logo

Хабарҳо

Муносибатҳои дипломатии Тоҷикистон ва Мавритания барқарор шуданд

Дар Ню-Йорк дар ҳошияи иҷлоси 76-уми Маҷмаи умумии СММ маросими имзои Баёнияи муштарак оид ба барқарор намудани муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Мавритания баргузор гардид.
Баёнияи муштаракро вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ва вазири корҳои хориҷӣ, ҳамкорӣ ва мавританиягиҳои бурунмарзии Мавритания Исмоил Шайх Аҳмад имзо карданд.  
Вазирони ду кишвар, инчунин, аҳамияти рушди муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистон ва Мавританияро таъкид доштанд.
 
 
Амрико ба Тоҷикистон 114 ҳазору 660 воя ваксина ворид намуд
Бо мақсади мубориза алайҳи бемории COVID-19 аз ҷониби Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба Ҷумҳурии Тоҷикистон 114 ҳазору 660 воя ваксинаи «Pfizer-BioNTech» дар чорчӯбаи фаъолияти механизми КОВАКС ва барномаи тақсимоти одилонаи вояҳои ваксинаҳои зидди COVID-19  ҳамчун ёрии башардӯстона ворид гардид.
Зимни маросими қабули ваксинаҳо муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғафур Муҳсинзода аз номи Ҳукумати Тоҷикистон ба Ҳукумати Амрико ҷиҳати дастгирӣ дар самти пешгирии бемории коронавирус, аз ҷумла ба таври ройгон дастрас намудани ваксинаҳо, изҳори миннатдорӣ намуд.
 
 
Густариши ҳамкорӣ дар соҳаи авиатсияи гражданӣ
Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Акрам Каримӣ бо раиси Агентии давлатии авиатсияи граждании Арабистони Саудӣ Абдулазиз ал-Дуайлиҷ мулоқот кард.
Ҷонибҳо доир ба рушди ҳамкориҳои байни ду кишвар дар соҳаи авиатсияи гражданӣ ва дигар масъалаҳои мавриди эҳтимоми тарафайн табодули назар намуданд.
 
 
Намояндагони доираҳои тиҷоратии Ӯзбекистон ба Тоҷикистон омаданд
Намояндагони доираҳои тиҷоратии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба Тоҷикистон омаданд. Сафари ҳайати тиҷоратии  «Made in Uzbekistan» ба Душанбе аз ҷониби Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Агентии пешбурди содироти назди Вазорати сармоягузорӣ ва савдои хориҷии Ӯзбекистон ташкил шуд. 
Ба иттилои Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон, ҳайати Ӯзбекистонро беш аз 40 ширкате, ки дар соҳаҳои бофандагӣ, чарм ва  пойафзол,  хӯрокворӣ, заргарӣ, дорусозӣ, сохтмон ва мебел фаъолият менамоянд, намояндагӣ мекунанд.
Дар доираи сафар форуми тиҷоратӣ бо иштироки намояндагони доираҳои тиҷоратии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон баргузор мешавад. Ҳадаф - ҷалби сармоя, таъсиси корхонаҳои муштарак, дар ҳудуди Тоҷикистон ва минтақаҳои озоди иқтисодӣ мебошад. Инчунин, намоишгоҳи доимӣ таҳти бренди «Made in Uzbekistan»  ташкил мешавад, ки дар он  молистеҳсолкунандагони Ӯзбекистон маҳсулоти худро ба намоиш мегузоранд.
 
 
Нақшаи иммунизатсияи зидди COVID-19 қариб 40 дарсад иҷро шуд
Ба ҳолати 20 сентябр дар Тоҷикистон дар асоси нақшаи пешбинишуда 2 миллиону 307 ҳазору 140 нафар (39,6%) шаҳрванд ба эмкунии зидди бемории коронавируси COVID-19 фаро гирифта шуд. Инчунин, вояи дуюми ваксинаро то санаи зикргардида  1 миллиону 565 ҳазору  281 нафар гирифт, - хабар дод Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ.
Бояд гуфт, ки тибқи қарори Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории сироятии COVID - 19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, гирифтани ваксина барои шаҳрвандони синни аз 18 боло ҳатмӣ мебошад.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 1077
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед