logo

фарҳанг

ШОМИ ШАНБЕ

ИНТЕЛЛЕКТ +
Рубрикаи «Интеллект +» охири ҳар моҳ ҷамъбаст гардида, иштирокчие, ки ба чор муаммо ҷавобҳои дуруст пешниҳод мекунад, бо мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 500 сомонӣ сарфароз мешавад. Инчунин, нафаронеро, ки саволу муаммо, мисолу масъала ва филворду кроссвордҳои ҷолиб пешкаш менамоянд, мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 300 сомонӣ интизор аст.
 
ЧАЙНВОРД
1. Кадом давлат аз ҷиҳати истеҳсоли нуқра дар ҷаҳон ҷойи аввалро мегирад 2. Ғизое, ки таркибаш ҳеҷ гоҳ вайрон намешавад 3. Тими футболи Англия 4. Пойтахташ шаҳри Бейрут 5. Аломати китобат 6. Сарнишини италиявӣ Дарио … бо гузаштани ду нақби автомобилгард бо ҳавопаймо рекорди ҷаҳонӣ гузошт 7. Тугмаи клавиатура 8. Президенти Туркия Реҷеп … Эрдоган. 9. Парандае, ки парвоз карда наметавонад. 10. Вилоят дар Ӯзбекистон. 11. Маркази кайҳонии ИМА. 12. Крейсери Инқилоби Октябри Россия. 13. Ҳамоҳангии якчанд садои мусиқӣ. 14. Асбоби утоқи корӣ. 15. Номи дигари Полша. 16. Шаҳр дар Эрон. 17. Ихтирои Александр Степанович Попов 18. Шаҳр дар вилояти Оренбурги Россия 19. Номи яке аз доруҳо.
 
Таҳияи Комрон ШАРИФОВ, сокини ноҳияи Данғара
 
Ҷавоб ба муаммои 20-солагии СҲШ аз 17 сентябри соли 2021
1. Ӯзбекистон 2. Муғулистон 3. Терроризм 4. Пекин 5. Ҳиндустон 6.Рашид 7. 2001 8. 2017 9. 2004 10. Миллӣ 11. Бишкек 12. Шри-Ланка 13. Владимир Норов 14. Кохи Наврӯз 15. Тоҷикистон 16. 2002. 17. 1997 18. 2019 19. Котибот 20. Тоҷикистон 21.Русӣ, чинӣ 22. 2001 23. Се 24. Шанхай 25. 2000 26. 2016 27. Не 28. 1998
 
Бо мо ҳамкорӣ намоед! 
Телефон: 238-53-40
 
Вайбер: 93-547-00-05, bzm_701@mail.ru
 
Масъули рубрика Зулола БОБОРАҶАБОВА
 
 
 
 
МАРИАМ – ҚАҲРАМОНМОДАРИ ТАНҲО
Мариам Набатанзи аз Уганда (Африқо)  серфарзандтарин бонуи олам ба ҳисоб меравад. Ӯ ҳоло соҳиби 44 фарзанд мебошад. 
Солҳои гуногун Мариам чор маротиба чоргоник, панҷ маротиба сегоник ва шаш маротиба дугоник ба дунё овардааст. Даҳтои онҳо духтар буда, боқимондаҳояшон писаранд. Калониаш 24 сол дошта, хурдтаринаш ҳамагӣ дусола мебошад.
Дар ҳоле ки шавҳар тарбияи ин миқдор кӯдакро бар дӯш гирифтан нахост ва оиларо тарк кард, Мариам мардонавор барои нигоҳубини оилаи бузургаш фурӯши гиёҳҳои шифобахш, ороиши тӯйхонаҳо ва дигар корҳоеро, ки бо онҳо метавон рӯзгорро таъмин  сохт, пеш гирифт. 
- Ман аз ягон коре, ки зиндагиро пеш мебарад, рӯй намегардонам, зеро фарзанд доди Худост. Аз ин рӯ, то ҷон дар рамақ дорам, мекӯшам, ки фарзандонам аз чизе танқисӣ накашанд,- мегӯяд  зани баномуси угандӣ.
 
Таҳияи Оҳистамоҳ Вафобек
 
 
 
«ЗЕБОТАРИН ВА ХАТАРНОКТАРИН МОРҲОИ САЙЁРА»
7. КРАЙТИ МАЛАЙӢ Ё КАБУД  
(Малайский, или голубой крайт)
Ин ҷонвари зебову хатарзо дар Осиёи Ҷанубу Шарқӣ ба сар мебарад. Зистанро дар мавзеъҳои намнок хуш дорад. Аз ҳамин сабаб, маъмулан, дар шолизор паноҳ бурда, баъзе хояндаҳову ҳашароти майдаро шикор мекунад. Маҳз барои ҳамин, нисбат ба дигар ҳамҷинсонаш крайт бо одамон бештар рӯ ба рӯ меояд. Мутаассифона, аксаран, инсонҳо баъди неши қотили крайт ҷон ба саломат намебаранд.
 
Таҳияи Шоҳид НАЗЗОРӢ
 
 
 
 
НИМШӮХИВУ НИМҶИДДӢ
«ҶИЯНИ ЛУҒАТ»
Дар як зиёфати унс, вақте Есенин чанд шеър мехонад, ҷавонзани баднамое ба ӯ илтифот мекунад:
- Мехоҳам бо шумо ошно шавам, ҷаноб, насаби ман «Брокгауз».
Баробари шунидани насаби ошнои ноошно, симои муаллифи луғати машҳури русӣ Брокгауз пеши назари Есенин меояд. Ҷавонзан, албатта, инро пай мебарад, ки бо ишораи тасдиқ сар ҷунбонда, мегӯяд:
- Бале, ман хоҳарзодаи ҳамон Брокгаузи машҳурам.
 Есенин фурсатро ғанимат шумурда, мехоҳад хонумро ба суҳбати унс даъват кунад, вале дӯсташ, ки ӯро ҳамроҳӣ мекард, ба қавле, ду пойро дар як мӯза андохта, эътироз мекунад, ки хонум лоиқи суҳбат надорад. 
- Ту чиҳо мегӯӣ дӯстам, ман бо хонум не, бо «ҷияни луғат» шинос шудан мехоҳам, - исрор мекунад Есенин. 
 
Аз русӣ тарҷумаи Ҳалима ҚУРБОНАЛӢ
 
 
 
 
5 РОҲИ ДУРУСТИ ТАРБИЯ
Ин навбат тасмим гирифтем ба Шумо – хонандаи гиромии саҳифаи «Шоми шанбе» чанд роҳи тарбияи кӯдаки ҳушмандро, ки илм дурустии онро собит намудааст, пешкаш намоем. Он чи, ки манзур мегардад, усули содаи инкишофи зеҳн аст. Аз он истифода баред ва зеҳни кӯдакатонро рушд диҳед. 
 
ВАҚТРО БЕШТАР ДАР КӮЧА ГУЗАРОНЕД
Бозиҳои варзишӣ барои кӯдакон ниҳоят муфид аст. Тибқи хулосаи олимон, чунин бозиҳо дар кӯдакони синни томактабӣ қобилияти эҷоди навовариро ба вуҷуд меоранд. Баъди аз мактаб баргаштан, ба кӯдакон имкон бояд дод, то дар кӯча бозӣ кунанд. Муҳим нест онҳо аз хок ё барф кӯҳ месозанд, бандпарак мекунанд ё рустшавакон. Муҳим он аст, ки шумо ба фарзандатон имкон фароҳам меоред, то бо ҳамсолонаш алоқа барпо намояд, ки ин дар рушд ва инкишофи зеҳнии ӯ нақши муассир мебозад. Бо ин тарз, яъне туфайли муоширати ҳаррӯза ва бозиҳои якҷоя зеҳни иҷтимоии кӯдакон инкишоф меёбад.    
 
Таҳияи Фарзона ФАЙЗАЛӢ
 
 
 
 
8 МУЪҶИЗАИ СОЗМОНИ ШАНХАЙ
8. «ПОИ КАЛОН» –  МАРКАЗИ ТАЪРИХИВУ ДИНИИ БУХОРО
«Пои калон» – маҷмааи меъмории беназирест, ки асри ХII  бунёд ёфта, аз се иншоот – манораи «Калон», масҷиди «Калон» ва мадрасаи Мири Араб иборат аст. 
Он дар саҳни майдони Регистон ҷойгир буда, соли 1127 аз ҷониби ҳокими Бухоро Арслонхон сохта шуда, тули 900 сол таъмири асосиро надидааст. 
Манора аз баландтарин иншооти Бухоро маҳсуб шуда, баландиаш 46, 5 метрро ташкил медиҳад.
 
Таҳияи Лола РИЗОӢ
 
 
 
 
АЗ ОЛАМИ АДАБ
Шиносоӣ бо олами рангини адибон хеле аҷиб асту саргузашти ҳар яке ба таври худ мароқовар. Агар мехоҳед бо далелҳои ҷолиб аз ҳаёти нухбагони адабиёти оламшумул огоҳ бошед, рубрикаи «Аз олами адаб»-ро пайгирӣ намоед. 
1.КИТОБИ БЕАЛОМАТ
Тоҷири амрикоӣ Тимоти Декстер соли 1802 асари “Ёддошт”-ҳояшро бо забони ба худаш хос, яъне бе гузоштани аломатҳои китобат, менависад. Табиист, ки ин миёни хонандагон норизоиро ба вуҷуд меорад. Аз ин рӯ, Декстер ҳангоми бознашри асар саҳифае илова намуда, дар он аломатҳои китобатро ҷой медиҳад ва аз муштариён чунин хоҳиш мекунад: “Хонандагони азиз, аломатҳоро мувофиқи “табъатон” гузошта, асарро мутолиа кунед!”. 
 
Аз русӣ тарҷимаи Меҳрангез ҚОДИРОВА
 
 
 
ЕЛИЗАВЕТАИ II 
МАЛИКАИ БЕҲУҶҶАТ 
Маликаи Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ Елизаветаи II, ки  95 сола аст, то ба ҳол бидуни шиноснома ба сар мебарад. Агар ӯро зарурати убур намудани марз пеш ояд, барояш басанда аст, ки ҳангоми гузаштан аз сарҳад худро малика муарифӣ намояд. Ҳамчунин,  ба ӯ иҷозат дода шудааст, ки бе шаҳодатномаи ронандагӣ мошин ронад. 
Ҳамин тавр, малика Елизаветаи II дар Британияи Кабир  ягона нафарест, ки  метавонад бе ягон ҳуҷҷат ба куҷое хоҳад сафар кунад.
 
Таҳияи Гулнисои САЪДОНШО 
 
 
 
МАКТАБҲОИ ҒАЙРИОДИИ ҶАҲОН
Мардуми мо имрӯзҳо ба ҷуз аз макотиби кишвар, инчунин, шавқу рағбати таҳсил дар муассисаҳои таълимии хориҷӣ доранд. Ба ин хотир, азм кардем, ки ба муштариён дар бораи баъзе аз мактабҳои ғайриодии кишварҳои гуногуни олам маълумот пешниҳод намоем.
 
1. МАКТАБИ ЗЕРИЗАМИНӢ (ИМА)
Миёнаи солҳои 70-уми асри XX дар ИМА буҳрони энергетикӣ сар зад ва дар мамлакат дар  тамоми муассисаҳо реҷаи сарфаи неруи барқ ва гармидиҳӣ ҷорӣ гардид.
Ҳангоми сохтмони муассисаи таълимӣ ҷиҳати риоя намудани реҷаи мазкур, мақомоти маҳаллии шаҳраки Рестони иёлати Вирҷиния соли 1977 мактаби таҳсилоти миёнаи умумиро дар зери замин  бунёд карданд. 
Воқеан, ин мактаб, ки дар ИМА бо номи «Terraset» шуҳрат дорад, сарфаноктарин  муассисаи таълимии кишвар ба шумор меравад.
 
Таҳияи Кароматулло АТО
 
 
 
ОЁ МЕДОНЕД?
1. Бо коғаз на танҳо ангуштон, балки меваи сатхтарин –  кокосро низ буридан  мумкин аст.
2. Калтакалосҳои бузурги Комодо ҳатто ба оҳу ва хукҳои ваҳшӣ низ ҳамла мекунанд.
3. Нонхӯракҳо 120 миллион сол пеш аз динозаврҳо пайдо шудаанд.
 
Таҳияи Даврон РАҲМОНОВ
 
 
 
ПИРОНСОЛТАРИН ДУГОНИКҲОИ ДУНЁ
Тибқи иттилои  сомонаи Китоби рекордҳои Гиннес, хоҳарон Умено Сумияма ва Коме Кодама аз Ҷопон миёни занҳо пиронсолтарин дугоникҳо эътироф шуданд. Ҳангоми сабт намудани ин рекорд (1 сентябри соли 2021) хоҳарон 107 солу 300 рӯз доштанд. 
Онҳо 5 ноябри соли 1913 дар ҷазираи Седои префектураи Кагава таваллуд шудаанд. Дар оилаи онҳо 13 нафар буданд. Хоҳарон ду ҷанги ҷаҳониро бардаму тандуруст паси сар карданд. 
Ҳарчанд аз хурдсолӣ то имрӯз дар алоҳидагӣ зиндагӣ кунанд ҳам, бо якдигар пайваста дар тамосанд.
 
Таҳияи Барноз РАҲМОНШОЕВА
 
 
МАРГҲОИ ҒАЙРИОДӢ
Ҳар нафаре, ки ба дунё меояд, рӯзе фаро мерасад, ки онро бояд тарк намояд. Яке бо сабаби пирӣ, дигаре бар асари беморӣ ва ё … Вале марг баъзе нафаронро аз миёни мо чунон мерабояд, ки дар бовар карданаш шубҳа хоҳем кард.  Дар рубрикаи ҷадид мо тасмим гирифтем хонандагонро дар бораи касоне маълумот диҳем, ки аз марги ғайриодӣ  бо дунё падруд гуфтаанд.
 
1. МАРГ АЗ ХАНДА
Мувофиқи яке аз фарзияҳои муаррихон, файласуфи Юнони Қадим Хрисипп (асри III пеш аз милод) ҳангоми мушоҳидаи он ки чи гуна хараш анҷири ӯро мехӯрад, бар асари хандаи бардавом ҷонашро аз даст медиҳад.
 
Аз русӣ тарҷимаи Ш. ШОКИР
 
 
 
 
КӮДАКОНИ НОБИҒА
Бисёр ихтирооти кӯдакон ҷаҳони моро ба куллӣ тағйир дода, пешрафти инсониятро суръат бахшид. Оё медонед, ки дар ҷаҳон чанд ихтироот ба кӯдакон тааллуқ дорад? Ҳар сол зиёда аз 500 ҳазор кӯдак чизи нав эҷод мекунад. Маҳз тафаккури ғайриодии онҳо ба кашфиёт сабаб мешавад. Кӯдакон манбаи эҷоду ихтирооти бузурганд. Кӯдакон оламро ба таври дигар мебинанд.  Ин аст, ки, баъзан, онҳо бо офаридаҳо ва ихтироъҳои худ мо калонсолонро ба ҳайрат меоранд.  
1. ХАТИ БРАЙЛ
Яке аз муҳимтарин ихтироот, ки дар саросари ҷаҳон зиёд истифода мешавад,  хати Брайл барои нобиноён аст. Хатро Луис Брайл дар 15-солагӣ таҳия кардааст. Дар  5-солагӣ, пас аз захм бардоштан, дар коргоҳи падараш нобино шуд. Брайл бисёр қобилиятнок буд, ҳамчунин, аз ӯ ҳамчун навозанда ва омӯзгори боистеъдод низ ном мебаранд. Брайл аввалин китобашро  бо ин хат соли 1837  чоп кардааст.
Таҳияи Комрон САФАР
 
 
 
 
ХАТОҲОИ БУЗУРГИ ИНСОНҲОИ БУЗУРГ
9. АЛОНСО ПЕРЕС ДЕ ГУСМАН
Испания асрҳои XV – XVI қисмати зиёди баҳрҳоро дар ихтиёр дошт. Вақти оғози ҷанг бо Англия, шоҳ Филипп II барои ҳимоят аз марзҳои баҳрияш флоти ниҳоят қудратманд таъсис дода, яке аз беҳтарин генералҳо Алонсо Перес де Гусманро фармондеҳ таъин мекунад. Гусман мебоист бо ин қувваи бузург душманро аз соҳилҳои Ла-Манш зада, пеш мекард. Мутаассифона, генерал, бо вуҷуди таҷрибаи бойи ҷангияш, ҳеҷ вақт флотро роҳбарӣ накарда буд. Бинобар ин, нақшаи муҳосира намудану шикаст додани англисҳоро бо истифода аз таҷрибаи дар қушунҳои пиё-дагард андӯхтааш омода сохт. Ҳамин тавр, ба ҷойи он ки аз камингоҳи худаш ба англисҳо ҳуҷум намояд, хост ҷазираҳои Британияро аз шимол убур карда, аз камари душман ногаҳонӣ зарба занад.   Вале нақшаи генерал бар суди душману бар зарари испаниҳо анҷом шуд: қисмати зиёди флот ба оби сарду мавҷҳои хурӯшони уқёнуси Атлантика тоб наоварда, ҳалок гашт, киштиҳо шикаставу лавозимоти ҷангӣ ба умқи уқёнус ба нобудӣ рафтанд. Мазҳ ҳамин хатои таърихии генерал Гусман ба шикасти Испания ва салтанати англисҳо дар баҳр сабаб гардид. 
 
Таҳияи Самад ҚУРБОНАЛӢ
 
 
 
 
СУҚУТИ АФҒОНИСТОН 
ДАР ТАСВИРИ ЯК ДУХТАРАК
Соро Раҳмонии наврас суқути Афғонистони ватанашро, ки дар хаёлоти худ сабзонда буд, ба тасвир кашид, ки хеле диққатовар аст. Замоне ки ҳаракати «Толибон» Кобулро гирифтанд, ӯ дар Калифорнияи ИМА буд. Вале духтарак эҳсосоти хешро дар тасвир баён дошт.
Дар Кобул Соро қисми бештари ҳаёти наврасиашро гузаронд.  Акнун ӯ дар ғами ҳамсинфҳои худ буда, ба ояндаи неки онҳо чандон бовар надорад. Тавре ки Соро мегӯяд, аксари духтароне, ки бо ӯ хондаанд аз кор маҳрум шудаву ҳоли ғамангезе доранд. Онҳо наметавонанд либоси дӯстдоштаашонро бипӯшанд ва агар бихоҳанд ба кӯча бароянд, ҳатман марди ошное ҳамроҳашон бошад.
Магар метавон чунин зиндагиро зиндагӣ номид ва аз он дар оянда умед дошт?
 
Таҳияи Раҷабалӣ ИСМАТУЛЛОЕВ
 
 
 
ТРУМЭН КАПОТЕ
Трумэн Капоте, нависандаи номвари Амрико, вақте серхаридортарин китоби худ «Куштори хунсардона» ("Хладнокровное убийство")-ро чоп мекунад, 4 миллион доллар фоида мебинад. Бовар нокардаанист, вале аз ин маблағ беш аз 70 ҳазорашро барои ободии қабри қаҳрамонҳои романаш Ричард Хикок ва Перри Смит, ки қотилони воқеӣ буданд, сарф мекунад. Аниқтараш ҳайкалҳои ин ду одамкушро сохта, сари манзилҳояшон мегузорад. 
Воқеан, Капоте барои навиштани ин романи ҳуҷҷатӣ шаш сол аз пушти қаҳрамонҳояш назорат бурда, мавод гирд овардааст. Ба қавли худаш, ӯ ҳар рӯз мушоҳида мекард, ки чи тавр Ричард Хикок ва Перри Смит ба марги ногузири худ наздик мешаванд. 
 
Аз русӣ тарҷумаи Фараҳзод ҚУРБОНАЛӢ
 
 
 
ИСТЕЪДОДҲОЕ, КИ БЕ МАЪЛУМОТИ ОЛӢ ҲУНАРПЕШАИ НОМӢ ШУДААНД 
АЛ ПАЧИНО
Ҳунарманди Ҳолливуд Ал Пачино, ки алъон бо истеъдоди нотакрораш дили миллионҳо тамошобинонро тасхир кардааст, дар хурдсолӣ кӯдаки душвортарбия буд. Худ қазоват кунед:  дар нуҳсолагӣ ба кашидани сигор оғоз намуда, дар сездаҳсолагӣ ба нӯшидани машрубот даст зад. Дар баробари ин, мудом бо дигар наврасон занозанӣ мекард. Ҳамин буд, ки дар 17-солагӣ ӯро аз мактаб ронданд. Чун модараш аз ин сахт норозӣ буд, Ал хонаро тарк кард. 
Зиндагӣ ӯро руҳафтода накард. Дар дил ҳамеша орзуи ҳунарманди синамо шуданро мепарварид. Чун шахси қобил буд, ба ин мақсуди худ бирасид. 
Ҳоло ба хотири маҳорати волояш номи ӯ вирди забонҳост. Ӯ барандаи ҷоизаҳои маъруфи олам «Глобуси тилло»-ӣ (панҷ бор), BAFTA, «Тони» (ду бор), «Эмми» (ду бор) ва «Шери тилло»-ӣ мебошад. Соли 1993 бошад, барои иҷрои беҳтарин нақши асосии мардона дар филми «Накҳати зан» сазовори мукофоти Академияи санъат ва илми синамои ИМА –  «Оскар» гардид. 
 
Таҳияи Иронбӣ МӮСОЗОДА 
 
 
 
“ҲИСОБКУНАКИ  10 000 ҚАДАМ” 
ЧӢ ТАВР НОМИ АСБОБ БА МЕЪЁРИ СОЛИМӢ МУБАДДАЛ ГАШТ?  
Аксар вақт мешунавем, ки мегӯянд: “Барои саломатиатон хуб будан, ҳар рӯз бояд 10 000  қадам пиёда гардед”. 
Ин назария аз куҷо пайдо шуд ва оё он исботи илмӣ дорад? Барои ҷавоб додан ба ин суол бояд сайри таърих кард.
Гап сари он аст, ки пеш аз оғози Бозиҳои олимпии Токио – 1964, яке аз  ширкатҳои ҷопонӣ асбоби қадамченкунӣ (шагомер) бароварда,  номашро “Манпо-кей” гузошт, ки маънояш “ҳисобкунаки 10 000 қадам” мебошад. Аҷибаш ин ки ин рақамро таҳиягарон танҳо барои зебоияш интихоб намуда буданду халос, вале аз ҳамон вақт инҷониб, он барои пиёдагардӣ ҳамчун кафолати тандурустӣ тавсия дода мешавад.   
 
Таҳияи Оламбегим НЕКҚАДАМОВА
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 24.09.2021    №: 191    Мутолиа карданд: 2924
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед