logo

сафарҳо

ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ВОДИИ РАШТ

 
ШИНОСОӢ БО ФАЪОЛИЯТИ БОҒДОРОН  ДАР БОҒИ ИНТЕНСИВИИ «ПАЙВАНД - РАШТ»
21 сентябр дар доираи сафари корӣ дар ноҳияи Рашт Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо вазъи рушди соҳаи боғдорӣ ва ниҳолпарварӣ дар боғи интенсивии “Пайванд - Рашт” шинос шуданд.
Боғи интенсивии “Пайванд - Рашт” 5 сол қабл дар масоҳати 6 гектар аз тарафи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Пайванд” бунёд шуда буд ва дар ин ҷо навъҳои беҳтарини себу нок парвариш меёбанд, ки ба содирот нигаронда шудаанд.
Ёдовар мешавем, ки аснои сафари корӣ соли 2016 дар ноҳияи Рашт Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми шиносоӣ бо вазъи соҳаи боғдорӣ ба масъулон супориш дода буданд, ки дар ҳамин мавзеъ, ки байни ноҳияи Нуробод ва Рашт ҷойгир аст, дар ҳудуди ноҳияи Нуробод дар майдони 40 гектар ва дар ҳудуди ноҳияи Рашт 30 гектар боғи интенсивӣ бунёд намоянд.
Дар партави дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат аз тарафи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Пайванд” майдони умумии боғи интенсивӣ дар ин мавзеъ ба 34 гектар расонда шуда, беҳтарин навъҳои себу нок, олу ва дигар ниҳоли дарахтони мева парвариш карда мешаванд.
Баъди васеъ намудани майдони боғи интенсивӣ дар ин ҷо зиёда аз 20 нафар бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин шуд.
Ҳамзамон, аз майдони 34 гектар боғи интенсивии мавҷуда 20 гектари он ҳосилдеҳ буда, дар 10 гектар ниҳолони дарахтони нодири ороишию ҳамешасабз, ки аз Белгия, Нидерландия ва Полша оварда шудаанд, парвариш меёбанд.
Аз нашъунамои хуби ниҳолҳо ва серҳосилии дарахтони мева аён аст, ки агротехникаи парваришро мутахассисон дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондаанд.
Бо назардошти мутобиқ будани ин мавзеъ барои парвариш ва нашъунамои хуби ниҳоли дарахтони сояафкану ороишӣ, ки аз кишварҳои Аврупо дастрас карда мешавад, тадриҷан майдони парвариши он васеъ карда хоҳад шуд.
Дар айни замон, бо истифода аз шароити мавҷуда мутахассисони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Пайванд” парвариши навъу намудҳои нодири ниҳоли дарахтони ороишию сояафкан, ки ҷиҳати зебою назаррабо гардондани боғҳои фарҳангию фароғатӣ, саҳни биноҳои маъмурӣ ва кӯчаву хиёбонҳо истифода мешаванд, ба роҳ мондаанд.
Ҳамчунин, азм гирифта шудааст, ки дар ин минтақа гармхона барои парвариши навъу намудҳои гули садбарг ва хризантема бунёд карда шавад.
Дар оянда барои васеъ намудани фаъолияти хоҷагидорӣ аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Пайванд» бунёди сардхона барои нигоҳдории то 5 ҳазор тонна мева, коргоҳҳои истеҳсоли қуттиҳо ва коркарди меваҳо ба нақша гирифта шудааст.
Барои обёрии боғи интенсивӣ се чоҳи амудӣ кандаанд, ки ин тадбир барои дар оянда васеъ намудани майдони боғот дар ин мавзеъ имконият фароҳам меорад.
Дар асоси дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин мавзеъ парвариши хуч низ ба роҳ монда шудааст, ки талабот ба он хеле зиёд аст, зеро хусусияти шифоӣ дорад.
Дар боғи мазкур Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба боғдорон оид ба соҳаи боғдорӣ, васеъ кардани майдони боғот, ба иқлими маҳал мутобиқ намудани навъҳои беҳтарини мева, афзоиши содироти меваҳои лазизу хуштамъи Тоҷикистон ва татбиқи муваффақонаи барномаҳои давлатӣ оид ба рушди соҳаи боғу токпарварӣ маслиҳатҳои муфид доданд.
Бунёди боғҳои нав дар баробари таъсиси ҷойҳои корӣ, инчунин, ба истеҳсолу содироти меваҳои шаҳдбори аз ҷиҳати экологӣ тоза ба хориҷи мамлакат мусоидат мекунад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намоиши дастовардҳои кишоварзон ва корхонаҳои саноатии ноҳияи Рашт шинос шуданд.
Тавре маълум гардид, хоҷагидорон дар ҳама бахшҳои соҳаи кишоварзӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гашта, дар таъмини амнияти озуқаворӣ фаъолона саҳм мегузоранд.
Дар намоиши дастовардҳои кишоварзон беҳтарин навъҳои себу нок, сабзавоту полизиҳо, зироати лӯбиёгӣ, намунаҳои маҳсули кадбонуҳо, аз қабили нону кулчаҳо, ширинию маҳсулоти ширӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ба маъраз гузошта шуданд.
Дар ноҳияи Рашт имсол дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ дар майдони 7663 гектар кишти зироат гузарондаанд, ки нисбат ба соли гузашта 24,3 гектар зиёд мебошад.
Ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар ин давра ба 68 миллиону 660 ҳазор сомонӣ баробар шудааст, ки нисбат ба соли гузашта 801 ҳазор сомонӣ зиёд ва суръати афзоиш 101,2 фоизро ташкил медиҳад.
Техникаю мошинолоти муосири кишоварзӣ, ки аз тарафи Муассисаи давлатии маркази идораи лоиҳаи “Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо» ба намоиш гузошта шуда буд, барои рушди соҳа ва самтҳои гуногуни хоҷагидорӣ ба деҳқонон дастрас карда мешаванд.
Дар як гӯша намоиши маҳсулоти истеҳсолнамудаи корхонаву коргоҳҳои ноҳияи Рашт ташкил гардид, ки нишондодҳои истеҳсолии онҳо низ солҳои охир рӯ ба афзоишанд.
Истихроҷу коркарди ангишт дар конҳои мавҷудаи ноҳияи Рашт солҳои охир вусъат ёфта, аз ин ҳисоб таъмини ташкилоту муассисаҳо ва дигар соҳаҳои буҷетӣ бо ангишти хушсифат сол аз сол бештар мегардад.
Ҳаҷми маҳсулоти истеҳсолнамудаи корхонаҳо ва коргоҳҳои саноатии ноҳияи Рашт 12 миллиону 318 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, ки нисбат ба соли гузашта 349 ҳазор сомонӣ зиёд аст.
Соҳаи чорводорӣ низ дар ноҳияи Рашт рушд карда, саршумори зотҳои сермаҳсул дар ҳама шаклҳои хоҷагидорӣ зиёд мегардад.
Нишондодҳои истеҳсолӣ дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи ноҳияи Рашт сол аз сол баланд гардида, сатҳи зиндагии мардум бамаротиб беҳтар шудааст.
 
ИФТИТОҲИ БИНОИ СИТОДИ ҚИСМИ ҲАРБӢ ВА ХОБГОҲ 
21 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар ноҳияи Рашт дар қароргоҳи яке аз қисмҳои низомии қушунҳои зудамали Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бинои нави дуошёнаи ситоди қисми ҳарбӣ ва хобгоҳро ифтитоҳ карданд.
Созандагиву бунёдкорӣ ва дар ин замина таъмини хизматчиёни ҳарбии Артиши миллӣ бо шароитҳои хуби ҳозиразамони хизмативу маишӣ ва ҳам таълимӣ доимо дар мадди назари Пешвои миллат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ, генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, дар ин замина пайваста корҳои судманду назаррас амалӣ карда мешаванд. 
Бинои дуошёнаи ситоди қисми ҳарбӣ ва хобгоҳи кушоду барҳавои муосир дар масоҳати умумии 890 метри мураббаъ дар рӯзҳои таҷлили 30 - солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар доираи корҳои созандагӣ дар ҳудуди қисми низомии қушунҳои зудамали Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баҳрабардории ҳайати шахсии он қарор дода шуд.
Иншооти ситоди қисми ҳарбӣ дар масоҳати 320 метри мураббаъ сохта шуда, дохили он аз нуқтаи навбатдори фаврӣ, шабакаи алоқаи муосир, толори маҷлис, нуқтаи идоракунӣ, ҳуҷраи кории афсарону ҳайати шахсӣ ва аз дигар ҳуҷраҳои гуногуни кориву хизматӣ иборат мебошад.
Хобгоҳи кушоду барҳавои замонавӣ бошад, бо 260 ҷойи хоб барои сарбозон пешбинӣ гардида, он дар масоҳати 570 метри мураббаъ қомат афрохтааст. Дар ошёнаҳои якум ва дуюми хобгоҳ ба ғайр аз ҳуҷраҳои калони хоби сарбозон, инчунин, хонаи хизмативу маишӣ, синфхонаҳои дарсӣ, анбор ва дигар ҳуҷраҳо ҷойгир карда шудаанд.
Барои назорати доимии дохилу атрофи бино ва ҳудуди қисми ҳарбӣ камераҳои мушоҳидавӣ насб гардида, иншооти мазкур бо шабакаи гармидиҳӣ таъмин мебошад.
Дар доираи анҷоми корҳои ободонӣ ҳудуди бинову иншооти қисми низомии мазкур бо роҳравҳои бетонӣ, суҳбаткада барои ҳайати шахсӣ, гулу буттаҳо ва бо дигар рустаниҳои ороишӣ зиннат ёфтааст.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз дохил ва ҳудуди қисми низомӣ ва бинову иншооти навбунёд дидан карда, ба сатҳу сифати корҳои сохтмонии он баҳои баланд доданд.
Ба масъулони қисми ҳарбӣ ва ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт супориш дода шуд, ки барои тарбияи дурусти сарбозон ва таъмини онҳо бо маводи зарурии хӯрок ва сарулибос таваҷҷуҳи махсус зоҳир намоянд.  
Қобили зикр аст, ки дар  доираи анҷоми корҳои сохтмонӣ, бо дастгирии Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон давоми солҳои соҳибистиқлолӣ дар ҳудуди тамоми гарнизони мамлакат бисёре аз қисмҳои низомӣ азнавсозӣ, таъмиру тармим гардида, садҳо иншооти муҳим ва аҳамияти ҳарбидошта, бунёд гаштаанд.
Дар ин замина барои  ҳайати шахсии ҷузъу томҳо манзилҳои истиқоматӣ, биноҳои маъмуриву ситоди қисмҳои низомӣ, хобгоҳи сарбозӣ, ошхона, иншооти ёрирасони маишӣ, истгоҳи нигоҳдории техникаҳои ҷангӣ, шаҳрчаҳои муҷаҳҳази тактикиву тирандозӣ, толору майдончаҳои ҳозиразамони варзишӣ ва дигар шароити муосир барои гузарондани машғулиятҳои гуногун ва истироҳату фароғати хизматчиёни ҳарбӣ, бунёд ва мавриди истифода қарор гирифтаанд.
Бунёди ду иншооти наву муосир идомаи мантиқии сиёсати неку инсонпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба сарбозони ватандӯсти мамлакат мебошад. 
 
ХОНАНДАГОН СОҲИБИ БИНОИ НАВ ШУДАНД
22 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар ноҳияҳои водии Рашт дар деҳаи Шулеи деҳоти ба номи Боқӣ Раҳимзодаи ноҳияи Рашт Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 35-умро, ки дар майдони умумии 720 метри мураббаъ бунёд гардидааст, ба истифода доданд.
Иншооти мазкур аз ду ошёна иборат буда, бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби соҳибкори ватандӯст Файзиддин Зиёвудинов бунёд шудааст.
Сохтмони бино моҳи ноябри соли 2019 оғоз гардида, сентябри соли ҷорӣ ба анҷом расид.
Дар ошёнаи якум 6 синфхона, ошхона, ҳуҷраи омӯзгорон, ҳуҷраи кории директор, лабораторияи кимиё ва физика ва дар ошёнаи дуюм 5 синфхона ва ду синфхонаи компютерӣ, толори маҷлисгоҳ бо 135 ҷойи нишаст, китобхона ҷойгир мебошанд.
Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 35 –ум барои 340 нафар хонанда дар як баст пешбинӣ шуда, бо мизу курсиҳои истеҳсоли ватанӣ таъмин мебошад.
Бо бунёд гардидани чунин як иншооти муосири таълимӣ 10 нафар омӯзгори маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардид.
Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин ҷо бо омӯзгорону хонандагон суҳбати озоду самимӣ анҷом дода, онҳоро барои таълиму тарбияи насли наврасу ҷавон дар руҳияи худогоҳиву худшиносӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва омӯхтани илмҳои муосир ҳидоят намуданд.
 
БИНОИ ҶАМОАТИ ШАҲРАКИ НАВОБОДИ НОҲИЯИ РАШТ ҚАД АФРОХТ
22 сентябр дар доираи сафари корӣ ба ноҳияҳои водии Рашт Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рашт бинои маъмурии Ҷамоати шаҳраки Навободро ифтитоҳ намуданд.
Бинои мазкур дар масоҳати умумии 620 метри мураббаъ бунёд гардида, аз 2 ошёна иборат мебошад. Сохтмони он моҳи июни соли 2019 оғоз ёфта, моҳи сентябри соли 2021 ба анҷом расид.
Ёдовар бояд шуд, ки санги асоси бинои мазкурро соли 2019 дар доираи сафари корӣ ба ноҳияҳои водии Рашт, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гузошта буданд.
Дар ошёнаи якуми бинои маъмурӣ ошхона, толори маҷлисгоҳ дорои 300 ҷойи нишаст, ду ҳуҷраи корӣ, дар ошёнаи дуюм панҷ ҳуҷраи корӣ ҷойгир мебошанд.
Бунёди бинои нави маъмурии Ҷамоати шаҳраки Навобод дар асоси таваҷҷуҳи пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати фароҳам овардани шароити муосири фаъолият ба кормандони мақомоти маҳаллӣ ва дар ҳамин замина баҳравар гардидани сокинони он аз шароити мусоиди хизматрасонӣ бахшида ба Ҷашни бузурги миллӣ - 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо маблағгузории Ҳукумати мамлакат ба анҷом расид.
Дар ин ҷо Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъулонро барои иҷрои пурраи вазифаҳои хизматӣ ва мутобиқ ба талаботи замон ба мардум хизмат расондан, дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Ёдовар мешавем, ки аҳолии шаҳраки Навободро 6000 нафар ташкил медиҳад.
 
ИСТИҚОМАТГОҲҲО БАРОИ ХИЗМАТЧИЁНИ ДАВЛАТӢ 
Дар ноҳияи Рашт аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хонаҳои истиқоматӣ барои хизматчиёни давлатӣ ба истифода дода шуданд.
Иншооти нав дорои шароити муосир барои зиндагӣ буда, дар заминаи дастгириҳои пайвастаи Ҳукумати мамлакат ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоиди зист барои хизматчиёни давлатӣ сохта шудааст.
Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хизматчиёни давлатӣ калидҳои манзилҳои истиқоматиро супурда, онҳоро ба хизмати софдилона ба манфиати давлату миллат ҳидоят карданд.
Нафароне, ки соҳиби хона шуданд, бо фараҳу хушҳолӣ ба Роҳбари давлат изҳори миннатдорӣ намуданд.
Иншооти мазкур бо маблағгузории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардида, аз 5 ошёна ва 48 манзили истиқоматӣ, аз ҷумла 16 якҳуҷрагӣ, 30 дуҳуҷрагӣ ва 2 истиқоматгоҳи сеҳуҷрагӣ иборат мебошад.
Манзилҳои истиқоматӣ дар ноҳияи Рашт бо мақсади дар ноҳияҳои дурдаст аз имкони мусоид барои зиндагӣ баҳравар гаштани хизматчиёни давлатӣ сохта шуд. 
Зимни шиносоӣ бо шароити манзилҳои истиқоматӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз фаъолияти хизматчиёни давлатӣ ёдовар шуда, ҳифзи манфиатҳои миллиро вазифаи асосии ҳар фарди хештаншинос арзёбӣ намуданд.    
Дар асоси лоиҳа истиқоматкунандагон метавонанд аз шароити мусоид дар саҳни бино барои гашту гузор ва фароғат баҳравар шаванд.
Тибқи лоиҳа ва бо назардошти сохти меъмории замонавӣ корҳои сохтмонӣ босифат ба анҷом расонда шуданд.
Соҳиби манзили истиқоматӣ гаштани хизматчиёни давлатӣ ғамхории навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба кормандони сохторҳои гуногун дар ноҳияи Рашт мебошад.
 
БОҒЧАИ «АХТАРАК»  - ТУҲФАИ ҶАШНӢ БА КӮДАКОН
22 сентябр бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боғчаи «Ахтарак» дар ноҳияи Рашт  ифтитоҳ гардид.  
Иншооти таълимӣ дар доираи омодагиҳо ба таҷлили Ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи оилаи Ахмедовҳо сохта шуда, дорои шароити замонавӣ барои ба таълими томактабӣ фаро гирифтани 100 кӯдак мебошад.
Ин аввалин боғчаи типи нав дар ноҳияи Рашт буда, дар баробари забони тоҷикӣ барои омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ диққати аввалиндараҷа дода мешавад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мураббиёнро барои дар руҳияи хештаншиносӣ тарбия намудани наврасон вазифадор намуданд.
Ба таълими томактабӣ фаро гирифтани наврасон яке аз ҳадафҳои асосии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Ин сеюмин боғчаи бачагона ба ҳисоб меравад, ки дар ноҳияи Рашт ба фаъолият оғоз пардохт ва ҷиҳати ҳар чи бештар ба таълими томактабӣ фаро гирифтани наврасон мусоидат мекунад.
Дар ин даргоҳ дӯстрӯякони аз 3 то 6 - сола ба воситаи аёниятҳо ба омӯзиш фаро гирифта мешаванд.
Дар марҳилаи аввал мураббиёни касбӣ аз шаҳри Душанбе даъват мешаванд ва бонувони маҳаллӣ барои минбаъд ба ҳайси мураббӣ фаъолият бурдан аз онҳо сабақ мегиранд.     
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дар оянда дар шароити замонавӣ ҳар чи бештар ба таълими томактабӣ фаро гирифтани наврасон ба масъулон супориш доданд.
Иттилоъ дода шуд, ки оянда дар ҳамин ҷо барои то 200 нафар навраси дигарро ба таълими томактабӣ фаро гирифтан, имкон фароҳам оварда мешавад.
Ҳамзамон, барои дар шароити муосир ба таълим фаро гирифтани наврасони ҳамин даргоҳ бунёди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии типи нав барои 300 хонанда ба нақша гирифта шудааст.
Саҳни бинои таълимӣ мутобиқ ба сохти меъмории замонавӣ назаррабост, дар он дарахтони ороишӣ шинондаанд.
 
ТАҚДИМИ ТУҲФАҲО БА ЯТИМОН
22 сентябр дар ноҳияи Рашт Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо хислатҳои ҳамидаи инсондӯстию ятимпарварӣ чун анъанаи нек бо як гурӯҳ ятимони ноҳияҳои минтақаи Рашт мулоқоти самимӣ доир карда, аз аҳвол, шароити зисту таълим ва тарбияашон пурсон шуданд.
Мулоқоти Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази муосир ва навбунёди тиҷоратию хизматрасонии “Мираюб”, ки аз ҷониби сокини ватандӯсти ноҳияи Рашт Мираюб Шокиров бунёд ёфт, баргузор гашт.
Ин навбат 60 нафар кӯдаки ятим аз ноҳияҳои Рашт, Нуробод ва Тоҷикобод ба суҳбату дидори падари ғамхорашон мушарраф гардидаву аз дасти Сарвари хирадпеша ва раиятпарвар туҳфаҳо – сарулибос, шириниҳо, ашёи хониш ва кумаки молиявӣ гирифтанд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи иштирокчиёни вохӯрӣ, кӯдакони хуштолеи даврони соҳибистиқлолиро, ки бо амри тақдир аз меҳру навозиши падару модар маҳрум гаштаву, зери ғамхории Пешвои муаззами миллат қарор доранд, бо Ҷашни бузурги миллӣ 30 - солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният гуфта, барояшон саломатии бардавом, хониши хубу аъло ва саодати зиндагиро орзу карданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи дастгирии иҷтимоии Ҳукумати мамлакат сухан ронда, таъкид доштанд, ки тарбияи инсони комили аз ҳар ҷиҳат обутобёфта, бахусус кӯдаконе, ки аз падару модар ятим мондаанд, аз ҳадафҳои неки сиёсати иҷтимоии роҳбарияти давлату Ҳукумати кишвар ба шумор меравад. Ҳамин аст, ки ҳамаи ятимони ҷумҳурӣ ҳамеша дар мадди назари Роҳбари давлат қарор дошта, ҳанӯз аз овони хурдӣ то ба камол расиданашон, нисбат ба онҳо аз тарафи Сарвари давлат тадбирҳои нек андешида мешаванд.
Баъд аз суханронӣ ва тақдими туҳфаҳо, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сари дастархони пурнозу неъмат, ки ба хотири кӯдакони даврони соҳибистиқлолӣ ороста шуда буд, бо онҳо суҳбати самимӣ карданд.
Ятимон аз ғамхориҳои ҳамешагии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи тарбия, соҳибмаълумоту соҳибкасб карданашон, изҳори сипос намуданд.
Дастгирии ятимону барҷомондагон, шахсони яккаву танҳо ва бесарпараст, ки мақсуду мароми Пешвои миллат мебошад, аз ҷониби аҳли ҷомеа, бахусус шахсони ватандӯст ва соҳибкорони саховатпеша, ҳамаҷониба пуштибонӣ меёбад.
Натиҷаи он ҳамин аст, ки соҳибкорон дар баробари расондани кумакҳои моддӣ, инчунин, дар самти бунёду обод кардани як гӯшаи диёр, соҳиби шуғл кардани мардум, ки ба хотири беҳбуди сатҳи зиндагии аҳолӣ равона гардидааст, ташаббусҳои арзанда нишон медиҳанд.
Оилаи Мираюб Шокиров бо ҷонибдории амиқ аз сиёсати Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи ободу шукуфон намудани сарзамини аҷдодӣ як маркази муосири хизматрасонӣ бунёд карда, 20 сокини ноҳияро бо ҷойи кори доимӣ таъмин намуданд.
Чунин корҳои ободонӣ дар саросари кишвар аз ҷониби шахсони ватандӯст дар соли таҷлили Ҷашни бузурги миллӣ – сисолагии Истиқлоли давлатӣ ба анҷом расида, садҳо иншооти таъиноти гуногун мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифту  ҳазорҳо ҷойҳои кор таъсис дода шуд.
 
БАРНОМАИ ФАРҲАНГӢ БАХШИДА БА 30-ЮМИН СОЛГАРДИ  ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ ДАР ВАРЗИШГОҲИ НОҲИЯИ РАШТ
22 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, пас аз ифтитоҳи як қатор иншооти таъиноти гуногун, дар маркази ноҳияи Рашт бо роҳбарону фаъолони ноҳияҳои водии Рашт мулоқоти самимӣ доир карда, дар барномаи фарҳангӣ бахшида ба 30-юмин солгарди Истиқлоли давлатӣ иштирок намуданд.
Нахуст, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи сокинонро бо Ҷашни бузурги миллӣ - 30-юмин солгарди Истиқлоли давлатӣ таҳният гуфтанд.
Таъкид шуд, ки аз ҷониби сокинони заҳматкаш ва ватандӯст ба ифтихори ҷашни миллӣ дар ҳамаи ноҳияҳои водии Рашт, дар маҷмуъ, сохтмони қариб 1000 иншооти истеҳсоливу иҷтимоӣ бо харҷи 445 миллион сомонӣ пешбинӣ гардида буд ва то имрӯз корҳо дар 880 иншоот ба анҷом расид.
Аз ҷониби Ҳукумати кишвар дар даврони соҳибистиқлолӣ барои рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳияҳои минтақа аз ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ беш аз 6,6 миллиард сомонӣ, аз ҷумла ноҳияи Нуробод 2,2 миллиард, Рашт 1,5 миллиард, Сангвор 914 миллион, Лахш 1,2 миллиард ва Тоҷикобод 787 миллион сомонӣ, равона шудааст.
Дар охири суханронӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо итминон изҳор доштанд, ки мардуми ватандӯсти минтақа барои боз ҳам ободу зебо гардондани диёри худ ва таҳкими пояҳои давлати соҳибистиқлоламон минбаъд низ саъю талоши ватандӯстонаро идома ва вусъат мебахшанд.
Дар ҳамин ҷо пас аз суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барномаи рангину бошукӯҳи консертии устодони санъат ва ҳунармандон бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
 
АНҶОМИ САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ  ДАР НОҲИЯҲОИ ВОДИИ РАШТ
23 сентябр сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияҳои водии Рашт ба анҷом расид.
Ёдовар мешавем, ки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рӯзҳои таҷлили Ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ аз 20 то 23 сентябр бо сафари корӣ дар ноҳияҳои Сангвор, Нуробод, Тоҷикобод, Лахш ва Рашт қарор доштанд.
Дар ҷараёни сафари кории бобарору созанда Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як қатор иншооти таъиноти гуногунро, ки аз тарафи мардуми меҳнатдӯсти ноҳияҳои водии Рашт бо ҷонибдорӣ аз сиёсати бунёдкоронаи Ҳукумати кишвар сохта шуданд, мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Яке аз ҳадафҳои асосии сафари корӣ мулоқоти Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сокинони ноҳияҳои водии Рашт, шиносоӣ бо вазъи зиндагии онҳо, натиҷагирӣ аз вазъи имрӯзаи рушди иҷтимоию иқтисодӣ буд.
 

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 23.09.2021    №: 190    Мутолиа карданд: 3262
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед