logo

сафарҳо

ИДОМАИ САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ВОДИИ РАШТ

Ба истифода додани бинои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Сангвор
20 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Сангворро ба истифода доданд.
Бинои маъмурӣ дар доираи дастуру роҳнамоиҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи беҳтар намудани сифати фаъолият барои кормандон ва саҳмгузорӣ дар рушду пешрафти Ватани азиз бунёд гашт. Масоҳати замини бинои навбунёд 230 метри мураббаъро дар бар гирифта, иншоот дар майдони 90 метри мураббаъ бунёд гардид. Бино аз ду ошёна иборат буда, дорои 4 ҳуҷраи корӣ, маҷлисгоҳ, толори баргузории мизҳои мудаввар, бойгонӣ ва дигар иншооти ёрирасон мебошад.
Маҷлисгоҳи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Сангвор барои гузарондани ҳамоишу чорабиниҳои гуногун хеле мувофиқ аст. Тамоми ҳуҷраҳои кории бинои маъмурӣ бо компютер, мизу курсӣ ва дигар шароити корӣ таъмин мебошанд.  
Иттилоъ доданд, ки аксарияти кормандони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Сангворро ҷавонон ташкил медиҳанд ва онҳо аз технологияи замонавӣ ба хубӣ бархӯрдоранд.
 Ёдовар мешавем, ки корҳои сохтмонӣ дар иншоот 24 июни соли 2019 бо иштироки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оғоз гардида буданд ва, инак, дар рӯзҳои таҷлил аз Ҷашни бузурги миллӣ - 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сатҳу сифати баланд ба анҷом расонда шуданд.
Дар бунёди бинои маъмурӣ саҳми соҳибкорони ватанӣ назаррас мебошад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо шароити корӣ ба сифати корҳои анҷомёфта баҳои баланд дода, ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани фаъолият, ҳифзи музаффариятҳои даврони соҳибистиқлолии кишвар ва саҳмгузорӣ дар тадбирҳои созандагиву ободонии диёри азиз ба масъулон дастуру ҳидоятҳои судманд доданд.
 
Мулоқот бо роҳбарону фаъолони ноҳияи Сангвор
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз ифтитоҳи як қатор иншооти гуногун дар толори қасри фарҳанг бо роҳбарон ва фаъолони ноҳияи Сангвор мулоқоти самимӣ доир карданд.
Нахуст, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи иштирокчиён ва мардуми заҳматдӯсти ноҳияро бо Ҷашни муқаддасу бузурги 30 – солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон табрику таҳният намуданд.
Таъкид гардид, ки ба шарофати Истиқлоли давлатӣ ва иқдомоти пайвастаи давлат ва Ҳукумати мамлакат дар тули 30 соли сипаришуда мардуми ноҳия ба як қатор дастовардҳо ноил гардиданд.
Барои таъмин намудани рушди соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодии ноҳияи Сангвор ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии сокинони он аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ 914 миллион сомонӣ равона гардид.
Дар ин муддат дар ноҳия ҷиҳати бунёду барқарорсозии иншооти маорифу тандурустӣ, афзоиши интиқоли неруи барқ, таҷдиду нигоҳдории роҳҳо, дастгирии хоҷагиҳои кишоварзӣ, барқарорсозии инфрасохтори деҳот ва бахшҳои дигар 8 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ бо маблағи беш аз 24 миллион сомонӣ амалӣ гардида, ҳоло татбиқи 3 лоиҳаи дигар идома дорад. Инчунин, дар ин давра ба ноҳия 150 миллион сомонӣ сармояи мустақими хориҷӣ ҷалб гардид.
Дар даврони соҳибистиқлолӣ ҳаҷми маблағгузорӣ аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо ба соҳаи сохтмон қариб 100 миллион сомониро ташкил дода, танҳо дар соли 2020-ум ба ин мақсад 9 миллион сомонӣ равона шудааст, ки нисбат ба соли 1991-ум 6,5 баробар зиёд мебошад.
Ба хотири таҷлили сазовори Ҷашни 30 – солагии Истиқлоли давлатӣ тибқи нақшаи корҳои ободониву бунёдкорӣ 85 иншооти таъиноти гуногун сохта, ба истифода дода шуд ва ҳоло дар ҳудуди ноҳия корҳои созандагӣ бомаром идома доранд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки дар Барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳияи Сангвор барои солҳои 2021 – 2025 ҷиҳати боз ҳам беҳтар гардондани шароити инфрасохтори ноҳия, бунёди иншооти таъиноти гуногун ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ амалисозии 174 лоиҳа ба маблағи умумии 150 миллион сомонӣ пешбинӣ гардидааст.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳибкорону шахсони саховатпешаи ноҳия барои иштироки фаъол дар корҳои ободонӣ изҳори сипос карданд.
Зимни таҳлили  дастовардҳои соҳаҳои иқтисоди миллӣ дар ноҳия Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зарур шумурданд, ки дар ноҳия коркарди ниҳоии маъдан ва коркарди саноатии маҳсулоти кишоварзӣ васеъ ба роҳ монда шавад, зеро бо ҳамин роҳ барои сокинон садҳо ҷойи кори доимӣ таъсис додан мумкин аст.
Дар ноҳияи Сангвор соҳаи кишоварзӣ сол ба сол тараққӣ карда, бо зиёд гардидани майдони кишти зироатҳо, боғ ва саршумори чорво истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла ғалладонагиҳо, картошка, сабзавот, мева, гӯшту шир, асал ва дигар намудҳои маҳсулот меафзояд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сокинони ноҳияро барои истифодаи неъматҳои моддӣ ҷиҳати таъмини амнияти озуқавории мамлакат ҳидоят карданд.
Дар охири суханронӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори итминон намуданд, ки мардуми бонангу номуси ноҳия барои боз ҳам ободу зебо гардондани диёри зебоманзари худ, рушди соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ, афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзиву саноатӣ ва ба ин васила таъсис додани ҷойҳои нави корӣ минбаъд низ софдилона заҳмат мекашанд.
Пас аз суханронии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сокинони ноҳия баромад карда, барои таъмини зиндагии шоиста ба Президенти мамлакат изҳори сипос намуданд.
 
Роҳандозии Корхонаи парандапарварии "Мурғи Нуробод"
20 сентябр дар идомаи сафари корӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ифтитоҳи як қатор иншоот ва шиносоӣ бо рафти корҳои ободониву бунёдкорӣ ба ноҳияи Нуробод ташриф оварданд.
Нахуст, дар ин ҷо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Корхонаи парандапарварии "Мурғи Нуробод"-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Корхона барои истеҳсоли тухми аълосифат пешбинӣ гардида, дар он 30 ҳазор сар мурғ парвариш мешавад. Дар оянда "Мурғи Нуробод" имконият дорад, ки дар як рӯз 25 ҳазор дона тухм истеҳсол намуда, дар як сол то 9 миллион дона тухмро ба фурӯш барорад. 
Тибқи баҳогузории мутахассисони соҳа, чӯҷаҳое, ки  барои парваришу нигоҳубин интихоб гардидаанд, сермаҳсул буда, дар чормоҳагӣ ба тухмдиҳӣ оғоз хоҳанд кард.
Иттилоъ дода шуд, ки "Мурғи Нуробод" дар минтақаи Рашт нахустин корхонаи парандапарварӣ буда, дар оянда имконият дорад талаботи ноҳияҳои водиро бо тухми аълосифат ба пуррагӣ қонеъ созад.
Дар корхона технологияи муосири италиёвӣ насб гардида, таъмини хӯроки паранда, обу дон ва ҷамъоварии тухм ба таври автоматӣ роҳандозӣ шудааст. Барои таъмини ҳарорати муътадили дохили фермаҳо, дастгоҳҳои муосир насб гаштаанд, ки барои беталаф нигоҳ доштани мурғ мусоидат хоҳанд кард. Хӯроки паранда низ аз корхонаҳои ватанӣ дастрас мешавад, ки ин омил боиси паст шудани арзиши аслии маҳсулот мегардад.
Корхонаи парандапарварии "Мурғи Нуробод" аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Маҳмадалӣ Сангов бунёд ва он дар асоси технологияи муосир кору фаъолият хоҳад кард. Иқдоми аз шаш намуди андоз, аз ҷумла аз воридоти технологияи муосир ба пуррагӣ озод намудани корхонаҳои истеҳсолӣ, ки дар доираи дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат анҷом дода шуд, ҳам барои таъмини фаровонии маҳсулот дар бозорҳо ва ҳам соҳиби ҷойи кор гардидани аҳолии маҳаллӣ мусоидат намуд.
Айни замон дар корхонаи нав 20 сокини маҳаллӣ кор мекунад ва  маҳсулоти ниҳоии он дар навбати аввал ба шаҳри Роғун, ноҳияҳои Сангвор, Нуробод, Рашт, Тоҷикобод ва Лахш ба харидорон пешниҳод мешавад. 
Зимни боздид Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулон барои рушди фаъолияти корхона дастуру маслиҳатҳои муфид дода, иқдомҳои бунёдкоронаи соҳибкорони маҳаллиро намунаи ибрат ва қобили дастгирӣ арзёбӣ карданд.
 
Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ  мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт
20 сентябр дар идомаи сафар Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Нурободро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Ба фаъолият оғоз намудани иншооти мазкур мушкилоти кормандони ҳизбро дар самти норасоии ҷой ва шароити зарурӣ ба пуррагӣ ҳал намуда, барои фаъолияти босамари кормандони ҳизб имконият фароҳам овард.
Бино сеошёна буда, дар он утоқҳои барҳавои замонавӣ ҷой гирифтаанд. Аз ҷумла, шаш ҳуҷраи корӣ бо назардошти тамоми имконот барои кормандони кумитаи иҷроияи ҳизб ташкил гардида, иншооти ёрирасон низ дар бинои нав бунёд ёфтаанд.
Бояд гуфт, ки бинои мазкур бо ташаббуси соҳибкорону шахсони саховатпешаи ноҳия аз  ҷониби  сохтмончиёни  маҳаллӣ  бо сифати баланд ва ҷавобгӯ ба талаботи муосир бунёд гардида, бо тамоми таҷҳизоти муосири корӣ таъмин мебошад. Ошёнаи якуми бино аз утоқҳои кормандон, қабати дуюм аз маҷлисгоҳ бо 70 ҷойи нишаст ва толори хурд иборат буда, ҳуҷраҳои роҳбарият, китобхона ва иншооти ёрирасон дар қабати сеюми бино ҷойгиранд.
Дар бинои нав барои кормандони Кумита ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани сифати фаъолият дар самти ҳифзи дастовардҳои миллӣ ва саҳмгузорӣ дар пешрафти Тоҷикистони азиз имконоту шароити мусоид фароҳам мебошад.
Иншоот бо истифода аз санъати баланди  меъморӣ  бунёд гашт. Қобили зикр аст, ки гирду атрофи бино бо дарахтони сояафкану гулҳои мавсимӣ оро ёфта, тамоми роҳраву гузаргоҳҳои он сафолакпӯш ва чароғонанд.
Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Нуробод ба Роҳбари муаззами ҳизб барои фароҳам овардани шароити мусоид, таваҷҷуҳу ғамхорӣ нисбат ба кору фаъолияташон изҳори миннатдорӣ намуданд.
Зимни шиносоӣ Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кори бинокорон баҳои баланд дода, масъулонро ба хизмати софдилонаю содиқона ба нафъи давлату миллат ҳидоят намуданд.
 
Шуъбаи таваллуд ва навзодон корро оғоз кард
20 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Нуробод шуъбаи таваллуд ва навзодони беморхонаи марказии ноҳияро, ки дорои 25 кат мебошад, мавриди истифода қарор доданд.
Иншоот аз ҷониби ҶДММ “Маржа” бунёд ёфта, дар масоҳати 720 метри мураббаъ қомат афрохта, бо гулу буттаҳои ороишӣ зебо гардонда шудааст. Ҳамчунин, 240 метри мураббаъ роҳраву саҳни бино сафолакпӯш гардида, он дорои суҳбаткадаҳо мебошад.
Зимни боздид ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, ки иншоот бо тарҳ ва муҷаҳҳазгардонӣ бо дастгоҳу техникаҳои муосири тиббӣ дар минтақа ягона буда,  дар он барои беморон шароити муосир фароҳам аст. Бояд гуфт, ки бо истифода қарор гирифтани бинои мазкур мушкилоти чандинсолаи бошандагони ноҳияи Нуробод бартараф ва сифати хизматрасонии тиббӣ беҳтар мегардад.
Таъкид гардид, ки ҷиҳати дар фасли сармо гарм нигоҳ доштани ҳуҷраҳо, бино бо системаи махсуси гармидиҳӣ пайваст мебошад.  
Пешвои муаззами миллат ба сифати корҳои анҷомёфта баҳои баланд дода, табибонро ҷиҳати беҳтар намудани сифати хизматрасонии тиббӣ ҳидоят намуданд. Дар навбати худ ворисони Сино изҳор доштанд, ки бо донишу маҳорати касбӣ талош менамоянд дар пешрафт ва шукуфоии Тоҷикистон саҳми арзанда гузоранд.
 
Фаъолияти марҳилаи якуми боғи фарҳангӣ – фароғатӣ шуруъ шуд 
20 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Нуробод, дар шаҳраки Дарбанд ба фаъолияти марҳилаи якуми боғи фарҳангӣ-фароғатӣ оғози расмӣ бахшиданд.
Маврид ба ёдоварист, ки 7 июни соли 2021 бо иштироки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёди боғ оғоз ёфта, тибқи лоиҳа, марҳилаи якуми он дар рӯзҳои таҷлили Ҷашни 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истифода дода шуд.
 Иншооти фарҳангӣ дар асоси дастуру супоришҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар масоҳати 12,6 гектар дар ду марҳила бунёд мегардад. Нахуст, Сарвари давлат парда аз рӯйи муҷассамаи Шоҳ Исмоили Сомонӣ бардошта, ба фаъолияти ин иншооти фарҳангӣ, ки дар водии Рашт яке аз аввалинҳо шумурда мешавад, оғоз бахшиданд. Муҷассамаи Шоҳ Исмоили Сомонӣ бо баландии 10 метр қомат афрохта, аз ҷониби ҳайкалтарошони варзидаи кишвар сохта шудааст. Атрофи муҷассама бо сангу гулҳо оро ёфта, ба зебоии маркази ноҳия таровати тоза зам менамояд.
Ҳамчунин, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар боғи мазкур майдони Нишон ва Парчами давлатиро ифтитоҳ карда, чун рамзи эҳтиром ба муқаддасоти миллӣ, ба сутунпояи онҳо гулчанбар гузоштанд. Қобили зикр аст, ки пояи Нишони давлатӣ бо баландии 22 метр сохта шуда, сутунпояи Парчами давлатӣ 50 метрро ташкил медиҳад.
Дар марҳилаи якум, тибқи лоиҳа, дар ҳудуди иншоот бунёди муҷассамаи Шоҳ Исмоили Сомонӣ, Нишон ва Парчами давлатӣ, 12 фаввора, ҳавзи обгирӣ, кашидани хатҳои муҳандисии оби нӯшокӣ, корезӣ, интиқоли барқ, сафолакпӯш кардани роҳрави асосӣ ва гулкориву майсазор намудани маркази боғ дар назар буд, ки ба пуррагӣ анҷом ёфтанд.
Президенти  мамлакат  муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон  зимни  суҳбат бо масъулону сохтмончиёни иншооти фарҳангӣ, аз натиҷаи корҳои анҷомёфта изҳори қаноатмандӣ карда, бунёди боғи фарҳангӣ-фароғатии ноҳияи Нурободро ҷиҳати амалӣ намудани ҳадафҳои Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ (2019 – 2021) нек арзёбӣ карданд.
Бо таваҷҷуҳ ба сиёсати бунёдкоронаи Пешвои муаззами миллат, сокинони ноҳияи Нуробод ваъда доданд, ки минбаъд низ сиёсати пешгирифтаи роҳбарияти олии кишварро дастгирӣ ва дар пешрафту шукуфоии Ватани азиз саҳми муносиб мегузоранд.
Дар ҳамин рӯз, ҳамчунин, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон марҳилаи дуюми роҳи автомобилгарди қисмати марказии шаҳраки Дарбандро, ки бо дарозии 1,6 километр бунёд гардидааст, мавриди истифода қарор доданд.
Лоиҳаи иншоот аз ҷониби Пажӯҳишгоҳи лоиҳакашии ҶСК “Шаҳрофар” таҳия ва аз ҷониби мутахассисону роҳсозони ватанӣ амалӣ шуд. Дар раванди бунёди роҳ, ҳамчунин, бо дарозии 1,6 километр лӯлаҳои оҳану бетонӣ ва роҳҳои пиёдагард навсозӣ шуда, аломатгузории роҳ ва чароғонкунии он низ мувофиқи стандартҳои муосир анҷом ёфтанд.
Зимни боздид Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз натиҷаи корҳои сомонёфта изҳори қаноатмандӣ карда, ба масъулон ҷиҳати боз ҳам обод намудани роҳу гулгаштҳо дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
 
Намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва маҳсулоти кишоварзӣ 
20 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Нуробод аз намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ ва маҳсулоти кишоварзии ноҳия дидан карданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, зимни боздид аз намоиши дастранҷи мардум ва ҳунармандони чирадасти ноҳия, бо онҳо суҳбати самимӣ анҷом дода, аз ҳамраъйии  онҳо нисбат ба сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ изҳори сипос намуданд.
Иттилоъ дода шуд, ки дар доираи эълони Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар ноҳияи Нуробод даҳҳо марказҳои касбомӯзии хурду бузург ба фаъолият пардохтанд, ки ҷиҳати соҳибкасб гардондани насли ҷавон нақши муассир доранд. 
Пешвои муаззами миллат ба ҳунару маҳорати волои занону бонувони ноҳияи Нуробод баҳои баланд доданд.
Бо риояи қоидаҳои агротехникӣ ва истифода аз тухмиҳои хушсифат кишоварзони ноҳия мувофиқи дурнамо ҳосили дилхоҳ ба даст оварда, тавонистанд дар таъмини амнияти ғизоии мамлакат саҳми муносиб гузоранд. Дар самти боғдорию токпарварӣ ноҳияи Нуробод дар мамлакат мавқеи хосса дошта, маҳсулоти ниҳоии он ба бозорҳои минтақа ва шаҳри Душанбе ворид мегардад. То имрӯз майдони боғу токзори ноҳия мутаносибан 470 ва 2 гектарро ташкил медиҳад, ки ҳамасола аз онҳо ҳосили хуб ба даст оварда мешавад.
 
Лахш соҳиби бинои шуъбаи кишоварзӣ гардид
21 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар ноҳияҳои водии Рашт бо мақсади шиносоӣ аз вазъи рӯзгори мардум, ифтитоҳи як қатор иншооти ҷашнӣ ба ифтихори 30-солагии Истиқлоли давлатӣ ва Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ (2019 – 2021),  инчунин, суҳбату мулоқоти самимӣ бо сокинон ба ноҳияи Лахш ташриф оварданд.
Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар фурудгоҳ роҳбарияти ноҳия бо самимияти беандоза истиқбол гирифтанд.
Нахуст, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳраки Ваҳдати ноҳияи Рашт бинои шуъбаи кишоварзии ноҳияро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Он дуошёна буда, дорои 9 ҳуҷраи корӣ ва иншооти ёрирасон мебошад.
Бинои навбунёд дар доираи вусъати корҳои ободонию созандагӣ ба истиқболи сазовори 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади фароҳам овардани шароити арзандаи корӣ барои мутахассисони соҳаи кишоварзӣ сохта шуд.
Зимни шиносоӣ бо шароитҳои фароҳамшуда иттилоъ дода шуд, ки айни замон дар шуъбаи кишоварзӣ шаш мутахассиси соҳа кору фаъолияти назаррас дорад.
Ёдовар мешавем, ки шуъбаи кишоварзии ноҳияи Лахш қаблан дар бинои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ҷойгир буд ва чор ҳуҷраи корӣ дошт. Акнун, дар бинои наву замонавӣ мутахассисон имкон доранд, ки ҳуҷҷатнигорӣ, банақшагирӣ, ҳисобот ва дигар корҳои марбут ба соҳаи кишоварзиро бо сифат ба иҷро расонда, фаъолияти назаррас дошта бошанд.
Дар таҳхонаи бино бойгонӣ ҷойгир буда, ҳуҷраҳои корӣ бо мизу курсӣ ва техникаю таҷҳизоти зарурӣ муҷаҳҳазанд.
Маврид ба ёдоварист, ки шуғли асосии сокинони ноҳияи баландкӯҳи Лахш кишоварзӣ, чорвопарварӣ ва боғдорист. Аз ин рӯ, бинои мазкур барои фароҳам овардани шароити мусоиди корӣ ба мутахассисони ин бахши кишоварзӣ, бунёд шудааст.
Дар сохтмони иншооти нав мутахассисони маҳаллӣ ҷалб гардида, бо истифода аз масолеҳи баландсифат корҳои бунёдиро ба анҷом расондаанд. Бо баҳрабардорӣ қарор гирифтани боз як иншооти маъмурӣ дар баробари такмили инфрасохтор, ба ҳусни ин ноҳияи дурдасти кӯҳистони Тоҷикистон зебоии дигар зам гардид.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъулонро барои иҷрои босифати уҳдадориҳо ва ривоҷу равнақи бештари соҳаи кишоварзии ноҳияи Лахш вазифадор намуданд.
Саҳн ва атрофи иншоот бо дарахтони сояфкану ороишӣ ва гулҳои мавсимӣ зинат ёфтааст.
Пас аз ба истифода додани бинои шуъбаи кишоварзии ноҳияи Лахш Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ ва дастранҷи хоҷагидорон дидан карданд.
Аҳли заҳмати ноҳия навъҳои гуногуни сабзавоту полизӣ, ғалладона, меваи тару тозаи табиӣ, асал ва техникаи кишоварзиро ба намоиш гузоштанд.
 
Ифтитоҳи бинои шуъбаи бемориҳои сироятӣ
21 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳраки Ваҳдат бинои шуъбаи бемориҳои сироятиии беморхонаи марказии ноҳияи Лахшро ба истифода супурданд.
Шуъбаи бемориҳои сироятӣ аз ҷумлаи иншооти ҷашнӣ ба ифтихори 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, дорои 14 ҳуҷра ва 28 кати хоб мебошад.
Дар иншооти нав барои ташхису табобат ва баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ шароиту имконияти зарурӣ фароҳам аст.
Бинои шуъбаи бемориҳои сироятӣ дар шафати беморхонаи марказӣ ҷойгир буда, бо дастуру супоришҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади пешгирӣ ва ҳифзи саломатии сокинон аз бемориҳои гуногуни сироятӣ, хусусан COVID – 19, бунёд ёфт. Дар шуъбаи мазкур ҳуҷраҳои муоина, доругузаронӣ ва бистаринамоӣ мавҷуд буда, табибони соҳибтаҷриба ба кор ҷалб  шудаанд.
Ҳангоми шиносоӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъулонро барои истифодаи босамари дастгоҳу таҷҳизоти муосири тиббӣ, аз ҷумла дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ ва оксигенератор ба беморон, ҳидоят намуданд. Таъкид гардид, ки ҳангоми фаъолият бо беморон, пеш аз ҳама, муомилаи хуб дошта бошанд.
Акнун, табибон бо истифода аз таҷҳизоти пешрафта ба беморон хизмати босифати тиббӣ мерасонанд.
Солҳои ахир бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва татбиқи барномаҳои миллӣ дар соҳаи тандурустӣ дар шаҳру ноҳияҳои кишвар, аз ҷумла ноҳияи Лахш, дастовардҳо назаррасанд. Ин раванд имкон фароҳам овард, ки сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ беҳтар шавад.
Дар ноҳияи Лахш, дар баробари беморхонаи марказӣ, шаш беморхонаи минтақавӣ мавҷуд аст, ки 261 нафар мутахассиси соҳа ба 57 ҳазору 130 нафар аҳолӣ хизмати тиббӣ мерасонад. Давоми ду соли охир беморхонаи марказии ноҳия соҳиби ду нақлиёти ёрии таъҷилӣ, дастгоҳҳои рентгении рақамӣ, фаросавтӣ, сабти барқии дил, ултрасадо, ҷарроҳию эҳёгарӣ ва дигар таҷҳизоти муосири соҳавӣ гашт. 
Бинои нави шуъбаи бемориҳои сироятии ноҳияи Лахш дар рӯзҳои таҷлили 30-солагии Истиқлоли давлатӣ туҳфаи арзандаи Ҳукумати мамлакат ба кормандони соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ ба шумор меравад.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 21.09.2021    №: 188    Мутолиа карданд: 3241
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед