фарҳанг
«ШОМИ ДӮСТӢ». САДОЕ, КИ ТО БА СУРАЙЁ РАСИД
Чанд рӯз қабл ба ифтихори 20 - солагии Созмони ҳамкории Шанхай дар маҷмааи Кохи Борбад «Шоми дӯстӣ» баргузор гардид. Барномаи фарҳангӣ намояндагони фарҳехтаи ҳунари кишварҳои узви СҲШ - ро аз 8 давлат ба ҳам овард. Шом бо навои дӯстӣ ва каломи бародарӣ ибтидо ёфт. Намояндагони кишварҳои узви созмон ин шом аз меваи дарахти 20 - солаи парвардаи худ ком ширин намуданд.
Мухотаб ин буд:
Эй дӯст биё ба саргаҳи кишвари ман,
Бикшода ба рӯйи ту ҳамеша дари ман.
Хоҳӣ раҳи рафтанат маро бо худ бар,
Хоҳӣ ту бимон ҳамешагӣ дар бари ман.
Ин садои саршор аз рафоқату ҳамдилӣ, ба авҷи фалак печид ва то ба сурайё расид. Чунин ба назар мерасид, ки дӯстон - намояндагони кишварҳои узви СҲШ, ки бо ҳузури худ чорабиниро шукӯҳи дигар бахшиданд, арзу саломи соҳибхонаро ба хушнудӣ пазируфтанд. Ин шом бори дигар собит намуд: дӯстӣ Офтобест, ки ба дилҳо гармӣ мебахшад ва аз нури он олам мунаввар мешавад.
20 - солагии таъсисёбии Созмони ҳамкории Шанхай ба Ҷашни таърихии 30 - солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва соли раёсати Тоҷикистон дар Созмони Аҳдномаи дастаҷамъии СААД рост омад. Дар ин шабу рӯз пойтахти кишвари мо – шаҳри Душанбе маркази чорабиниҳои бузурги сатҳи байналмилалӣ шуд ва аз ҳузури дӯстон дигарбора мунаввар гашт. Дар Тоҷикистон баргузор гардидани чунин чорабиниҳои хосса барои минтақа пураҳамият бори дигар собит намуд, ки кишвари мо сарзамини дӯстии ҷовидон асту аз он чаманистон гашта.
Тоҷикистон яке аз давлатҳои таъсисдиҳанда ва иштирокчии фаъоли СҲШ шинохтаву эътироф гаштааст. Аҳдофи аслии СҲШ - ро коршиносон таҳкими боварии мутақобилан судманд ва ҳамсоягии неки кишварҳои узв, мусоидат ба ҳамкории самарабахши соҳаҳои сиёсӣ, тиҷорат, иқтисодӣ, илмӣ, техникӣ, фарҳангӣ, маориф ва амсоли инҳо арзёбӣ мекунанд. Аммо, магар ин ҳамаро метавон бе эҳтироми ҳамдигар ва дӯстӣ дарёфт? Не, албатта. Ба ҳамин хотир дар доираи нишасти муҳим, ки масоили вазъи кунунӣ ва дурнамои кишварҳои узв баррасӣ шуданд, «Шоми дӯстӣ» баргузор гардид.
Баробари оғози барномаи фарҳангӣ зери навои руҳбахш рақосаҳои хушхиром рӯйи саҳна омаданд. Дар пасманзари саҳна, рӯйи пардаи тасвир парчамҳои давлатҳои узви созмон ва рамзи 20 - солагии таъсиси Созмони ҳамкории Шанхай, ки дар он Душанбе ҳамчун макони баргузории чорабинӣ тасвир ёфта, аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тасдиқ гардидааст, пайдо шуд. Ин саҳнаро аҳли нишаст бо кафкӯбӣ истиқбол гирифтанд. Ҳар ҳаракате, ки рақосаҳо дар саҳна анҷом медоданд, дар худ рамз дошт. Онҳо бо як назокати хос парчамҳои давлатҳои узви созмонро болои сар оварданд, сипас рақосаҳои сафедпӯш чун кабӯтарони сулҳ атрофи онҳо чарх заданд, ки ин рамзи дӯстӣ, иттиҳод, баробариву якдилӣ мебошад.
Дар доираи барнома хӯша - хӯша аз чаманистони фарҳанги кишварҳои узви СҲШ пешниҳод гардид. Фарҳангҳои мухталифи кишварҳои узви созмон рӯйи саҳна ба ҳам омада, ваҳдати комили миллатҳову кишварҳоро танинандоз намуданд. Воқеан, чи хушоянд ва боиси фахр аст, ки ба ин ҳама арҷгузориҳо ба қадру манзалати якдигар ва бо ин васила таҳкими сулҳу осоиши байниҳамӣ кишвари мо - Тоҷикистон мусоидат намуд.
Фарзона ФАЙЗАЛӢ, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 21.09.2021 №: 188 Мутолиа карданд: 1805