logo

сиёсат

ҶОНФИДОИ МИЛЛАТ. НОГУФТАҲОЕ АЗ ДИРӮЗУ ИМРӮЗИ ТОҶИКИСТОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛ БО ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

 
Ба мардуми калонсоли Ватан айнан ва ба ҷавонони солҳои соҳибистиқлолӣ аз рӯйи нақлу маводи дар ВАО банашррасида маълум аст, ки Тоҷикистони азизи мо солҳои 90-уми асри ХХ ба вартаи нобасомониҳо ва хатари аз байн рафтани давлат дучор шуда, мардуми сарбаланду соҳибдили бузурги он дар ҳолати ногувор қарор гирифт. 
 
Тоҷике, ки бо инсондӯстиву саховатпешагӣ, нармгуфториву нармрафторӣ шуҳрати умумибашарӣ дошт ва  як пора нонашро бо дигарон медид, ба ҳалокат, нестшавӣ гирифтор шуд. Акнун ин як луқмаро аз бародари хеш, ҳаммиллату ҳамзабон, ҳамдину ҳаммазҳаби худ боло донист. Аз ҷаҳли бепоёну бадхоҳӣ зери таъсири бадхоҳону хоҷагони сиёҳдили худ ифротгароён мардуми минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлонро ба муҳосираи иқтисодӣ гирифтанд. Мардум парешону ҳайрон монд. Давлату давлатдорӣ фалаҷ гардидаву рӯ ба нестшавӣ овард. Ин ҳама каҷрафториҳову каҷфикриҳо боис шуду ҷанги таҳмилии тоҷик ба тоҷик оғоз гардид. Бераҳмие, ки тоҷик ба сари тоҷик овард, аз доираи гуфтору навиштор берун аст ва бигзор, ки онҳо аз пеши назар дур бимонанд. Дил намехоҳад аз онҳо ёд кунад. Забон ёрои гуфтани онҳоро надорад. Қалам аз навиштанашон худдорӣ менамояд. Бигзор он харобкориҳо, кушторҳо, сӯхторҳо, вайронкориҳо дар саҳифаи сиёҳи таърихи миллат бимонанд. Руҳи 150 ҳазор кушташудагони бегуноҳ шоҳиди он фоҷиаи гӯшношунид хоҳад буд. Дар миёни ин 150 ҳазор нафар, ки аз дасти фарзанду падару ҳаммиллату ҳамватан ҷоми шаҳодат нӯшиданд номбардорону нобиғагони миллат-олимон, адибон, варзишгарону модарону падарони оянда ва ватансозони дилогоҳу ватанхоҳ бисёр буданд. Мо - тоҷикон нагузоштем, ки онҳо ба нияту маром, муроду мақсад, умеду орзуҳояшон бирасанд ва дар нимароҳи зиндагӣ онҳоро ҷоми шаҳодат нӯшонидем. Диламон барояшон насӯхт, хонаашро оташ задем, валангор намудем, дороияшро соҳибӣ кардем.
Худованд ба раҳми миллати пароканда он рӯзи сайидро расонд. Дар диёри бостонии Суғд, дар шаҳри ваҳдатофари тоҷик - Хуҷанди хуҷаста Иҷлосияи ХVl Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барпо гардид. Ин сессия барои  сулҳу оштии миллӣ таҳкурсӣ гузошт. Барои намояндагони мардумӣ лозим омад шахсеро ба мансаби роҳбарии давлат интихоб намоянд, ки битавонад давлату мардумашро аз вартаи нестӣ бираҳонад ва дар пайи бозсозию ободсозии он бошад. 
Давлатдории тоҷикон дар он замон сафинае шикастаеро мемонд, ки нисфаш дар соҳилу нисфи дигараш дар об ҷой дошт. Ниҳоят таъмирталаб буду азнавсозиро мехост. Халли ин муаммо масъулияти ҷиддӣ ва қарори қатъиро талаб менамуд. Дар ин маврид ба хатогӣ роҳ додан баробари марг буд. Ин бори сангине буд, ки ҳар кас қуввату мадори бардоштану бурданашро надошт. Шахси ҷасур, нотарс, ҷоннисор, шуҷоатманд ва, албатта, ватанхоҳу дилогоҳ лозим буд. Аз муваффақиятҳо наболидаву аз камбудиҳо руҳафтода нагардад. Ба оянда боварии комил дошта бошад. 
Мардуми тоҷикро халқи ба Худо наздик мегӯянд. Бешак, ин ифода ҳақиқати воқеӣ дорад. Маҳз ба иқболи ин миллат, ин сарзамини мардпарвар Худованд ҷавонмарди таҷассумгари сифатҳои дар боло зикрёфта - Эмомалӣ Раҳмонро рӯйи кор овард. Ин ҷавонмарди покизасиришт, ки зоҳиру ботинаш бо ҳам мувофиқ аст, аз ҳамон соати аввал бо хости Худои хеш ба адо кардани вазифаи пурмасъулияти худ оғоз намуда, қасам ёд карданд, ки Ватанро обод, мардумашро сарҷамъ менамоянд.
Аввалин коре, ки ин шахсияти дурбин, роҳбари доно, марди ғаюру шуҷоъ ба ҷо овард, ин ба хонаҳояшон баргардондан, баҳам  овардани мардуми ҳама гӯшаҳои Ватан буд. Гурезаҳоро овард, гунаҳгорони роҳгумзадаро бахшид, шаҳру деҳоти валангорро обод сохт. Сулҳу ваҳдати бебозгашт офарид. Давлату Ҳукумат ташкил дод. Сохтори давлати демократӣ, дунявиро барпо намуд. Ба халқи Тоҷикистон фаҳмонд, ки дӯст киву душман кӣ аст. Дар муддати 29 сол, ки аз ҷумлаи он 10-15 солаш сарфи ба ҳам овардани бошандагони диёр гардид, созандагиҳову беҳсозиҳое рух доданд, ки амсолашро танҳо дар афсонаҳо шунидан мумкин аст. Барои ҳамаи ин музаффариятҳоро рӯйи саҳфа овардан фурсати дилхоҳ надорем.  Бале, ин кори саҳлу осон набуда, боз овардани онҳоро китобҳои бисёрсаҳифа ҳам ғунҷонида наметавонад. 
Сиёсатмадорони бузургро ба номашон не, бо амалашон мешиносанд.
Аз оғози фаъолият дар ин вазифаи олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хирад, дониш, накукорӣ, созандагӣ, ҳикмати бузургонро шиор карда, кишварро аз вартаи нобудшавӣ ҳифз кард, сулҳ, оромӣ, ваҳдати саросарии мардумро таъмин сохт. Дар ҷаҳон ҳамчун роҳбари сулҳофар ном баровард. Сиёсати ваҳдатофарии ӯро дар самти ҷаҳонӣ мавриди омӯзиш ва пайгирӣ қарор доданд. Мардуми Тоҷикистон ба ӯ эътимоду боварӣ ҳосил карданд ва дӯсташ доштанд. Калонсолон ба ӯ бо лафзи – «бачам», миёнсолон «бародар», ҷавонон «падар» ва кӯдакон «бобоҷон» муроҷиат мекунанд.
Зикр мекунам, ки дар таърихи давлатдорӣ, чун Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  шахсияти дигари дорои сифатҳои адолатпарварӣ, саховатмандӣ, созандагиро дар чунин сатҳи баланд ном бурдан душвор аст. Дар муддати 30 сол афвномаҳои зиёде аз тарафи ин бузургмарди олами сиёсат тадвин шуданд, ки Анӯшервони Одил мислашро накардааст. Саховатмандие, ки ин шахси бузург дар ҳаққи пирсолон, ятимон, маъюбон, камбизоатон, мардуми саросари Тоҷикистон кардаанд ва бахшишҳое дар роҳи пардохтани андозпулиҳову ҳаққи хизматрасонии коммуналӣ намудаанд, гӯшношунид мебошанд. 
Ба гумони мо, аз заминҳои президентӣ, ки мардум ризқу рӯзии худ ва аҳли байташонро пайдо мекунанд, ёд наовардан гуноҳ аст. Сиёсатмадорони бузурги дунё, ки  ба диёри мо сафар кардаанд, бешак, биҳишти Аднро бо чашми худ дидаанд ва мебинанд. Аз меваҳои ангубинмазаву ҷаннатии он кому даҳон ширин кардаву ҳузури ҷон намудаанд. Бо сокинони ин гӯшаи меҳмоннавози Замин аз наздик шинос шуда, дар чеҳраи ҳар тоҷик меҳрубониро ҳис менамоянд. Сайёҳон аз зебоии ин табиат мафтун шуда, аз истиқболи гарму  дили нарми тоҷикон ҳайрон мондаанд. Ин аст, ки ба мушкилиҳои навпайдо - COVID-19 ва носолимии сарҳад нигоҳ накарда, сафи онҳо аз пештара бештар шудааст. 
Дабири кулли СММ ҷаноби Антониу Гутерриш аз кӯли Сарез дидан карда, аз дурандешӣ ва ҷаҳонбинии Президенти муҳтарами мо, дар масъалаи об, изҳори қаноатмандӣ намуданд. Бешак, чунин фармудаи он кас паямбарона аст: «Қимати об аз нафту газ кам нест».
Тоҷикистон дар давоми 30 соли соҳибистиқлолӣ бо гомҳои ҳадафдору мақсаднок ба пеш рафта истодааст.
Шумораи зиёди муассисаҳои маориф, тандурустӣ, фарҳангӣ, варзишӣ сохта шуданд, ки аз дилсӯзии Сарвари давлат ба насли наврас ва ояндаи Ватан шаҳодат медиҳад. Неругоҳҳо, нақбҳо, пулҳо, роҳҳо аз бунёдкории беназири Роҳбари хирадманду созандаи давлати тоҷикон буда, ба асрҳову наслҳо мерос хоҳанд монд. Дар фаъолияти бисёрҷанбаи роҳбарияти олии Тоҷикистон тарбияи одам, ба қадри инсон-сокинони мамлакат расидан, дар қатори дигар ҳадафҳои давлатдорӣ, мақоми хосса дорад. Мо бояд сафи ҷавонони босавод, донишманд, забондонҳоро зиёд намоем. Бо тамоми ҳастӣ бикӯшем, ки камбудиҳои аз замонҳои пеш бамеросмондаро бартараф карда, ҷавонони тоҷик дар офаридани техника ва технологияи муосир комёб бошанд. Он рӯз дур нест, ки мо ба истеҳсоли техникаҳои сирф тоҷикӣ оғоз кунем. Ин мақсад амри дилу тақозои замон аст. Худо хоҳад, дар ин ҷода низ комёб мешавем. Роҳбарияти давлату Ҳукумат ва халқи созандаву эҷодкори мо ба ин мақсади комилан ватанхоҳона бовар доранд.
 
Ситора ОДИНАЗОДА,
сардабири рӯзномаи 
«Кулябская правда»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 23.09.2021    №: 190    Мутолиа карданд: 856
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед