logo

Хабарҳо

Навидҳои фарҳанг

ШОҲҶОИЗА НАСИБИ ДДОТ ШУД
Донишҷӯйи ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ Дилшод Ниёзов дар озмуни ҷумҳуриявии «Нақши китоби «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров дар шинохти асолати миллӣ» соҳиби Шоҳҷоиза гардид.
Озмуни мазкурро Академияи миллии илмҳо якҷо бо Кумитаи иҷроияи марказии ҲХДТ гузаронданд. Он дар байни хонандагони синфҳои болоии муассисаҳои таълимӣ ва донишҷӯён сурат гирифт. Муассисони озмун Дилшод Ниёзовро бо диплом ва 4000 сомонӣ қадр карданд.
 
 
АЗ «АНВОРИ МЕҲР» ТО БА «ФАЛАК»
Нашриёти “Адиб” маҷмуи шеърҳои шоир ва олими шинохта Кароматулло Олимзодаро бо номи “Анвори меҳр” ва пажӯҳиши номзади илми таърих Ҷонибек Асрориёнро зери унвони “Фалак” аз чоп баровард.
Файласуф Кароматулло Олимзода ва фарҳаншниос Ҷонибек Асрориён аз муаллифони фаъоли рӯзномаи «Ҷумҳурият» буда, намунаи шеъру мақолаҳояшон борҳо дар саҳифаҳои ин ҷарида рӯйи чопро дидаанд.
 
 
КИТОБХОНҲОИ БЕҲТАРИН МУАЙЯН ШУДАНД
Дар Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакар Озмуни ҷумҳуриявии Библиомарафон таҳти унвони “Ҳамнишине нест беҳтар аз китоб” ҷамъбаст гардид.
Тибқи хулосаи ҳайати ҳакамон 7 ғолиб ва 15 нафар иштирокчиёни фаъол муайян ва бо туҳфаҳои пулӣ сазовор гардиданд.
Шоҳҷоизаро Гулсуман Ғаниева, хонанда аз ноҳияи Восеъ соҳиб шуд. Ҷойи сеюм ба хонандагон Муҳаммадҷон Ҳалимов аз шаҳри Бохтар, Шаҳнозаи Сураҷ аз ноҳияи Ёвон ва Шукрона Салимова аз ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ насиб гардид.
Алиҷони Мирзоалӣ аз ноҳияи Нуробод, Азиза Шарифова аз шаҳри Конибодом сазовори ҷойи дуюм ва Назаршоев Назаршо аз ноҳияи Роштқалъа соҳиби ҷойи якум гардиданд.
 
Бузургмеҳри БАҲОДУР, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 1028
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед