logo

Хабарҳо

Машқҳои «Миссияи сулҳи СҲШ - 2021» дар вилояти Оренбург

ТАСС. Марҳилаи фаъоли машқҳои зиддитеррористии кишварҳои Созмони ҳамкории Шанхай «Миссияи сулҳи  СҲШ - 2021» бо иштироки 5,5 ҳазор низомӣ рӯзи панҷшанбе дар машқгоҳи Донгузи вилояти Оренбург баргузор мешавад. Дар ин бора ба хабарнигорон аз хадамоти матбуоти Округи марказии низомӣ хабар доданд.
“Дар ҷараёни машқу тамринҳо, хизматчиёни ҳарбии Россия  дар якҷоягӣ бо ҳайати шахсии қисмҳои низомии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҳиндустон, Қазоқистон, Қирғизистон, Чин, Покистон, Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Беларус бояд ҳамлаи душмани шартиро баргардонанд, ба ҳуҷум гузаранд ва қувваҳои асосии ӯро мағлуб намоянд",- гуфтанд дар хадамоти матбуот.
 
 
Ҳазораҳои Афғонистон ният доранд, ки дар сурати ваъдахилофии «Толибон» дубора ба майдони ҳарб баргарданд
ТАСС. Намояндагони ақаллияти шиа дар Афғонистон - ҷомеаи Ҳазораҳо ҳушдор доданд, ки агар  «Толибон» ваъдаҳои худро иҷро накунанд ва аз зулм худдорӣ нанамоянд, ба муқовимати мусаллаҳона бо онҳо бармегарданд.  Дар ин бора  собиқ ноиби Президенти Афғонистон Муҳаммад Карим Халилӣ, раҳбари ҷамоати Ҳазора, ки яке аз қавмҳои асосии этникии ин кишвар аст,  иттилоъ дод.
"То имрӯз мо ҳукумати муваққатии   «Толибон» - ро дидем, ки ба ҳеҷ ваҷҳ фарогир нест. Идомаи ин раванд барои дигар неруҳо ва гурӯҳҳои қавмӣ қобили қабул нест. Ҳеҷ шакке нест, ки чунин вазъ барои тоҷикон ва ӯзбекҳо тоқатнопазир хоҳад буд ва онҳо якҷо бо ҳазораҳо ба майдони ҷанг бармегарданд ", - гуфт Халилӣ.
 
 
Даъвати Шурои амнияти СММ аз Россия ва Чин
Лента.ру. Вазири корҳои хориҷии Британияи Кабир Лиз Трасс дар нишасти анъанавии вазирони корҳои хориҷии давлатҳои "панҷгона" узви доимии Шурои амнияти  СММ ният дорад, ки Россия ва Чинро ба ташаккули равиши ягонаи ҳамоҳангшуда оид ба Афғонистон ва робита бо «Толибон» даъват намояд.   
Дар ин бора хабаргузории Reuters бо такя ба изҳороти Вазорати корҳои хориҷӣ хабар дод. Дар ҳуҷҷат гуфта мешавад, ки барои ҷилавгирӣ аз табдил ёфтани Афғонистон ба "макони терроризми ҷаҳонӣ"   ҷомеаи ҷаҳонӣ, аз ҷумла Россия ва Чин, бояд дар масъалаи ҳамкорӣ бо «Толибон» якдилона амал кунанд.
 
 
Путин бо сарвазири Италия вазъи Афғонистонро баррасӣ кард
ТАСС. Хадамоти матбуоти Кремл хабар дод, ки Президенти Россия Владимир Путин дар як суҳбати телефонӣ бо сарвазири Италия Марио Драги вазъият дар Афғонистон ва барқарорсозии пас аз низоъро дар ин кишвар баррасӣ кард.
«Мубодилаи афкор оид ба вазъи Афғонистон идома ёфт. Ҳар ду ҷониб нияти ҳамкорӣ бо мақсади пешгирии хатари паҳншавии терроризм, экстремизм ва ҷиноятҳои марбут ба маводи мухаддирро иброз доштанд», - омадааст дар хабар. 
"Таваҷҷуҳи махсус ба мавзуи бозсозии баъдиҷангии Афғонистон, аз ҷумла дар робита ба фаъолияти “Гурӯҳи 20”, ки Италия имсол раёсати онро дорад,  зоҳир гардид",-илова кард Кремл.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 1245
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед