logo

сафарҳо

САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

ИФТИТОҲИ БИНОИ МАЪМУРИИ МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ МАҲАЛЛИИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ БАЛҶУВОН
23  сентябр  Асосгузори  сулҳу  ваҳдати  миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади ифтитоҳи як қатор иншооти таъиноти гуногун ва суҳбату мулоқоти самимӣ бо сокинону фаъолон ба ноҳияи Балҷувони вилояти Хатлон ташриф оварданд.
Дар фурудгоҳи муваққатии деҳаи Калтачинор меҳмони олиқадрро раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода ва дигар шахсони расмӣ истиқбол гирифтанд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Балҷувон нахуст бинои нави маъмурии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияро мавриди истифода қарор доданд.
Бинои маъмурӣ аз се ошёна иборат буда, бо тарҳи муосир дар масоҳати 1841 метри мураббаъ бунёд ёфт.
Сохтмони иншоот соли 2019 дар асоси нақша – чорабиниҳо ба ифтихори Ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид, корҳои паймонкорию сохтмониро мутахассисони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Сафо -1”  бо сифати баланд анҷом доданд. Дар рафти сохтмон 40 нафар бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин гардид.
Тамоми ҳуҷраҳои кории бинои нав бо дастгоҳу таҷҳизоти корӣ таъмин буда, барои фаъолияти пурсамари кормандон бисёр созгор аст.
Дар бинои нав толори маҷлис бо 150 ҷойи нишаст мавҷуд мебошад, ки барои баргузории чорабиниҳои гуногун ба нақша гирифта шудааст.
Ҳуҷраҳои кории шуъбаю бахшҳои дастгоҳ, мақомот ва бойгонӣ дар ошёнаи якуми бино ҷойгир буда, ҳуҷраҳои кории роҳбарияти ноҳия, дастгоҳи раиси ноҳия ва муовинони раис бо тамоми лавозимоти корӣ  дар ошёнаи дуюм ҷойгир мебошанд.
Дар ҳуҷраҳои корӣ технологияи иттилоотию коммуникатсионии сатҳи муосир васл ва бо мақсади ба роҳ мондани назорати доимӣ дар бинои мақомот камераҳои мушоҳидавӣ насб шудаанд.
Саҳни бино дар масоҳати 431 метри мураббаъ сафолакпӯш аст ва бо мақсади ободу зебо нигоҳ доштани атрофи он дар масоҳати 680 метри мураббаъ корҳои кабудизоркунӣ анҷом дода шудаанд.
Дар атрофи иншоот ниҳолҳои ороишию сояафкан ва наздики 4000 дона гулҳои мавсимӣ шинондаанд.
Бинои маъмурии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Балҷувон дар шафати шоҳроҳ ҷойгир буда, бо тарҳи хос ва дар асоси санъати меъмории миллӣ бунёд шуда, ба ҳусни маркази ноҳия зебоии дигар зам менамояд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои анҷомёфта баҳои баланд дода, иншоотро туҳфаи арзишманди Ҳукумати мамлакат дар рӯзҳои таҷлил аз 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тамоми кормандону сокинони ноҳия маънидод карданд.
 
БА ИСТИФОДА ДОДАНИ БИНОИ ФИЛИАЛИ РАҚАМИ 75-И “АМОНАТБОНК”
23  сентябр  Асосгузори  сулҳу  ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Балҷувон бинои филиали рақами 75-и Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк”–ро мавриди истифода қарор доданд.
Бино дар муддати кӯтоҳ бо тарҳи меъмории муосир дар масоҳати 419 метри мураббаъ ба истиқболи Ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ сохта шуда, аз ду ошёна ва таҳхона иборат буда, дар ошёнаи аввал қисми амалиётӣ, хазина, ҷойҳои ёрирасону толори бойгонӣ ва дар таҳхона бошад, ҳуҷраи техникӣ ҷойгир мебошад. Ошёнаи дуюми иншооти тозабунёд аз ҳуҷраи кории мудири шуъба, кормандон ва китобхона иборат аст.
Дар маҷмуъ, бинои филиали «Амонатбонк» дорои 6 ҳуҷраи кории муҷаҳҳаз бо мизу курсии нав, компютер ва дигар технологияи муосир буда, барои кору хизматрасонӣ мувофиқ аст. 
Фармоишгари иншоот Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк” ва пудратчӣ Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Умед” мебошанд.
Зимни шиносоӣ бо шароити фароҳамомада Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба корҳои сохтмонӣ дар иншооти мазкур баҳои баланд дода, масъулон ва дигар кормандони филиали бонкро ҷиҳати боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ ба мизоҷон вазифадор карданд.
Бо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани бинои нави  филиали “Амонатбонк” 17 нафар сокини ноҳияи Балҷувон бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардид.
Дар бинои филиали Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк” дар ноҳияи Балҷувон амалиёти гуногуни бонкӣ, аз қабили кушодани суратҳисоби бонкӣ, интиқол ва гирифтани  маблағ, пардохти хизматрасониҳо ва гирифтани қарзҳо ба роҳ монда шудааст.
Акнун сокинон имкон доранд, ки маблағҳои андоз ва коммуналиро дар бинои нави бонкӣ пардохт намоянд.
Ёдрас мешавем, ки дар ноҳияи Балҷувон аз хизматрасониҳои «Амонатбонк» зиёда аз 2 ҳазору 230 нафар нафақагир ва кормандони 78 корхонаву ташкилоти буҷетӣ дар самти дастрасии маблағи нафақа ва музди меҳнат истифода мебаранд.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 23.09.2021    №: 190    Мутолиа карданд: 3650
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед