logo

суханрониҳо

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарону фаъолони ноҳияи Тоҷикобод, 21 сентябри соли 2021

Ҳамватанони азиз!
Ҳозирони гиромӣ!
Пеш аз ҳама, Ҷашни бузурги таърихиву тақдирсози сиюмин солгарди Истиқлоли давлатиро ба ҳар як сокини сарбаланду заҳматқарини ноҳияи Тоҷикобод табрик гуфта, барои дастгирӣ аз сиёсати давлату Ҳукумати мамлакат, заҳмати содиқона ба хотири пешрафти Ватан ва истиқболи самимӣ ба хурду бузурги ноҳия арзи сипос менамоям.
Иқдомоти бузурги созандагиву бунёдкории сӣ соли охир маҳз ба шарофати истиқлолу озодии Ватан ва, албатта, бо заҳмати содиқонаи мардуми ватандӯсту ватанпарвар, сарбаланду соҳибхирад ва соҳибэҳтироми тоҷик амалӣ гардидаанд.
Ҳоло аз баракати Истиқлоли давлатӣ тамоми шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистони азизамон, аз ҷумла ноҳияи Тоҷикобод, ба таври бесобиқа ободу зебо шудааст.
Бояд гуфт, ки Ҳукумати мамлакат аз оғози даврони истиқлол ба масъалаи рушди ноҳияҳои кӯҳистон эътибори аввалиндараҷа дода, то имрӯз дар ин самт аз тамоми захираву имкониятҳо истифода карда истодааст. Аз ҷумла, бо дастгирии пайвастаи Ҳукумати мамлакат дар ин давра барои таъмин намудани рушди устувори соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии ноҳияи Тоҷикобод ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии сокинони он беш аз 780 миллион сомонӣ равона карда шудааст.
Танҳо барои пӯшондани хароҷоти буҷети маҳаллӣ ва маблағгузории соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии ноҳия аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ дар ин давра зиёда аз 316 миллион сомонӣ ҷудо гардидааст.
Тайи солҳои соҳибистиқлолӣ дар ноҳия 12 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи беш аз 400 миллион сомонӣ амалӣ гардида, имрӯзҳо татбиқи боз 5 лоиҳаи дигар идома дорад, ки дар доираи онҳо то ба ҳол 14 миллион сомонӣ аз худ карда шудааст.
Ҳамзамон бо ин, ҷиҳати идомаи раванди корҳои ободониву созандагӣ ва рушди ноҳия, хусусан, барои беҳтар намудани шароити инфрасохтор ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ дар барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳияи Тоҷикобод барои солҳои 2021 – 2025 амалисозии 165 лоиҳа ба маблағи умумии 102 миллион сомонӣ пешбинӣ гардидааст.
Дар давоми 30 сол дар ҳудуди ноҳия 277 иншооти муҳими иҷтимоиву иқтисодӣ, аз ҷумла 115 иншоот, аз ҷониби соҳибкорони ноҳия бунёд ва азнавсозӣ шудааст, ки дар натиҷа маркази ноҳия ва деҳоти он хеле обод гардида, бисёр мушкилоти иҷтимоии сокинон бартараф ва сатҳу сифати зиндагии мардум бамаротиб беҳтар шудааст.
Тибқи нақшаи корҳои созандагӣ ба муносибати Ҷашни 30 – солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳия қариб 60 иншооту биноҳои нави истеҳсоливу иҷтимоӣ ва хизматрасонӣ сохта, ба истифода дода шудаанд.
Бо изҳори сипос аз заҳмати содиқонаи мардум хотирнишон месозам, ки корҳои ободониву бунёдкориро минбаъд низ идома дода, ба фаъолияти муназзам ва истифодаи самараноки иншооти бунёдшуда диққати аввалиндараҷа дода шавад.
Кишоварзӣ соҳаи асосии иқтисодиёти ноҳия ба ҳисоб рафта, барои бо ҷойи корӣ таъмин намудани аҳолӣ нақши муҳим дорад. Соҳаи мазкур дар ноҳия бо дастгирии пайвастаи Ҳукумати мамлакат ва заҳмати пурмаҳсули кишоварзон сол ба сол тараққӣ карда, соли 2020 ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ 180 миллион сомониро ташкил кардааст.
Дар давраи соҳибистиқлолӣ нишондиҳандаи мазкур 2,8 баробар, аз ҷумла маҳсулоти растанипарварӣ 2,7 баробар ва маҳсулоти чорвопарварӣ 2,9 баробар, афзоиш ёфтааст.
Тибқи маълумоти оморӣ дар давоми 30 соли соҳибистиқлолӣ дар ноҳия истеҳсоли ғалладонагиҳо 3 баробар, картошка 2,3, сабзавот 15, мева 19, гӯшт 2,4, шир 3 ва асал 21 баробар зиёд гардидааст.
Дар доираи барномаҳои мақсадноки давлатӣ дар ноҳияи Тоҷикобод дар 20 соли охир 430 гектар замини нав аз худ гардида, қариб 6 километр корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ анҷом дода шудаанд.
Яке аз роҳҳои зиёд кардани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот ва амнияти озуқаворӣ истифодаи самараноки обу замин, баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳои кишоварзӣ ва маҳсулнокии чорво мебошад. Бинобар ин, ба роҳбарону масъулон зарур аст, ки ҷиҳати истифодаи оқилонаи ҳар як ваҷаб замин, аз ҷумла заминҳои президентӣ ва наздиҳавлигӣ ва риояи агротехникаи парвариши зироатҳо ва истифодаи васеи тухмиҳои хушсифат, тадбирҳои судманд андешанд.
Бори дигар таъкид менамоям, ки дар шароити кӯҳистони ноҳияи Тоҷикобод ва, умуман водии Рашт, боғдорӣ, картошкапарварӣ, чорводорӣ ва занбӯриасалпарварӣ соҳаҳои сердаромад ба ҳисоб рафта, дар тақвияти иқтидори содиротии кишвар ва бо кор таъмин намудани аҳолӣ нақши муҳим доранд.
Ҳанӯз қариб 10 сол пеш дар машварати картошкапарварон масъулони ноҳия вазифадор гардида буданд, ки ҷиҳати ба роҳ мондани кишти навъҳои серҳосили картошка ва васеъ намудани майдони кишти он чораҷӯйӣ намоянд.
Дар ин давра дар ноҳия майдони кишти картошка қариб 3 баробар зиёд шудааст, аммо ҳосилнокии он 2 баробар коҳиш ёфтааст, ки чунин вазъ роҳбарону мутахассисонро ба андешидани тадбирҳои иловагӣ водор месозад.
Боғдорӣ яке аз самтҳои афзалиятнок ва даромадноки ноҳия ба ҳисоб рафта, тайи солҳои соҳибистиқлолӣ майдони боғҳо қариб 1200 гектар афзоиш ёфтааст.
Ҳарчанд дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ саршумори ҳамаи намудҳои чорво кам шуда, қариб ба нестӣ расида буд, ҳоло саршумори он афзоиш ёфтааст, аз ҷумла саршумори чорвои калон 1,8 баробар, чорвои майда 2,3 ва оилаҳои занбӯри асал 12 баробар зиёд гардидаанд.
Бо вуҷуди дастовардҳои зикршуда, имкониятҳои ноҳия доир ба зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ҳанӯз ҳам ба таври зарурӣ ва пурра истифода нашуда истодаанд.
Вобаста ба ин, масъулони ноҳия вазифадоранд, ки ҷиҳати афзоиш додани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, таъсиси марказҳои логистикӣ, нигоҳдориву коркард, бандубаст ва содироти маҳсулоти кишоварзӣ якҷо бо вазорату идораҳои дахлдор чораҳои заруриро роҳандозӣ намоянд.
Ҳозирони гиромӣ!
Дар давоми 30 соли соҳибистиқлолӣ дар ҳудуди минтақаи Рашт, аз ҷумла ноҳияи Тоҷикобод, якчанд лоиҳаи хурду миёна доир ба таъминот бо неруи барқ ба маблағи умумии 24 миллион сомонӣ амалӣ гардида, Неругоҳи барқи обии «Фатҳобод» бо иқтидори 282 киловатт бунёд шудааст.
Илова бар ин, дар даврони соҳибистиқлолии кишвар дар ҳудуди ноҳияҳои водии Рашт чандин лоиҳаҳои муҳими сармоягузории давлатӣ доир ба роҳу нақлиёт амалӣ гардидааст. Аз ҷумла, бевосита дар ҳудуди ноҳияи Тоҷикобод марҳалаи сеюми лоиҳаи «Барқарорсозии роҳи Душанбе – Қарамиқ» ва қисми лоиҳаи «Беҳтар намудани нигоҳдории роҳҳои Тоҷикистон» ба маблағи умумии 370 миллион сомонӣ, татбиқ карда шудааст.
Дар ҷараёни сафари қаблии худ ба минтақа мо лоиҳаи бунёди роҳи Роғун – Обигарм – Нурободро, ки идомаи тадбирҳои созандаи Ҳукумати мамлакат доир ба рушди ноҳияҳои водии Рашт ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мебошад, оғоз намудем.
Бовар дорам, ки лоиҳаи зикршуда дар ояндаи наздиктарин ба анҷом расида, ба рушди иқтисодиву иҷтимоии ноҳияҳои водӣ, аз ҷумла ноҳияи Тоҷикобод, такони ҷиддӣ мебахшад.
Ҳукумати мамлакат барои ҳалли масъалаҳои иҷтимоии ноҳияҳои кӯҳистон, аз ҷумла дар самти фароҳам овардани шароити мусоиди таълиму тарбия, беҳтар гардондани хизматрасонии тиббӣ ва дигар бахшҳои иҷтимоӣ, ҳамеша ғамхорӣ ва таваҷҷуҳ зоҳир мекунад.
Дар ин давра ҳаҷми маблағгузорӣ ба соҳаи маорифи ноҳия 10 баробар зиёд шуда, ба зиёда аз 20 миллион сомонӣ дар соли 2021 расидааст, ки ин барои сохтмони муассисаҳои таълимии ба талаботи замона ҷавобгӯ, муҷаҳҳаз гардондани онҳо бо ашёи зарурӣ, тайёр кардани кадрҳои баландихтисос ва бо ин роҳ боло бурдани сатҳу сифати таълиму тарбия мусоидат намудааст.
Масалан, дар замони соҳибистиқлолӣ танҳо дар ноҳияи Тоҷикобод 51 бинои нави таълимӣ барои зиёда аз 7320 хонанда сохта, ба истифода дода шудааст. Инчунин, дар 15 соли охир маблағгузории соҳаи тандурустӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ 14 баробар зиёд шудааст.
Ҳоло вазифаи роҳбарону масъулони соҳаҳои зикршуда аз он иборат аст, ки ба масъалаҳои баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот, зиёд намудани фарогирии кӯдакон дар муассисаҳои томактабӣ ва марказҳои рушди кӯдакон, иҷрои пурраи тадбирҳои барномаҳои соҳавӣ, аз ҷумла боз ҳам беҳтар намудани сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ, эътибори аввалиндараҷа диҳанд.
Ҳамчунин, устодону омӯзгорон, падару модарон, аҳли зиё ва фаъолон бояд ба тарбияи наврасону ҷавонон, яъне насли ояндасоз диққати ҷиддӣ диҳанд, ба онҳо барои омӯхтани илму дониш ва касбу ҳунар шароит муҳайё созанд, моҳият ва аҳамияти истиқлолу озодӣ, сулҳу оромӣ ва ваҳдати миллиро фаҳмонанд, то ки фарзандони мо ҳамчун насли босаводу соҳибмаърифат ва огоҳу донишманд ба камол расида, дар оянда ба Ватан, давлат ва миллати худ содиқона хизмат кунанд.
Бовар дорам, ки сокинони заҳматқарин ва бонангу номуси ноҳияи Тоҷикобод ба шукронаи озодиву соҳибихтиёрии давлати тоҷикон дар ҷодаи обод намудани Ватани маҳбуби худ минбаъд низ бо қадамҳои устувор пеш мераванд ва дар ояндаи наздик бо заҳмати аҳлона диёри хешро боз ҳам ободу зебо мегардонанд.
Тавре қаблан гуфта будам, Тоҷикобод дар ҳақиқат диёри биҳиштосо буда, номи хеле зебо дорад, ки он ҳамрадифи номи миллат, номи Тоҷикистони азиз ва ҳамсоли даврони соҳибистиқлолии кишвар аст.
Дар Тоҷикистон танҳо як ноҳия номи миллатро дорад ва бинобар ин, масъулияти тоҷикободиҳо бояд аз дигарон бештар бошаду бо ин ном ифтихор намоянд.
Бори дигар кулли мардуми меҳмоннавозу сарбаланди ноҳия ва ҳамаи шумо, ҳозирони арҷмандро ба муносибати Ҷашни бузурги сисолагии Истиқлоли давлатӣ самимона табрик гуфта, ба шумо саломатӣ, хонаи обод ва барори кор мехоҳам.
Ҳамеша тандурусту сарбаланд бошед, ҳамдиёрони азиз!
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 22.09.2021    №: 189    Мутолиа карданд: 4588
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед