logo

сафарҳо

ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ВОДИИ РАШТ

БОЗДИД АЗ НАМОИШИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ ДАР НОҲИЯИ ЛАХШ
Дар доираи сафари корӣ дар ноҳияи Лахш Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои сокинон боздид намуданд.
Дар ин ҷо намунаи ҳунарҳои мардумӣ, хӯрокҳои миллӣ, маҳсулоти нонӣ ва, дар маҷмуъ, маҳсули дасти ҳунармандон ва дастовардҳои сокинони шаҳраку нуҳ деҳоти ноҳияи Лахш намоиш дода шуд.
Солҳои Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Лахш ҷиҳати расидан ба нишондиҳандаҳои баланди истеҳсолӣ дар соҳаи саноат, соҳибшуғл намудани сокинон, махсусан занону духтарони хонанишин, рушди соҳаҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва эҳёи ҳунарҳои қадимаи мардумӣ тадбирҳои муҳим амалӣ гардид ва имрӯз натиҷаҳо дар ҳамаи бахшҳо назаррас мебошанд.
Дар намоишгоҳ ба Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, асосан, намунаи зиёди ҳунарҳои мардумӣ, аз қабили ҳунари гулдӯзӣ, кашидадӯзӣ, чӯбтарошӣ, кулолгарӣ, кандакорӣ, оҳангарӣ, маҳсулоти нонӣ, ба монанди кулчаю фатир бо андозаҳои гуногун, шириниҳо, чаппотӣ, самбӯса ва чанд намуд хӯрокҳои миллӣ, ки ба мардуми ин ноҳияи дурдасти Тоҷикистон хос мебошанд, муаррифӣ гардид.
Ҳамчунин, дар ноҳияи Лахш ҷиҳати эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ, ҷалби ҷавонон ба ҳунарҳои қадима, ки аз давраҳои пеш то ба имрӯз нигоҳ дошта мешавад, тадбирҳои зарурӣ амалӣ шуд.
Дар ноҳия дар доираи Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ барои ҳифз ва эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, санъати миллӣ, фарҳангу анъанаҳои хоси миллати тоҷик, муаррифии имкониятҳои сайёҳӣ марказҳои омӯзиши касбу ҳунар, коргоҳу корхонаҳои дӯзандагӣ, адрасбофӣ ва нуқтаҳои намоиш ва фурӯши ҳунарҳои мардумӣ бунёд ёфтанд, ки ба ин восита шароити кору хизматрасонӣ ба аҳолӣ беҳтар ва даҳҳо нафар бо ҷойи кор таъмин шуданд.
Дар намоишгоҳ, ҳамзамон, сарулибоси миллӣ аз қабили чакан, атласу адрас, либоси ягонаи корӣ ва имкониятҳои сайёҳии ноҳия муаррифӣ гардид. Тавре иттилоъ дода шуд, давоми солҳои 2019 – 2021 ҷиҳати рушди соҳаи туризм, махсусан туризми кӯҳнавардӣ ва ҷалби сайёҳони дохилию хориҷӣ ба мавзеъҳои зебою нотакрори ноҳияи Лахш, иншооти зиёди хизматрасонӣ бунёд гашт, ки имрӯз аз чунин шароити мусоид сайёҳон истифода мебаранд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид аз намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ ва суҳбати самимӣ бо ҳунармандони чирадасти ноҳия таъкид намуданд, ки миллати тоҷик дорои фарҳанги баланд, бунёдкору ободгар ва меҳнатдӯст мебошад. Дар робита ба ин, насли ояндаи Тоҷикистон хоса ҳунармандону фарҳангшиносонро зарур аст, ки ин анъанаи ниёгонамонро идома дода, барои эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ ва ҷалби ҷавонон ба касбу ҳунарҳои қадима аз имкониятҳои мавҷуда самаранок истифода намоянд.
 
МУЛОҚОТ БО РОҲБАРОНУ ФАЪОЛОНИ НОҲИЯИ ЛАХШ
21 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз ифтитоҳи як қатор иншооти таъиноти гуногун бо роҳбарону фаъолони ноҳияи Лахш мулоқоти самимӣ доир карданд.
Нахуст Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи иштирокчиёни мулоқот ва сокинони заҳматдӯсти ноҳияи Лахшро бо Ҷашни бузурги миллӣ - 30 - солагии Истиқлоли давлатӣ табрику таҳният гуфтанд.
Дар даврони соҳибистиқлолӣ бо дастгирии доимии Ҳукумати мамлакат барои ҳалли масъалаҳои иҷтимоии ноҳияи Лахш ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардуми он аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо зиёда аз 1,2 миллиард сомонӣ маблағ хароҷот гардидааст.
Тайи 30 соли соҳибистиқлолӣ дар ҳудуди ноҳия 21 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи зиёда аз 700 миллион сомонӣ амалӣ гардида, имрӯзҳо татбиқи боз 3 лоиҳаи дигар идома дорад. Илова бар ин, тибқи Барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳияи Лахш барои солҳои 2021 - 2025 амалисозии 224 лоиҳа ба маблағи умумии 221 миллион сомонӣ пешбинӣ гардидааст, ки ба таъмин намудани фаъолияти муназзами инфрасохтори ноҳия, бунёди иншооти иҷтимоӣ, истеҳсоливу хизматрасонӣ ва таъсиси садҳо ҷойи нави корӣ мусоидат мекунад.
Бояд гуфт, ки тайи сӣ соли соҳибистиқлолӣ аз ҷониби Ҳукумати мамлакат барои рушди соҳаи роҳу нақлиёти минтақаи Рашт 13 лоиҳаи сармоягузорӣ ба маблағи зиёда аз 2,5 миллиард сомонӣ амалӣ гардида, 614 километр роҳ ва 25 пул сохта, ба истифода дода шудааст. Аз ҷумла, дар ҳудуди ноҳияи Лахш 4 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи 960 миллион сомонӣ татбиқ гашта, дар доираи онҳо 255 километр роҳ ва 15 пул бунёд гардидааст.
Ҳоло дар минтақаи Рашт, аз ҷумла ноҳияи Лахш, боз 3 лоиҳаи сармоягузорӣ ба маблағи умумии қариб 5 миллиард сомонӣ амалӣ шуда истодааст, ки дар доираи он 100 километр роҳҳои аҳамияти байналмилалӣ ва ҷумҳуриявӣ, 3 нақб ва 20 пул бунёд карда мешаванд ва бо анҷоми лоиҳаҳои зикршуда ноҳияи Лахш мисли дигар ноҳияҳои минтақа ба масири транзити байналмилалӣ табдил меёбад.
Бо  мақсади  беҳтар  гардондани таъминоти аҳолии ноҳияи Лахш солҳои 1991 – 2020-ум 3 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи беш аз 50 миллион сомонӣ татбиқ гардида, аз ҷумла барои бунёду ба истифода додани Неругоҳи барқи обии “Питовкӯл” бо иқтидори 1000 киловатт 23 миллион сомонӣ равона карда шуд.
Тайи солҳои соҳибистиқлолӣ дар ноҳия 23 бинои нави таълимӣ барои 7000 ҷойи нишаст бунёд карда шуда, соли равон сохтмони 2 бинои таълимӣ ва синфхонаҳои иловагӣ бо 720 ҷойи нишаст мавриди истифода қарор дода мешаванд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия баҳри истифодаи самараноки имконоти фароҳамовардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати таъмини зиндагии шоистаи сокинон дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия вазифадор шуданд, ки барои боз ҳам беҳтар гардондани шароити хизматрасонии тиббӣ, инчунин, дар самти фаъолияти муназзами муассисаҳои фарҳангӣ, аз ҷумла китобхона, боғи фарҳангу фароғат, осорхонаи таърихиву кишваршиносӣ ва дигар муассисаҳои фарҳангӣ таваҷҷуҳи доимӣ зоҳир намоянд.
Дар охир Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо итминон иброз доштанд, ки мардуми ватандӯст, бонангу номус ва матиниродаи ноҳияи Лахш ба шукронаи давлати соҳибистиқлол ва Ватани соҳибихтиёр дар оянда низ барои ҳимояи дастовардҳои таърихии халқамон саъю талош карда, барои боз ҳам ободу пешрафта гардондани ноҳияи худ ва Тоҷикистони азизамон содиқонаву софдилона заҳмат мекашанд.
Пас аз суханронии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сокинони шукргузори Лахш баромад карда, оид ба рушду пешрафт дар давоми солҳои соҳибистиқлолӣ ва талошҳову ташаббусҳои Пешвои муаззами миллат ҷиҳати шукуфоии ин ноҳияи дурдаст андешаронӣ намуданд.
 
ИФТИТОҲИ МАРКАЗИ ХИЗМАТРАСОНИИ «ТОҶИКОБОД»
21 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба ноҳияи Тоҷикобод ташриф оварданд.
Дар фурудгоҳи муваққатӣ сокинони ноҳия Сарвари давлатро, ки ба хотири шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум ва ифтитоҳи якчанд иншооти муҳим ба ин ноҳияи дурдасти мамлакат сафари корӣ анҷом медиҳанд, гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.
Нахуст Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳраки Тоҷикобод ба фаъолияти Маркази хизматрасонии «Тоҷикобод» оғози расмӣ бахшиданд.
Иншоот дар масоҳати 4500 метри мураббаъ сохта шуда, аз 3 ошёна иборат мебошад. Дар ошёнаи якуми он тарабхона бо 150 ҷойи нишаст, маркази ҳунарҳои мардумӣ ва дар ошёнаи дуюм меҳмонхона барои қабули 40 нафар ҷой мавҷуд аст. Дар ошёнаи сеюми бино бошад, маҷлисгоҳ сохта шудааст, ки дар он шароити хуби баргузор намудани мулоқоту вохӯриҳо муҳайё мебошад. Дар дохили иншоот намунаи ҳунарҳои мардумӣ, аз қабили кандакорӣ, кулолӣ, гулдӯзӣ, бофандагию ресандагӣ ба намоиш гузошта шудааст.
Ташкили намоишгоҳи васеи ҳунарҳои мардумӣ бозгӯйи он аст, ки дар ноҳияи Тоҷикобод ҷиҳати ҳифз ва тарғибу ташвиқи ҳунарҳои қадимаи миллати тоҷик таваҷҷуҳи хоса зоҳир мегардад ва омӯзиши он ба насли оянда дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шудааст.
Маркази хизматрасониро оилаи Идиевҳо ба хотири сазовор истиқбол гирифтани Ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ ва дар доираи Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бунёд намудаанд. Дар марказ 10 нафар сокини маҳаллӣ баъди хатми курсҳои омӯзишӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардидааст.
Намои беруни бино бо тарҳ ва усули меъмории миллӣ оро ёфтааст, ки ба маркази ноҳия ҳусни тоза зам менамояд. Дар атрофи иншоот дарахтони сояафкану гулҳои мавсимӣ шинондаанд ва тамоми роҳравҳои он пурра сафолакпӯш шудаанд.
Мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани чунин маркази муосири хизматрасонӣ дар татбиқ ва амалишавии барномаҳои давлатӣ оид ба рушди соҳаи сайёҳӣ мусоидат менамояд ва дар таъмини сокинон бо ҷойи кори доимӣ замина мегузорад.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои анҷомёфта баҳои баланд дода, ба соҳибкорон ҷиҳати саҳм гузоштан дар ободии диёр миннатдорӣ баён намуданд.
 
ОҒОЗИ ФАЪОЛИЯТИ МАРКАЗИ САЛОМАТӢ ДАР НОҲИЯИ ТОҶИКОБОД
21 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Тоҷикобод маркази саломатиро, ки бо тарҳи зебо ва замонавӣ бунёд гардидааст, ифтитоҳ намуданд.
Иншоот аз ҳисоби фонди хайриявии “Тоҷикистон” дар масоҳати 2,5 гектар бунёд гардидааст.
Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки корҳои сохтмонӣ дар иншооти мазкур моҳи ноябри соли 2018 оғоз ёфта, ба хотири истиқболи сазовор аз Ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ бо сифати баланд ва ҷавобгӯ ба меъёрҳои меъморию шаҳрсозӣ, инчунин, мутобиқ ба талаботи соҳаи тандурустӣ ба истифода дода шуд.
Бо бунёд шудани чунин маркази муосири тиббӣ 14 ҷойи нави корӣ таъсис ёфт ва мутахассисони соҳибкасби маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин шуданд.
Маркази саломатӣ бо тарҳу усули муосир бунёд гардида, аз ду ошёна иборат мебошад. Иншоот дорои 14 ҳуҷра, аз ҷумла ҳуҷраҳои бақайдгирӣ, духтури занона, тибби оилавӣ, хатна ва гӯшаи гиёҳдармонӣ буда, бо таҷҳизоти замонавии соҳавӣ таъмин мебошанд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳи бинои нави саломатиро дар рӯзҳои Ҷашни бузурги миллӣ - 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳифзу нигаҳдошти солимии аҳолӣ муҳим шумурда, кормандонро ба иҷрои сифатноки хизматрасонӣ ҳидоят намуданд.
 
ИФТИТОҲИ БИНОИ МАЪМУРИИ КУМИТАИ ИҶРОИЯИ ҲХДТ  ДАР НОҲИЯИ ТОҶИКОБОД
21 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Тоҷикободро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Иншоот дар масоҳати 300 метри мураббаъ бо тарҳи ҷадид ва ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир бунёд шудааст ва аз ду ошёна иборат мебошад.
Бинои нав ба хотири сазовор истиқбол гирифтани Ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо маблағгузории Кумитаи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, саҳми аъзои ҳизб ва соҳибкорони маҳаллӣ бунёд гардид.
Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Тоҷикобод аз ҳуҷраҳои кории барҳаво, маҷлисгоҳ бо 30 ҷойи нишаст, китобхона ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасон иборат буда, бо лавозимоти зарурӣ, аз қабили мизу курсӣ, компютер, дастгоҳҳои тақвияти овоз ва ғайра таъмин мебошад.
Раиси муаззами ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз кормандон ҳисси баланди масъулияти ватандӯстӣ, худшиносию худогоҳӣ, саҳм гузоштан дар корҳои ободонию созандагӣ ва ҳифзи дастовардҳои даврони Истиқлоли давлатиро талаб намуда, барои саҳми арзанда гузоштан дар бунёди чунин иншооти замонавӣ ва обод намудани як гӯшаи диёр ба саҳмдорон изҳори сипос карданд.
Намои берунаи бинои маъмурии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Тоҷикобод бо тарҳи хос оро ёфта, дар атрофи он гулу дарахтони ороишӣ шинонда шудаанд, ки зебоии маркази ноҳияро афзун менамояд.
 
БОЗДИД АЗ НАМОИШГОҲИ ДАСТОВАРДҲОИ СОКИНОНИ НОҲИЯИ ТОҶИКОБОД
Дар идомаи сафари корӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дастовардҳои меҳнатии сокинони ноҳияи Тоҷикобод шинос шуданд.
Ба хотири ташрифи Сарвари давлат дар мавзеи навъсанҷӣ сокинони ноҳия намоишгоҳи васеъ ташкил намуда, дар он дастранҷи хеш, аз қабили маҳсулоти нонӣ, ҳосили зироати кишоварзӣ, гулу гиёҳҳои табиии шифобахш ва ғайраро, ки бо меҳнати ҳалол ва заҳмати зиёд ба даст овардаанд, ба маъраз гузоштанд.
Дар гӯшаи алоҳида занону духтарони ҳунарманд номгӯйи гуногуни нон ва хӯрокҳои миллии аз лиҳози тамъу маза беназир, ки хоси мардуми ин минтақаи мамлакат буда, шуҳрати зиёдро касб намудааст, намоиш доданд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳунари нонпазию омода намудани хӯрокҳои миллӣ аз ҷониби занону духтарони ноҳияи Тоҷикобод баҳои баланд дода, онҳоро ба тарғиб ва ҳифзи ин мероси қадима, инчунин, боз ҳам рушд бахшидани он бо роҳи ҷалби ҷавондухтарон барои аз худ кардани нозукиҳои ғизопазӣ ва сайқал бахшидани маҳорати баланд ҳидоят намуданд.
Дар намоишгоҳ кишоварзони ноҳия фаъолона иштирок ва маҳсули меҳнати хешро ба таври густурда муаррифӣ карданд.
Масоҳати гӯшаи кишоварзон 100 метрро ташкил дода, аз растаҳои тухмии зироати кишоварзӣ, маҳсулоти аз онҳо тайёршаванда, аз қабили ғалладонагиҳо, мева, сабзавот, картошка, лӯбиёгиҳо, донагиҳо, ҳосили зироати техникӣ, консерви меваю сабзавот, маҳсулоти ширӣ, асали табиӣ ва ғайра иборат мебошад. Маҷмуан, дар ин гӯшаи намоишгоҳ беш аз 50 намуд маҳсулот муаррифӣ гардид.
Ба Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки соли равон кишоварзони ноҳия дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ дар масоҳати 3200 гектар, аз ҷумла 1863 гектар заминҳои обӣ ва 1337 гектар заминҳои лалмӣ зироати кишоварзӣ кишт намудаанд ва аз он ҳосили дилхоҳ ба даст оварда истодаанд.
Картошка аз зироати кишоварзии ба иқлими ноҳияи Тоҷикобод мутобиқ маҳсуб мешавад ва бо назардошти ин кишоварзон дар соли равон кишти беш аз 10 навъи ин намуди зироати муҳим барои мардумро дар майдони 1922 гектар гузарондаанд. Ҳоло ҷамъоварии картошка оғоз шуда, ҳосилнокии он аз ҳар гектар ба 250 сентнер баробар гардидааст.
Дар ҳудуди ноҳия 24 хоҷагии деҳқонии ҷамоавӣ ва 1451 хоҷагии деҳқонии инфиродӣ ба қайд гирифта шудааст.
Боғдорӣ дар ноҳияи Тоҷикобод тайи солҳои соҳибистиқлолии мамлакат дар доираи барномаҳои давлатии рушди соҳаи боғу токпарварӣ пешрафт намуд. Бо истифода аз имконоти мавҷуда сокинон тавонистанд масоҳати боғҳоро ба 1702 гектар расонанд. Аз масоҳати умумии боғҳои мавҷуда 674 гектараш мевадиҳанда мебошад. Майдони боғҳои интенсивӣ ба 5,2 гектар баробар гардидааст. Дар намоишгоҳ қариб ҳамаи намуди мева, ки парвариш ва истеҳсоли он дар ноҳияи Тоҷикобод имконпазир аст, ба намоиш гузошта шуд.
Дар ин ҷо занбӯрпарварони ноҳия асали табиии аз лиҳози экологӣ тоза ва дорои таъми лазизро бо шакл ва ҳаҷми гуногун, ки давоми сол истеҳсол намудаанд, ба маъраз гузоштанд. Дар ноҳияи Тоҷикобод мавзеъҳои зиёди дорои гулу гиёҳҳои шифобахш ва барои парвариши занбӯр мусоид мавҷуд мебошад. Ҳоло дар ноҳия 5932 оилаи занбӯр парвариш карда мешавад ва соли равон ҳаҷми истеҳсоли асал дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ 33 тоннаро ташкил додааст.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо назардошти мусоид будани иқлими ноҳия зиёд намудани оилаи занбӯри асалро муҳим шумурда, кишоварзонро ба истифодаи самараноки имконоти мавҷуда ҳидоят намуданд.
Дар намоишгоҳ аз ҷониби кормандони хоҷагии ҷангал 30 намуд гулу гиёҳ ва меваҳои шифобахши ҷангал ва кӯҳистони ноҳия муаррифӣ шуд.
Чорводорӣ низ тайи солҳои охир дар ноҳияи Тоҷикобод рушд намуд ва сокинон сол ба сол ҳаҷми истеҳсоли шир ва маҳсулоти шириро зиёд намудаанд. Имсол дар ноҳия 10218 тонна шир истеҳсол шудааст ва аҳолӣ аз ин ҳисоб намудҳои гуногуни маҳсулотро тайёр менамояд. Далели ин ба маъраз гузоштани номгӯйи зиёди маҳсулоти ширӣ дар намоишгоҳ аст.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба маҳсули дасти кишоварзон баҳои баланд дода, онҳоро ба боз ҳам бештар рушд бахшидани соҳа бо роҳи зиёд намудани майдони кишт ва ҷорӣ кардани усулҳои нави кишту парвариши зироат ҳидоят намуданд.
 
ВОХӮРӢ БО РОҲБАРОНУ ФАЪОЛОНИ НОҲИЯИ ТОҶИКОБОД
21 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди ифтитоҳи иншооти таъиноти гуногун дар маркази ноҳияи Тоҷикобод бо роҳбарону фаъолони ноҳия мулоқоти самимӣ доир карданд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба дастовардҳои кишвар давоми солҳои соҳибистиқлолӣ сухан ронда, аз дастгирии сокинони ноҳияи Тоҷикобод аз сиёсати созандаи роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдовар шуданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки бо дастгирии пайвастаи Ҳукумати мамлакат дар ин давра барои таъмин намудани рушди устувори соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии ноҳияи Тоҷикобод ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии сокинони он беш аз 780 миллион сомонӣ равона карда шудааст.
Тайи солҳои соҳибистиқлолӣ дар ноҳия 12 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи беш аз 400 миллион сомонӣ амалӣ гардида, имрӯзҳо татбиқи боз 5 лоиҳаи дигар идома дорад, ки дар доираи онҳо то ба ҳол 14 миллион сомонӣ аз худ карда шудааст.
Ҳамзамон бо ин, ҷиҳати идомаи раванди корҳои ободониву созандагӣ ва рушди ноҳия, хусусан, барои беҳтар намудани шароити инфрасохтор ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ  дар  барномаи  рушди  иҷтимоиву  иқтисодии ноҳияи Тоҷикобод барои солҳои 2021 – 2025 амалисозии 165 лоиҳа ба маблағи умумии 102 миллион сомонӣ пешбинӣ гардидааст.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳми соҳибкорону сокинони ноҳияро дар рушду пешрафти ин гӯшаи диёр неку назаррас арзёбӣ карда, таъкид намуданд, ки дар давоми 30 сол дар ҳудуди ноҳия 277 иншооти муҳими иҷтимоиву иқтисодӣ, аз ҷумла 115 иншоот аз ҷониби соҳибкорони ноҳия бунёд ва азнавсозӣ шудааст.
Зимни суханронӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаҳои пешбарандаи иқтисоди ноҳия, аз ҷумла бахши кишоварзиро таҳлил намуда, ба роҳбарони ноҳия ва масъулони соҳаҳо супориш доданд, ки ҷиҳати истифодаи оқилонаи ҳар як ваҷаб замин, аз ҷумла заминҳои президентӣ ва наздиҳавлигӣ ва риояи агротехникаи парвариши зироатҳо ва истифодаи васеи тухмиҳои хушсифат тадбирҳои судманд андешанд.
Масъулони ноҳия вазифадор гардиданд, ки ҷиҳати афзоиш додани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, таъсиси марказҳои логистикӣ, нигоҳдориву коркард, банду баст ва содироти маҳсулоти кишоварзӣ якҷо бо вазорату идораҳои дахлдор чораҳои заруриро роҳандозӣ намоянд.
Дар давоми 30 соли соҳибистиқлолӣ дар ҳудуди минтақаи Рашт, аз ҷумла ноҳияи Тоҷикобод, якчанд лоиҳаи хурду миёна доир ба таъминот бо неруи барқ ба маблағи умумии 24 миллион сомонӣ амалӣ гардида, Неругоҳи барқи обии “Фатҳобод” бо иқтидори 282 киловатт бунёд карда шудааст. Дар ҳудуди  ноҳияи Тоҷикобод марҳалаи сеюми лоиҳаи «Барқарорсозии роҳи Душанбе – Қарамиқ» ва қисми лоиҳаи «Беҳтар намудани нигоҳдории роҳҳои Тоҷикистон» ба маблағи умумии 370 миллион сомонӣ татбиқ карда шудааст.
Бояд гуфт, ки моҳи июни соли ҷорӣ дар ҷараёни як сафари корӣ аз ҷониби Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон лоиҳаи бунёди роҳи Роғун – Обигарм – Нуробод, ки идомаи тадбирҳои созандаи Ҳукумати мамлакат доир ба рушди ноҳияҳои водии Рашт ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мебошад, оғоз гардид.
Дар давраи соҳибистиқлолӣ ҳаҷми маблағгузорӣ ба соҳаи маорифи ноҳия 10 баробар зиёд шуда, ба зиёда аз 20 миллион сомонӣ дар соли 2021 расидааст.
Дар 15 соли охир маблағгузории соҳаи тандурустӣ аз ҳисоби буҷети  давлатӣ 14 баробар зиёд шудааст.
Дар охири суханронӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар ҳамаи ҳозиронро бо Ҷашни сисолагии Истиқлоли давлатӣ таҳният гуфта, барояшон саодати зиндагиро орзу намуданд.
Баъди суханронии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сокинони ноҳия, кормандони касбу кори гуногун бо шукргузорӣ аз даврони соҳибистиқлолӣ баромад карданд.
 
 
 
ОҒОЗИ САФАРИ КОРӢ ДАР НОҲИЯИ РАШТ
21 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум, иштирок дар чорабиниҳои ҷашнии бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ифтитоҳи як қатор иншоот ба ноҳияи Рашт ташриф оварданд.
Дар ноҳияи Рашт Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо шукргузорӣ аз сиёсати созанда ва бунёдкорона самимона истиқбол гирифтанд.
 
ИФТИТОҲИ МАРКАЗИ ХИЗМАТРАСОНИИ «СИЯРИЁН» ВА ТЕРМИНАЛИ МУСОФИРКАШОНӢ
21 сентябр дар ноҳияи Рашт Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Маркази хизматрасонии «Сияриён» ва терминали мусофиркашонии минтақавиро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Иттилоъ дода шуд, ки масоҳати маркази хизматрасонии мазкур 3 ҳазору 194 метри мураббаъ буда, аз таҳхона ва се ошёна иборат аст.
Сохтмони иншооти мазкур бо саҳми бародарон Сияровҳо аз соли 2018 оғоз гардида, бо харҷи 6 миллиону 840 ҳазор сомонӣ бунёд карда шудааст.
Дар ошёнаи якуми Маркази хизматрасонии «Сияриён» бозори фурӯши меваю сабзавот ва дигар номгӯйи маводи ғизоӣ бо 160 нуқтаи савдо мавҷуд аст.
Ошёнаи дуюм барои фурӯши молҳои рӯзгор ва либос пешбинӣ шудааст.
Бинои терминали мусофиркашонӣ низ барои 150 ҷойи нишаст бунёд гардидааст, ки дар ошёнаи якуми он марказҳои хизматрасонӣ мавҷуд аст.
Масоҳати ҷойгиршавии бинои терминал 264 метри мураббаъ буда, бо харҷи 1,5 миллион сомонӣ сохта ба истифода дода шудааст.
Дар Маркази хизматрасонии «Сияриён» ва терминали мусофиркашонии минтақавӣ 400 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардиданд.
Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аснои шиносоӣ бо шароити фароҳамгардида дар иншооти навбунёд баҳои баланд доданд ва саҳми соҳибкоронро дар вусъати корҳои ободонию созандагӣ назаррас маънидод карданд.
Мавриди зикри хос аст, ки саҳми соҳибкорон ва аҳолии ноҳияи Рашт дар иҷрои корҳои ободонию созандагӣ назаррас буда, дар давоми солҳои охир аз ҷониби онҳо зиёда аз 71 километр роҳҳои автомобилгарди ҳудуди ноҳия асфалтпӯш карда шуданд.
Инчунин, бо саҳмгузории бахши хусусӣ 35 маркази савдову хизматрасонӣ мавриди истифода қарор гирифт.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 22.09.2021    №: 189    Мутолиа карданд: 3298
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед