суханрониҳо
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарону фаъолони ноҳияи Лахш, 21 сентябри соли 2021
Муҳтарам роҳбарону фаъолон ва намояндагони мардуми ноҳияи Лахш!
Имрӯз мову шумо сарфароз аз он ҳастем, ки дар рӯзҳои Ҷашни муқаддаси 30-солагии Истиқлоли давлатӣ, ки ба шарофати он дар кишвари маҳбубамон суботу оромӣ ва руҳияи баланди созандагиву бунёдкорӣ вусъати бесобиқа касб кардааст, мулоқоти навбатиамон дар ин гӯшаи зебоманзари Тоҷикистони маҳбубамон баргузор мегардад.
Бинобар ин, бо истифода аз фурсат ҳамаи шумо, ҳозирони арҷманд ва ҳар як сокини бонангу номуси ноҳияи Лахшро ба ифтихори Ҷашни бузургу таърихии Ватани азизамон – 30-солагии Истиқлоли давлатӣ самимона табрик мегӯям.
Боиси ифтихори тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон аст, ки озодӣ ва Истиқлоли давлатӣ барои рушду тараққиёти кишвар имконияти таърихӣ фароҳам овард.
Дар ин раванд, ноҳияҳои дурдасти кӯҳистон, аз ҷумла ноҳияи Лахш, бо дастгириву ғамхории Ҳукумати мамлакат ва заҳмати содиқонаву ватандӯстонаи сокинон ба дастоварду пешравиҳои бесобиқа ноил гардид.
Дар даврони соҳибистиқлолӣ бо дастгирии доимии Ҳукумати мамлакат барои ҳалли масъалаҳои иҷтимоии ноҳияи Лахш ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардуми он аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо зиёда аз 1,2 миллиард сомонӣ маблағ хароҷот гардидааст.
Дар ин давра, инчунин, аз буҷети ҷумҳуриявӣ барои пӯшондани хароҷоти буҷети ноҳия беш аз 320 миллион сомонӣ маблағҳои мақсаднок ҷудо карда шуданд.
Тайи 30 соли соҳибистиқлолӣ дар ҳудуди ноҳия 21 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи зиёда аз 700 миллион сомонӣ амалӣ гардида, имрӯзҳо татбиқи боз 3 лоиҳаи дигар идома дорад.
Дар баробари ин, бояд гуфт, ки дар ин муддат ба ноҳия ҳамагӣ 150 ҳазор сомонӣ сармояи мустақими хориҷӣ ҷалб гардидааст, ки чунин нишондиҳанда бисёр ночиз мебошад ва сохтору мақомоти дахлдорро водор месозад, ки дар ин бора андеша кунанд.
Дар даврони Истиқлоли давлатӣ барои бунёди иншооти гуногуни иҷтимоиву иқтисодӣ дар ноҳия зиёда аз 340 миллион сомонӣ равона гардидааст ва ҷиҳати беҳтар намудани шароити зиндагии сокинон қариб 1450 гектар замин барои хоҷагиҳои ёрирасон ҷудо карда шудааст.
Илова бар ин, тибқи Барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳияи Лахш барои солҳои 2021 – 2025 амалисозии 224 лоиҳа ба маблағи умумии 221 миллион сомонӣ пешбинӣ гардидааст, ки ба таъмин намудани фаъолияти муназзами инфрасохтори ноҳия, бунёди иншооти иҷтимоӣ, истеҳсоливу хизматрасонӣ ва таъсиси садҳо ҷойи нави корӣ мусоидат мекунад.
Мардуми сарбаланди ноҳияи Лахш мисли дигар сокинони кишвар ба хотири истиқболи сазовори Ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ корҳои зиёди ободониву созандагиро ба роҳ монда, то имрӯз иншооти тибқи нақша пешбинишударо сохта, ба истифода додаанд.
Тибқи маълумот ҳоло корҳои созандагӣ идома доранд ва дар ояндаи наздиктарин маркази ноҳия ва деҳоти он хеле замонавӣ ва зебо гардида, бисёр мушкилоти иҷтимоии сокинон бартараф карда мешаванд.
Қобили зикр аст, ки дар раванди ободонӣ соҳибкорону шахсони саховатпешаи ноҳия саҳми хеле назаррас гузошта истодаанд.
Дар даврони соҳибистиқлолӣ аз ҷониби бонкҳои кишвар ба аҳолӣ ва субъектҳои соҳибкории ноҳия, ки шумораи онҳо ҳоло 2640 субъектро ташкил медиҳад, 245 миллион сомонӣ қарз дода шудааст.
Бо мақсади баланд бардоштани фаъолнокии иқтисодии мардум, тақвияти фаъолияти соҳибкорӣ ва хусусан, ҷиҳати ноил шудан ба ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии босуръати кишвар боз ҳам беҳтар намудани дастрасии аҳолӣ ва субъектҳои соҳибкории ноҳия ба воситаҳои молиявӣ хеле муҳим мебошад.
Бинобар ин, бонкҳои кишвар ва дигар ташкилотҳои қарздиҳӣ бояд ба ин масъала аҳамияти ҷиддӣ зоҳир намоянд.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки соҳаи саноат дар ноҳияи Лахш бомаром рушд карда истодааст. Дар коргоҳу корхонаҳои саноатии ноҳия, асосан, маҳсулоти хӯрокворӣ, аз ҷумла маҳсулоти гӯштиву ширӣ, қаннодӣ ва истеҳсоли масолеҳи сохтмон, ба роҳ монда шудааст.
Дар баробари ин, хотирнишон менамоям, ки имкониятҳои ноҳия дар самти ба роҳ мондани истеҳсоли маҳсулоти дӯзандагӣ, қолинбофӣ, атласу адрасбофӣ, косибӣ ва дигар ҳунарҳои мардумӣ, инчунин, таъмин намудани фаъолияти муназзами коргоҳу корхонаҳои заршӯии хусусӣ ҳанӯз пурра истифода нашудаанд. Зарур аст, ки дар ин самт тадбирҳои зарурӣ андешида шаванд.
Дар натиҷаи заҳмати софдилонаи кишоварзони асили ноҳия соли 2020 ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ ба 333 миллион сомонӣ баробар гардидааст, ки афзоиши он назар ба солҳои аввали соҳибистиқлолӣ беш аз 3 баробарро ташкил медиҳад.
Соли гузашта дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ноҳия дар майдони 8,8 ҳазор гектар кишти зироатҳои кишоварзӣ гузаронда шудааст, ки дар муқоиса бо солҳои аввали истиқлол қариб 1400 гектар зиёд мебошад.
Дар ин давра майдони боғҳо 1325 гектар зиёд шуда, ҳаҷми истеҳсоли мева 20 баробар, ғалладонагӣ 1,8, картошка 4,1, сабзавот 6,8, шир 3,7 ва асал 4,8 баробар афзоиш ёфтааст.
Маҳз дар натиҷаи ба аҳолии ноҳия тақсим намудани 1450 гектар замин, аз ҷумла 1150 гектар заминҳои обӣ ҳамчун заминҳои ёрирасони шахсӣ, яъне заминҳои президентӣ, хоҷагиҳои ноҳия ба дастовардҳои назаррас ноил гардидаанд.
Илова бар ин, дар чанд соли охир аз ҳисоби буҷети давлат 330 гектар заминҳои нав аз худ гардида, 5,3 километр корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ анҷом дода шудаанд ва дар натиҷаи барқарорсозии шабакаҳои обрасонӣ 360 гектар замин ба гардиши кишоварзӣ ворид карда шудааст.
Бояд гуфт, ки картошкапарварӣ ва боғдорӣ самтҳои асосии соҳаи кишоварзии ноҳияи Лахш буда, дар таъминоти бозори истеъмолии кишвар бо картошка ва меваи тару тоза, инчунин, таҳкими иқтидори содиротии мамлакат ва бо шуғли доимӣ таъмин намудани аҳолӣ нақши муҳим дорад.
Соли 2020 кишоварзони ноҳия истеҳсоли картошкаро ба 102 ҳазор тонна расондаанд, ки, албатта, боиси таҳсину дастгирӣ мебошад.
Дар баробари ин, таъкид месозам, ки дар сурати истифодаи самараноки захираҳои дар ноҳия вуҷуддошта истеҳсоли картошкаро то 150 ҳазор тонна расондан мумкин аст.
Дар ин самт, пеш аз ҳама, зарур аст, ки доир ба азхудкунии заминҳои нав, беҳтар кардани ҳолати мелиоративии заминҳо ва баланд бардоштани ҳосилнокӣ тадбирҳои зарурӣ андешида шаванд. Тибқи таҳлилҳо дар ноҳия тайи 30 соли охир ҳосилнокии картошка аз 210 то 187 сентнер аз ҳар гектар кам гардидааст.
Қобили зикр аст, ки тайи солҳои соҳибистиқлолӣ дар ноҳияи Лахш соҳаи чорводорӣ низ ба таври назаррас тараққӣ карда, саршумори чорвои калон аз 1,6 то 2 баробар, чорвои хурд 29 фоиз ва оилаи занбӯри асал 27 баробар зиёд гардидааст.
Бовар дорам, ки кишоварзони ноҳия ҷиҳати боз ҳам афзоиш додани ҳаҷми маҳсулоти кишоварзӣ, таъмини беҳтари бозори истеъмолӣ ва ҳифзи амнияти озуқавории кишвар тамоми таҷриба ва малакаи худро сафарбар менамоянд.
Тайи сӣ соли соҳибистиқлолӣ аз ҷониби Ҳукумати мамлакат барои рушди соҳаи роҳу нақлиёти минтақаи Рашт 13 лоиҳаи сармоягузорӣ ба маблағи зиёда аз 2,5 миллиард сомонӣ амалӣ гардида, 614 километр роҳ ва 25 пул сохта, ба истифода дода шудааст. Аз ҷумла, дар ҳудуди ноҳияи Лахш 4 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи 960 миллион сомонӣ татбиқ гардида, дар доираи онҳо 255 километр роҳ ва 15 пул бунёд гардидааст.
Ҳоло дар минтақаи Рашт, аз ҷумла ноҳияи Лахш, боз 3 лоиҳаи сармоягузорӣ ба маблағи умумии қариб 5 миллиард сомонӣ амалӣ шуда истодааст, ки дар доираи он 100 километр роҳҳои аҳамияти байналмилалӣ ва ҷумҳуриявӣ, 3 нақб ва 20 пул бунёд карда мешаванд ва бо анҷоми лоиҳаҳои зикршуда ноҳияи Лахш мисли дигар ноҳияҳои минтақа ба масири транзити байналмилалӣ табдил меёбад.
Тавре ки аз таҳлилҳо бармеояд, дар натиҷаи тадбирҳои амалигардида дар 5 соли охир тавассути роҳҳои ноҳия ҳаҷми боркашонӣ 5 баробар ва мусофиркашонӣ 10 баробар афзоиш ёфтааст.
Бо мақсади беҳтар гардондани таъминоти аҳолии ноҳияи Лахш солҳои 1991 – 2020-ум 3 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи беш аз 50 миллион сомонӣ татбиқ гардида, аз ҷумла барои бунёду ба истифода додани Неругоҳи барқи обии «Питовкӯл» бо иқтидори 1000 киловатт, 23 миллион сомонӣ равона карда шуд. Ҳоло дар ноҳия боз як лоиҳаи дигар дар самти беҳтар гардондани низоми интиқоли барқ татбиқ шуда истодааст.
Аз ҷониби Ҳукумати мамлакат барои муҳайё кардани шароити мусоиди таълиму тарбия, яъне бунёди мактабҳои замонавӣ, баланд бардоштани сифати таълим ва ба камол расондани мутахассисони баландихтисос дар ноҳияи Лахш то имрӯз хеле корҳои назаррас анҷом дода шудаанд. Дар 20 соли охир ҳаҷми маблағгузорӣ ба соҳаи маорифи ноҳияи Лахш қариб 50 баробар зиёд карда шуд.
Тайи солҳои соҳибистиқлолӣ дар ноҳия 23 бинои нави таълимӣ барои 7000 ҷойи нишаст бунёд карда шуда, соли равон сохтмони 2 бинои таълимӣ ва синфхонаҳои иловагӣ бо 720 ҷойи нишаст мавриди истифода қарор дода мешаванд.
Ҳоло аз ноҳияи Лахш тибқи Квотаи президентӣ 160 нафар донишҷӯ дар муассисаҳои таҳсилоти олии мамлакат таҳсил мекунад ва вобаста ба эҳтиёҷоти ноҳия минбаъд низ тибқи квота ба таҳсил фаро гирифтани хатмкунандагони мактабҳои ноҳия идома дода мешавад.
Дар бист соли охир маблағгузории соҳаи тандурустии ноҳия 79 баробар зиёд гардида, дар ин давра 2 маркази саломатии деҳот, 18 бунгоҳи саломатӣ ва 2 беморхона бунёд ва маркази саломатии ноҳиявӣ, 9 маркази саломатии деҳот, 29 бунгоҳи саломатӣ ва 3 беморхона таъмиру азнавсозӣ карда шудаанд.
Ҳамчунин, беморхонаи марказии ноҳия дар замони Истиқлоли давлатӣ сохта, бо таҷҳизоти муосир таҷҳизонда шуд ва ҳоло дастрасӣ ва сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ хеле беҳтар гардидааст.
Бо вуҷуди ин, роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияро зарур аст, ки барои боз ҳам беҳтар гардондани шароити хизматрасонии тиббӣ, инчунин, дар самти фаъолияти муназзами муассисаҳои фарҳангӣ, аз ҷумла китобхона, боғи фарҳангу фароғат, осорхонаи таърихиву кишваршиносӣ ва дигар муассисаҳои фарҳангӣ, таваҷҷуҳи доимӣ зоҳир намоянд.
Ҳамчунин, хотирнишон месозам, ки тайёрӣ ба зимистон, дар навбати аввал, омода кардани муассисаҳои иҷтимоӣ, ҷамъоварии саривақтии ҳосил ва захираи маводи ғизоӣ аз ҷумлаи вазифаҳои муҳимтарини ин рӯзҳо мебошанд.
Бо қаноатмандӣ мехоҳам иброз намоям, ки сокинони заҳматқарини ноҳияи Лахш мисли дигар шаҳру ноҳияҳои кишвар дар фазои сулҳу салоҳ ва ваҳдати миллӣ зиндагӣ доранд ва барои ободиву пешрафти диёри худ заҳмат мекашанд.
Воқеан, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ неъмати бузурге мебошанд, ки ба шарофати онҳо мардуми Тоҷикистон Ватани маҳбуби худ ва ҳамаи гӯшаву канори онро бо заҳмати софдилонаву аҳлона обод карда, ба сӯи фардои боз ҳам осудаву пешрафта бо қадамҳои устувор пеш мераванд.
Бовар дорам, ки мардуми ватандӯст, бонангу номус ва матиниродаи ноҳияи Лахш ба шукронаи давлати соҳибистиқлол ва Ватани соҳибихтиёр дар оянда низ барои ҳимояи дастовардҳои таърихии халқамон саъю талош карда, барои боз ҳам ободу пешрафта гардондани диёри худ ва Тоҷикистони азизамон содиқонаву софдилона заҳмат мекашанд.
Бори дигар кулли мардуми ватандӯсти ноҳияи Лахш ва ҳамаи шумо, ҳозирони арҷмандро ба ифтихори сиюмин солгарди Истиқлоли давлатӣ самимона табрик гуфта, ба ҳар яки шумо саломатӣ, хушбахтӣ, хонаи обод ва барори кор орзу менамоям.
Ҳамеша тандурусту муваффақ бошед, ҳамдиёрони азиз!
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 22.09.2021 №: 189 Мутолиа карданд: 4752