logo

Хабарҳо

Туҳфаи Пешвои миллат - “Тоҷикон” ба Хуҷанд расид

Туҳфаи гаронарзиши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон - китоби «Тоҷикон» - и Қаҳрамони Тоҷикистон Бобоҷон Ғафуров бо теъдоди 43 422 нусха ба шаҳри Хуҷанд расид
Туҳфаи Пешвои миллатро Рукмина Сафарзода, муовини вазири молия, нахуст ба раиси шаҳр Фирдавс Шарифзода ва раисони 22 маҳаллаи шаҳр тақдим кард. Ӯ таъкид намуд, ки ин иқдоми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намунаи олии ватандӯстӣ, тарбияи ҷавонон дар руҳияи ифтихори ватандорӣ ва ҳифзи марзу буми кишвар аз ихтилофи сиёсӣ дар замони муосир, рушди анъанаҳои миллӣ дар заминаи таъриху осори гузаштагон, дастгириву ҳавасмандгардонии ҷавонон ба андӯхтани илму дониш, баланд бардоштани сатҳи маънавии ҷавонон, бедор намудани ҳисси худшиносии миллӣ, таблиғи дастовардҳои миллӣ, мустаҳкам намудани пояҳои Истиқлоли давлатӣ, пешгирии гаравиши ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ва парваридани инсони комил мебошад.
Раиси шаҳри Хуҷанд ба гурӯҳи кории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ҷиҳати ба ҳар як оила расондани туҳфаи Пешвои миллат дастур дод.
 
 
Сафири тоҷик ба Президенти Миср эътимоднома супурд
Заробиддин Қосимӣ, сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Арабии Миср, ба Президенти ин кишвар Абдулфаттоҳ ас-Сисӣ эътимоднома супурд.
Бо истифода аз фурсати муносиб дипломати тоҷик салому паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Президенти Ҷумҳурии Арабии Миср расонда, таъкид дошт, ки Тоҷикистон алоқаманди густариши робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкории мутақобилан судманд бо давлати бародари Миср ва мардуми соҳибистеъдоди он аст.
Абдулфаттоҳ ас-Сисӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дуруди самимӣ баён дошта, ба cафири нави Тоҷикистон барору комёбӣ таманно намуд.
 
 
Мулоқот бо вазири неруи Ҷумҳурии Исломии Эрон
Дар Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти кории вазири энергетика ва захираҳои об Далер Ҷумъа бо вазири неруи Ҷумҳурии Исломии Эрон ҷаноби Алиакбари Меҳрубониён баргузор гардид. 
Дар дидор ҷонибҳо оид ба зарурати таҳияи дурнамои рушди ҳамкориҳо дар соҳаи энергетика, захираҳои об ва нафту газ мубодилаи афкор намуданд.
Масъалаҳои таҳкими ҳамкориҳо дар самти татбиқи лоиҳаҳо дар минтақа, ҳамчунин, татбиқи лоиҳаи НБО “Роғун”, нақшаи маблағгузории лоиҳа ва ислоҳоти соҳаи энергетикаро мавриди баррасӣ қарор доданд.
 
 
КОРОНАВИРУС. 
Ягон ҳолати гирифторшавӣ сабт нашудааст
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки шабонарӯзи охир дар мамлакат ягон ҳолати нави гирифторшавии шаҳрвандон ба коронавирус - COVID-19 ба қайд гирифта нашудааст.
Дар маҷмуъ, аз аввали бақайдгирӣ то имрӯз  дар мамлакат 17084 нафар гирифтори коронавирус шуда, аз ин шумора 16960 кас шифо ёфтааст. Аз бемории мазкур 124 нафар фавтид.
Сарфи назар аз ин, назорати эпидемиологии бемории COVID-19 дар гузаргоҳҳои сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ҳудуди шаҳру ноҳияҳо ба таври мунтазам идома ёфта, рафтуомади шаҳрвандон ба хориҷи кишвар ва ба ҳудуди мамлакат таҳти назорати қатъӣ қарор дорад.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 1060
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед