logo

иҷтимоиёт

ХИВА. ЗАРФИЯТИ САЙЁҲИИ ЭКОЛОГИИ ТОҶИКИСТОН МАТРАҲ ШУД

 
Дар шаҳри Хиваи Ӯзбекистон таҳти сарпарастии ЮНЕСКО Форуми байналмилалии фарҳангии «Осиёи Марказӣ дар чорроҳаи тамаддунҳои ҷаҳонӣ» баргузор гардид. Дар он намояндагони созмонҳои байналмилалӣ, назири ЮНЕСКО, СҲШ, ICOMOS, IССROM, ТРЮКСОЙ, коршиносони кишварҳои ИДМ, Иттиҳоди Аврупо, коршиносони соҳаи мероси фарҳангии маҳаллӣ, илм, санъат ва дигарон иштирок намуданд.
Зарфиятҳои сайёҳии Тоҷикистонро дар форум Камолиддин Муминзод, муовини раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар чорабинӣ ширкат дошт, муаррифӣ намуд. 
Сайёҳии экологӣ, табобатию солимгардонӣ, сайругаштӣ, таърихию фарҳангӣ, кӯҳнавардӣ ва шикор барои Тоҷикистон самтҳои афзалиятнок ба шумор мераванд. Барои рушди ин навъҳои сайёҳӣ мавҷудияти захираҳои бузурги онҳо имкон фароҳам меоранд. Қуллаҳои баланд, аз ҷумла қуллаи Исмоили Сомонӣ бо баландии 7495 метр ва манзараҳои кӯҳие, ки дар он ҷо метавон чор фасли солро мушоҳида кард, обҳои  шифобахшу шаффоф, иншооти санаторию курортӣ, мавзеъҳои таърихию фарҳангӣ ба рақобатпазирии маҳсулоти сайёҳии мамлакат дар минтақа мусоидат менамоянд. 
Ҳоло ҳамкорӣ миёни ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шуда, хатсайрҳои минтақавӣ низ амалӣ шуда истодаанд. Ин омилҳо имкон медиҳанд, ки сайёҳони хориҷӣ зимни саёҳат ба Осиёи Марказӣ якбора аз се чор кишвари минтақа дидан намоянд. 
Хотиршинон менамоем, ки роҳнамои машҳури амрикоӣ ва австралиягии Lonely Planet Осиёи Марказиро минтақаи сол барои саёҳат дар соли 2020 муайян намуда, боздиди Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Туркманистонро тавсия дода буд. Вале бинобар пандемия сайёҳон аз кишварҳои дуру наздик ба ин минтақа сафар карда натавонистанд. Баъди ба маҷрои нав ворид шудани соҳа ва барқарор гаштани сафарҳои мунтазами сайёҳон ба кишварҳои ҷаҳон, Осиёи Марказӣ боз барои сайёҳон ба минтақаи диданӣ табдил хоҳад ёфт. 
Тарғиби дастовардҳои сайёҳӣ, маконҳои ҷолиби таърихию фарҳангӣ, манзараҳои зебову нотакрор ва табиати биҳиштосои Тоҷикистон дар чорабиниҳои минтақавию байналмилалӣ далели рушд ва густариши соҳаи сайёҳӣ дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон мебошад. 
 
Ш. ҚУРБОН, «Ҷумҳурият» 
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 21.09.2021    №: 188    Мутолиа карданд: 656
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед