фарҳангӣ ва илмӣ миёни Тоҷикистону Эронро амри табиӣ донистем. Дар ин замина, ташаккули  заминаҳои ҳуқуқӣ ва қарордодиро барои рушди сайёҳӣ зарур шумурдем. Ҳамчунин, андешидани чораҳои заруриро барои беҳбуди хатсайрҳои ҳавоии мустақиму мунтазам ва низоми сафар байни ду кишвар тақозои замон донистем.
Мо, бо дарназардошти вазъи ҳассоси имрӯза, муҳим будани ҳамкориҳоро дар соҳаи амният таъкид намудем. Дар зимн, вазъи нигаронкунандаи Афғонистони ҳамҷавор дар маркази таваҷҷуҳи мо қарор дошт. Мо хоҳони истиқрори ҳар чи зудтари  сулҳу суботи комил дар он кишвар, ки омили муҳими таъмини амният дар минтақа мебошад, ҳастем.  Кишвари мо омодагии худро барои мусоидат ба ин раванд таъкид намуд. Ҳамзамон бо ин, мо таъсиси ҳукумати ҳамашумул ва фарогири манфиатҳои ҳамаи гурӯҳҳои иҷтимоӣ ва қавму миллатҳои сокини Афғонистонро   омили калидии истиқрори сулҳу суботи пойдор дар Афғонистон донистем. Мавриди зикр аст, ки дар музокироти дирӯза бо ҷониби Покистон мо   таъкид бар он кардем, ки дар ҳукумати фарогир тоҷикон ва дигар қавмиятҳо бояд ҷойгоҳи шоиста дошта бошанд. Зимнан, итминон ҳосил гардид, ки сулҳу суботро дар Афғонистон метавон фақат бо ҳамин роҳ таъмин кард. Инчунин, ҳар чи тезтар аз байн бурдани низоъ ва ташаннуҷ дар вилояти Панҷшер тавассути эълон кардани оташбас ва кушодани роҳҳо барои расондани кумакҳои башардӯстона ба мардуми ин минтақа аз вазифаҳои муҳимтарини имрӯза дониста шуданд. Дар ин замина, мо ба мувофиқа расидем, ки тамоми кӯшишҳои худро ҷиҳати расидан ба ин ҳадафҳо сафарбар намуда,  ба баргузории музокирот байни тоҷикон ва "Толибон"  дар шаҳри Душанбе мусоидат намоем.
Мо бар онем, ки дар пешбурди ин раванд Созмони Милали Муттаҳид бояд нақши калидӣ дошта бошад.
Риояи манфиатҳои ҳамаи қавму миллатҳои сокини Афғонистон, раъйи тамоми мардуми мамлакат, эҳтирому эътирофи ҳуқуқи шаҳрвандон дар доираи меъёрҳои пазируфташудаи байналмилалӣ амри зарурист. Бар ин назарем, ки маҳз чунин муносибат метавонад ба барқарории сулҳу субот дар Афғонистон мусоидати ҷиддӣ намояд. Мо – Тоҷикистону Эрон ба ҳайси ҳамсояҳои ҳамзабону ҳамфарҳанг беш аз дигарон ба амнияти Афғонистон манфиатдорем.
Боз ҳам таъкид карданиам, ки афзоиши хушунат ва даргириҳо дар Афғонистон бо миқёси солҳои 90-уми асри гузашта метавонад боиси сар задани фалокати башарӣ дар ин кишвар ва боз ҳам сангинтар шудани зиндагии сокинони он, ҳамчунин, ба ҳайси маркази терроризми байналмилалӣ боқӣ мондани қаламрави ин мамлакат гардад. Нооромӣ дар Афғонистон амнияту суботро дар кишварҳои минтақа ва ҷаҳон ба таври ҷиддӣ халалдор мегардонад.
Ҳозирини гиромӣ!
Мо аз ҳолат ва раванди ҳамкориҳо миёни Тоҷикистон ва Эрон дар чаҳорчӯби  созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ  изҳори қаноатмандӣ кардем.
Кишвари мо аз оғози раванди пайвастани Ҷумҳурии Исломии Эрон ба узвияти Созмони ҳамкории Шанхай истиқбол намуд. Изҳори итминон карда шуд, ки ҳамкориҳои муштараки ду кишвар дар доираи Созмони ҳамкории Шанхай ба дарёфти роҳҳои нави таҳкими ҳамкории созанда мусоидат хоҳад кард.
Бо дарназардошти мувофиқаҳои имрӯз бадастомада, мо сафари Ҷаноби оқои Раисиро оғози марҳалаи нав дар муносибатҳо миёни ду кишвари дӯст арзёбӣ менамоем.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 20.09.2021    №: 187    Мутолиа карданд: 3936
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед