logo

суханрониҳо

СУХАНРОНИИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР МУБОҲИСАҲОИ УМУМИИ ИҶЛОСИЯИ 76-УМИ МАҶМАИ УМУМИИ СОЗМОНИ МИЛАЛИ МУТТАҲИД, ШАҲРИ ДУШАНБЕ, 24 СЕНТЯБРИ СОЛИ 2021

Муҳтарам ҷаноби Раис!
Муҳтарам ҷаноби Дабири кулл!
Хонумҳо ва ҷанобон!
Пеш аз ҳама, мехоҳам Раиси иҷлосияи навбатии Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид ҷаноби Абдулло Шоҳидро ба муносибати интихоб шуданашон ба ин маснад табрику таҳният намоям.
Ҳамкорони гиромӣ!
9 сентябри соли ҷорӣ мардуми шарифи Тоҷикистон рӯйдоди басо таърихӣ ва хотирмон – 30-юмин солгарди Истиқлоли давлатии кишварро таҷлил намуд.
Дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ кишвари мо бо ҳодисаҳои фоҷиабори ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ рӯ ба рӯ гардида, рӯзҳои сангинро паси сар кард. Хотима бахшидан ба ҷанг, ба ҳам овардани тарафҳои даргир, таъмини сулҳу субот ва, ҳамзамон бо ин, барқарор намудани муносибатҳои дипломативу ҳамкориҳои созанда бо кишварҳои олам барои мо аз вазифаҳои аввалиндараҷа ба ҳисоб мерафтанд. Бо вуҷуди душвориҳои мавҷуда, маҳз ба шарофати  сиёсати “дарҳои боз” ва сулҳҷӯёна, ба мо муяссар шуд, ки дар арсаи ҷаҳонӣ ҷойгоҳи сазовори худро пайдо ва рушди устувори кишварро таъмин намоем.
Ҳамкорони гиромӣ!
Вазъи бе ин ҳам ноустувори замони муосирро рақобатҳои геосиёсиву геоиқтисодӣ ва афзоиши сатҳи таҳдиду хатарҳо, инчунин, паҳншавии бесобиқаи бемориҳои сироятӣ боз ҳам мураккаб кардаанд. Чунин ҳолат масъулияти давлатҳоро барои роҳандозии сиёсати дурандешона ва ҳамоҳангшуда ҷиҳати ҳалли фарогири мушкилоти муосир дучанд мегардонад.
Нақши  созмонҳои  байналмилаливу минтақавӣ, хусусан Созмони Милали Муттаҳид ва ниҳодҳои тахассусии он, дар амри пайдо кардани роҳҳои ҳалли босамари мушкилоти ҷаҳони муосир калидӣ мебошад.
Ҷаноби Раис!
Таҳаввулоти ахир дар Афғонистон, ки боиси буҳрони амиқи сиёсиву башарӣ ва идораи давлатӣ гардидааст, таҳдиди ҷиддӣ ба амнияту суботи минтақа мебошад. Вазъи буҳронии Афғонистон, ки бо Тоҷикистон қариб 1400 километр сарҳади муштарак дорад, Ҳукумат ва мардуми кишвари моро бетафовут гузошта наметавонад.
Ба сари қудрат омадани ҳаракати «Толибон», ки дар феҳристи гурӯҳҳои террористии Шурои амнияти Созмони Милали Муттаҳид қарор дорад, раванди бе ин ҳам мураккаби геосиёсии минтақаро боз ҳам печида кардааст. Аз сӯйи ҳаракати “Толибон” иҷро нагардидани ваъдаҳои қаблиашон оид ба ташкили ҳукумати ҳамашумул бо иштироки васеи неруҳои сиёсиву қавмии Афғонистон боиси нигаронии ҷиддӣ гардидааст.
Тоҷикистон ҳама гуна зуҳуроти беқонунӣ, куштору ғоратгарӣ ва зулму таъқибро алайҳи мардуми Афғонистон қатъиян маҳкум менамояд. Мутаассифона, созмонҳои ҳомии ҳуқуқи башар нисбат ба поймол гардидани ҳуқуқи дигар қавму миллатҳои сокини Афғонистон ва озодиҳои шаҳрвандони он кишвар, бахусус занону кӯдакон, хомӯширо ихтиёр кардаанд ва дар ин маврид сухане ҳам баён намекунанд. Имрӯзҳо мо дар ҳодисаҳои вилояти Панҷшери Афғонистон шоҳиди нақзи фоҷиабори ҳуқуқи байналмилалии башарӣ гардида истодаем. Ба мардуми Панҷшер дастрасӣ ба озуқаворӣ, дигар маводи мавриди ниёзи аввалия, инчунин, кумакҳои башардӯстона баста шуда, ҳатто ниҳодҳои тахассусии Созмони Милали Муттаҳид ва Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх то ҳол наметавонанд ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои башардӯстонаи худ ба минтақаи Панҷшер ворид шаванд. Вазъияти бавуҷудомада фоҷиаи гуманитарӣ ба ҳисоб меравад.
Шиддати рӯзафзуни муборизаҳои қавмӣ ва гурӯҳҳои этникӣ дар Афғонистон омили дигари бештар ноамн гардидани вазъи сиёсиву амниятӣ дар кишвари ҳамсояи мо мебошад. Бо дарназардошти ин ҳолат, роҳандозии муколамаи фарогир бо иштироки намояндагони ҳама қишрҳои ҷомеаи Афғонистон аз шартҳои асосии барқарории сулҳу суботи пойдор дар он кишвар дониста мешавад. Дар ин росто, тоҷикони Афғонистон низ, ки беш аз 46 фоизи аҳолии ин кишварро ташкил медиҳанд, баробари дигар қавмҳои ин кишвар, ҳақ доранд дар умури давлатдорӣ ҷойгоҳи шоиста дошта бошанд.
Ҷаноби Раис!
Мо ба корҳои дохилии Афғонистон дахолат намекунем. Вале бар ин боварем, ки барои ҳалли муносиби мушкилоти сиёсиву амниятии кишвари ҳамсоя, бояд тавассути интихобот ва иродаи мардуми ин кишвар ҳукумати ҳамашумуле бо иштироки намояндагони ҳамаи гурӯҳҳои сиёсӣ ва ақаллиятҳои милливу қавмӣ ташкил карда шавад. Яъне мо, зарур медонем, ки сохти давлатдорӣ дар он кишвар аз роҳи раъйпурсӣ ва бо дарназардошти мавқеи тамоми шаҳрвандони кишвар муайян карда шавад. Зеро таъсиси ҳама гуна ҳукумат бидуни ба эътибор гирифтани манфиатҳои кулли мардуми Афғонистон метавонад боиси оқибатҳои фалокатбор дар ин кишвар гардад.
Тайи ҷанги таҳмилӣ ва нооромии беш аз чилсола, ки мардуми Афғонистон барои ба вуҷуд омадани чунин вазъият гуноҳе надоранд, Афғонистон ба майдони бозиҳои геосиёсӣ мубаддал гардид ва аз оқибатҳои он тамоми ҷаҳон аз тариқи ҳодисаҳои мудҳиши сентябри соли 2001-ум хуб огоҳ аст. Афғонистони ҷабрдида ва миллати ба мо дӯсту бародари он набояд дигарбора ба вартаи ҷангҳои хунини таҳмилӣ кашида шавад. Аз ин лиҳоз,  ҷомеаи  ҷаҳонӣ  бояд  ба  тақдири  қавму  миллатҳои маскуни Афғонистон ва ҳамсояҳои он бетафовут набошад. Чунки онҳоро роҳи дарози пур аз мушкилоти ҳарбиву башарӣ, ки дар натиҷаи қарори бемулоҳизаи баровардани неруҳои хориҷӣ аз ин давлат пайдо шудааст, интизор аст.
Мо, ҳамчун ҳамсояи наздик, ҳамеша ҷонибдори ҳаллу фасли фарогири қазияи Афғонистон ва эҳёи сулҳу суботи пойдор дар ин кишвар мебошем ва минбаъд низ дар ин мавқеи хеш устувор хоҳем монд. Дар ин робита, мо аз ҷомеаи байналмилалӣ даъват менамоем, ки барои ҳар чи зудтар ва бо истифода аз роҳҳои мусолиматомез ба эътидол овардани вазъи душвори сиёсиву амниятӣ ва таъмини сулҳу субот дар Афғонистон чораҳои фаврӣ ва муассир андешад.
Тоҷикистон борҳо аз созмонҳои байналмилалӣ, бахусус Созмони Милали Муттаҳид ва Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх, даъват карда буд, ки ба мардуми Афғонистон кумаки фаврии худро расонанд. Мо бар ин назарем, ки дар пешбурди ин  раванд  Созмони  Милали Муттаҳид бояд нақши калидӣ дошта бошад.
Ҳамкорони гиромӣ!
Мардуми осоиштаи Афғонистон имрӯз бо даҳшат рӯ ба рӯ шудааст. Мо бояд дарк кунем, ки ин ҳолат аз берун ташкил ва ба мардуми Афғонистон таҳмил шудааст. Дар ин ҳолат сухан дар бораи қатли оми мардуми осоишта, собиқ кормандони неруҳои амнияти миллӣ ва хизматчиёни давлатии Афғонистон меравад.
Гурӯҳҳои гуногуни террористӣ бо истифода аз вазъи ноустувори низомиву сиёсӣ дар Афғонистон мавқеи худро фаъолона мустаҳкам карда истодаанд. Ҳоло мо шоҳиди аз маҳбасҳо озод шудани ҳазорон аъзои ДОИШ, Ал-Қоида ва дигар гурӯҳҳои террористӣ мебошем. Яъне, ҷойи нигаронӣ ва таассуф аст, ки имрӯз Афғонистон дар роҳи бисёр хатарзои дигарбора ба лонаи терроризми байналмилалӣ табдил ёфтан қарор дорад.
Тоҷикистон, ки бинобар мавқеи ҷуғрофии худ дар хатти пеши муқовимат бо хатару таҳдидҳои муосир, аз қабили терроризму ифротгароӣ, тундгароӣ, муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар ҷинояткориҳои муташаккили фаромарзӣ қарор дорад, бо идомаи саъю талошҳои худ ҷиҳати пешгирӣ аз паҳншавии онҳо дастгирии ҷомеаи ҷаҳониро дар ин раванд зарур мешуморад.
Ҳамкорони гиромӣ!
Тоҷикистон ба манзури таъмини сулҳу суботи пойдори сартосарӣ бо шарикони худ ва созмонҳои байналмилалӣ, бахусус ниҳодҳои дахлдори Созмони Милал, пайваста иқдомҳои муштаракро роҳандозӣ менамояд.
Татбиқи муваффақонаи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мубориза бо терроризму ифротгароӣ барои солҳои 2016 – 2020 ҷиҳати таҳияву қабули Стратегияи нави муқовимат ба терроризму ифротгароӣ дар Тоҷикистон барои панҷ соли оянда заминаи мусоид фароҳам овард.
Муқовимат ба гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо, ки даромад аз муомилоти онҳо яке аз манбаъҳои асосии маблағгузории терроризми байналмилалӣ мебошад, иқдомҳои муштарак ва талошҳои ҳамоҳангшудаи ҷомеаи ҷаҳониро тақозо мекунад. Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки зимни татбиқи Стратегияи миллии мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир барои давраи то соли 2020 дар ин ҷода таҷрибаи кофӣ касб кардааст, дар муқовимат бо ин зуҳуроти номатлуб дар сатҳҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ низ ҳиссагузор аст. Бо дарназардошти равишу усулҳои муосири мубориза бо ин зуҳурот ва ба мақсади пиёда кардани сиёсати самарабахш дар ин самт, нимаи аввали соли ҷорӣ мо Стратегияи миллиро оид ба назорати маводи нашъаовар барои солҳои 2021 – 2030 қабул намудем.
Ҷаноби Раис!
Мо дар Тоҷикистон қадру қимати сулҳ ва зарурату аҳамияти ҳимояи онро хеле хуб дарк мекунем. Мо аз таҷрибаи мусбати ҳамкориҳои кишвар бо Созмони Милали Муттаҳид дар ин росто қаноатмандем. Аз ин ҷост, ки Тоҷикистон ҳамеша аз фаъолияти сулҳофаринии Созмони Милали Муттаҳид пуштибонӣ кардааст ва минбаъд низ саъю талош хоҳад кард, ки дар барқарорсозӣ ва пойдории сулҳу субот дар минтақаҳои гирифтори низоъ саҳмгузор бошад.
Мо азм дорем, ки дар оянда дар ҳамкорӣ бо Департаменти амалиётҳои сулҳофаринии Созмони Милали Муттаҳид шумораи афсарони худро барои ҳиссагузорӣ дар ин раванд зиёд намоем. Гузашта аз ин, бо мақсади саҳмгузорӣ дар татбиқи аҳдофу вазифаҳои Шурои амнияти Созмони Милали Муттаҳид, мубодилаи таҷрибаи ғании Тоҷикистон дар ҷодаи муқовимат ба хатару таҳдидҳои амниятӣ ва барқарор кардани сулҳу суботи комил аз тариқи музокирот мо тасмим гирифтем, ки номзадии кишвари худро барои касби узвияти ғайридоимӣ дар ин Шуро барои солҳои 2028 – 2029 пешбарӣ намоем. Мо, дар ин росто, омодаи ҳамкорӣ бо ҳамаи кишварҳои узви Созмони Милал буда, умедворем, ки онҳо аз номзадии Тоҷикистон пуштибонӣ хоҳанд кард.
Ҳамкорони гиромӣ!
Бемории COVID – 19 ва мавҷҳои боз ҳам хатарноки паҳншавии он дар баробари таҳдидҳои амниятӣ ва мушкилоти умдаи зикршуда ҳамоно сабаби нигаронии мо мебошанд. Ин беморӣ, ки дар ибтидо ҳамчун буҳрони соҳаи тандурустӣ шуруъ гардида буд, ҳоло боиси буҳрони ҷаҳонии иқтисодӣ гардидааст.
Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарки аҳамияти ҳамдастии кишварҳо дар рафъи оқибатҳои ногувори иқтисодиву иҷтимоии пандемияи коронавирус аз Нақшаи амали фарогири Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид ҷиҳати вокуниш ба паҳншавии COVID – 19  истиқбол менамояд. Мо, инчунин, аз саъю кӯшишҳои созмону бунёдҳои мухталиф ва барномаҳои Созмони Милали Муттаҳид, аз ҷумла Созмони ҷаҳонии тандурустӣ, барои дастрас кардани ваксина алайҳи ин беморӣ ва расондани кумакҳои фавриву дарозмуддат ба давлатҳои узв, пазироӣ мекунем.
Нишондиҳандаҳои иқтисодиву молиявии кишварҳо ва оқибатҳои ногувори COVID – 19 татбиқи саривақтии Ҳадафҳои Рушди Устуворро, бахусус барои давлатҳои рӯ ба рушд ва сусттараққикунанда, тулонӣ мегардонанд. Аз ин лиҳоз, мо бо дарки нақши муҳими Созмони Милали Муттаҳид дар татбиқи босамару саривақтии ин аҳдоф итминон дорем, ки Даҳсолаи байналмилалии амал барои «Ҳадафҳои Рушди Устувор» (2020 – 2030) ба пайдо кардани роҳҳои самарабахши ҳалли мушкилоти ҷаҳонӣ, аз ҷумла тағйирёбии иқлим, фақр, нобаробарии гендерӣ ва маблағгузорӣ, мусоидат хоҳад кард.
Ҳамкорони гиромӣ!
Дар роҳи расидан ба Ҳадафҳои Рушди Устувор дар кишварҳои гуногун, аз ҷумла Тоҷикистон, мушкилоти марбут ба тағйирёбии иқлим низ монеаи ҷиддӣ эҷод менамоянд.
Тоҷикистон, ки 93 фоизи ҳудуди он аз кӯҳистон иборат мебошад, дар баробари дигар кишварҳои минтақа аз тағйирёбии даври гидрологӣ, ки боиси обхезиву хушксолиҳои шадид гардида, ба захираҳои обиву энергетикӣ ва амнияти озуқаворӣ таъсири манфӣ расонда истодааст, нигарон мебошад. Мутаассифона, кишвари мо дар натиҷаи офатҳои табиии марбут ба об ҳамасола садҳо миллион доллари амрикоӣ зиён дида, дар аксар мавридҳо офатҳои табиӣ сабаби марги одамон ва аз байн рафтани инфрасохтори ҳаётан муҳим мешаванд.
Мо имрӯзҳо дар арафаи ҷаласаи 26-уми тарафҳои Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим қарор дорем. Бар ин боварем, ки ҷаласаи мазкур барои дастрасӣ ба ҳадафҳои Созишномаи Париж ва суръат бахшидан ба талошҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ дар мубориза бо тағйирёбии иқлим саҳми бориз хоҳад дошт.
Яке аз пайомадҳои ҷиддии ин раванд обшавии пиряхҳо мебошад. Дар натиҷаи тағйирёбии иқлим ва гармшавии бесобиқаи ҳаво аз 13 ҳазор пиряхи дар кӯҳсори Тоҷикистон мавҷуда то имрӯз беш аз 1 ҳазори он пурра аз байн рафтааст. Тибқи омори дастрас, танҳо пиряхи Федченко дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тайи даҳсолаҳои охир 11 километри мураббаъ, бо талафоти 2 километри мукааби ях, коҳиш ёфтааст. Ин ҳама дар ҳолест, ки то шаст фоизи захираҳои оби Осиёи Марказӣ аз пиряхҳои Тоҷикистон сарчашма мегиранд.
Кишвари мо аз рӯйи партовҳои қиёсии дуоксиди карбон дар ҷаҳон ҷойи 135-умро ишғол менамояд ва 96 фоизи қувваи барқи худро дар неругоҳҳои барқи обӣ истеҳсол мекунад. Ман ба ҳайси роҳбари чунин як кишвар барои дарёфти роҳҳои ҳалли мушкилоти марбут ба тағйирёбии иқлим борҳо дар ҳамоишҳои байналмилалии марбута пешниҳодҳои мушаххас ироа кардаам. Дар ин робита, ман, ҳамчун узви гурӯҳи муассисони Эътилофи ҷаҳонии обу иқлим, дар ҷаласаи нахустини сатҳи баланди он пешниҳод намудам, ки соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон карда шавад. Итминони комил дорем, ки ин ташаббус барои ҷалби бештари таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ҳалли масоили обу иқлим ва обшавии пиряхҳо мусоидат хоҳад кард. Таъсиси Бунёди байналмилалии ҳифзи пиряхҳо таҳти сарпарастии Созмони Милали Муттаҳид иқдоми дигаре мебошад, ки татбиқи он метавонад барои омӯзиши фарогир ва пешниҳоди роҳҳои муассири ҳалли ин мушкилоти ҷаҳонӣ замина гузорад.
Ҷаноби Раис!
Тоҷикистон тавассути пешбурди масъалаҳои марбут ба об ва иқлим дар Рӯзномаи ҷаҳонии рушд ва пешниҳоди қатъномаҳои дахлдори Созмони Милали Муттаҳид оид ба ин масъалаҳо ҳамчун кишвари ташаббускору пешсаф эътироф шуда, саҳми босазои худро дар ин раванд мегузорад.
Имрӯзҳо Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018 – 2028”, ки бо ибтикори Тоҷикистон аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид эълон шудааст, татбиқ шуда истодааст. Ҷомеаи ҷаҳонӣ ба Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба бознигарии фарогири миёнамуҳлати ин Даҳсола, ки соли 2023 дар шаҳри Ню-Йорк барпо мегардад, бо умед менигарад. Зеро баъди қариб 50 сол ин дувумин конфронси махсуси Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои марбут ба об хоҳад буд, ки бори дигар нақши калидии масъалаҳои вобаста ба обро дар рӯзномаи ҷаҳонии рушд ва ноил гаштан ба Ҳадафҳои Рушди Устувор собит хоҳад кард. Барои мо мояи ифтихор аст, ки Тоҷикистон ҳамроҳ бо Подшоҳии Нидерланд ҳамраиси ин ҳамоиши муҳими байналмилалӣ интихоб шудааст.
Дар ин робита, мо, аллакай, корҳои омодагиро бо шарикони худ, аз ҷумла бо Подшоҳии Нидерланд ва Департаменти Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, оғоз намуда, ҷиҳати ташкили раванди фарогир ва дар сатҳи баланд баргузор намудани конфронси мазкур чораҳо андешида истодаем. Мо ҳамаи ҷонибҳои манфиатдорро ба ҳамкории густурда дар ин раванд даъват менамоем.
Ёдовар бояд шуд, ки кишвари мо соли 2022 мизбони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд роҷеъ ба бознигарии Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018 – 2028” низ хоҳад буд. Бовар дорем, ки ин ҳамоиш дар раванди омодагӣ ба конфронси оби соли 2023 нақши муассир хоҳад гузошт.
Бо истифода аз фурсат, бори дигар омодагии кишвари худро дар пешбурди масъалаҳои об ва иқлим дар ҳамаи сатҳҳо, махсусан дар ҳамкорӣ бо Созмони Милали Муттаҳид, иброз менамоям.
Аз таваҷҷуҳатон сипосгузорам.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 24.09.2021    №: 191    Мутолиа карданд: 4801
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед