logo

иҷтимоиёт

ВОДИИ РАШТ. ҚАДАМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ПУРФАЙЗ ОМАД

Тайи чанд рӯзи ахир тариқи шабакаҳои телевизионӣ сафари навбатии Сарвари давлат дар водии Рашт манзури тамошогарон мегардад ва бори дигар собит месозад, ки сӣ соли истиқлолият дар рушди деҳоту беҳбуди сатҳи зиндагии онҳо ба таърихи навини давлатдории тоҷикон нақши арзанда гузоштааст. 
Бо эълон шудани Солҳои рушди деҳот сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ деҳаҳои дурдасти кишвар рушд намуда, тавъам бо манзараҳои афсункори кӯҳистон маконеро мемонанд, ки аз диданаш дил саршори фараҳ мегардаду чашм ҷилои тоза мегирад. Дар даврони  соҳибистиқлолӣ  дар тамоми шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ биноҳои замонавӣ қомат афрохта, симои зоҳириашон зебу зинати тоза касб намудааст. Нуробод, аз ҷумлаи он ноҳияҳоест, ки ба шарофати Истиқлоли давлатӣ намои зоҳириаш ба кулли тағйир ёфтааст. Далели ин гуфтаҳо, дар як муддати кӯтоҳ бунёди шаҳраки Дарбанд дар ноҳияи Нуробод мебошад, ки зеботарин маркази ноҳия дар минтақа маҳсуб меёбад. 
Аслан, нақшаи бунёди шаҳрак даҳ сол қабл аз ба даст овардани Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аниқтараш соли 1980 тарҳрезӣ шуда буд. Ҳукуматдорони вақти ҷумҳурӣ бо ин мақсад, соли 1987 ба кӯчондани аҳолии мавзеъҳои зериобшавандаи НБО «Роғун» оғоз намуданд. Қисмате аз муҳоҷиронро бо хонаҳои истиқоматӣ таъмин карданд. Вале, мутаассифона, сар задани ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ орзуи шаҳрсозонро дар якҷоягӣ бо биноҳои нимсохт ба нестӣ бурд. Он солҳо мардум аз одитарин шароит маҳрум буданд. Беш аз даҳ сол дар ин шаҳрак танҳо ду муассиса фаъолият менамуду халос. Муассисаи таълимӣ, дар бинои нимхароби боғчаи кӯдакона ва бунгоҳи тиббӣ бошад, дар  бинои тахтагини дорои чор ҳуҷра ҷой гирифта буданд. 
Шароит барои зиндагӣ дар ин макон хеле душвор буд. Бо шукргузорӣ аз тадбирҳои созандаи Роҳбари хирадмандамон чодари сиёҳ аз рӯйи ин шаҳрак бардошта шуду нури Хуршед мунаввар гашт. Ҳамин тавр, дар замони истиқлол ин макон ба як шаҳраки зебову барҳаво табдил ёфта, барои зиндагии шоистаи мардум шароити мусоид фароҳам оварда шуд. Биноҳои зебову замонавӣ, роҳҳои асфалтпӯш, корхонаву коргоҳҳо бунёд гардиданд. Чунин ободкориҳо ҳар шахси ба ору номуси миллатро водор месозад, ки бояд шукргузор  аз сулҳу амонӣ ва Сарвари меҳандӯсту раиятпарвари давлат бошанд. Имрӯз ҷойи тарсу ваҳм ва гиряи талхи кӯдакони солҳои навадумро умеду орзуҳои нек ва хандаи зебанда иваз кардааст. 
 Хуб дар хотир дорам, ки дар яке аз сафарҳои Сарвари давлат ба ноҳияи Нуробод, ки соли 2009 баргузор гардида буду худи ҳамон сол собиқ маркази ноҳияро ба маркази нав кӯчонданд ба мардум ваъда дода буданд, ки «Ман ба шумо дар кӯтоҳтарин муддат  шаҳрак не шаҳр месозам». Дарвоқеъ, имрӯз шаҳраки Дарбанд ба як шаҳри дидани табдил ёфтааст. Имрӯз тамоми инфрасохторҳои давлатӣ дар шакли зебову замонавӣ қомат афрохтаанд. Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ дар бинои зебову муҷаҳҳаз бо тамоми лавозимоти хониш барои 3000 хонанда аз соли 2008 мавриди истифода қарор дорад. Дар ҷойи бунгоҳи тиббии  тахтагину аз нурҳои офтоби сӯзон фарсудашуда, бинои барҳавову васеи беморхонаи марказии ноҳия, ки зеботарин маркази саломатӣ дар минтақаи Рашт мебошад, бунёд  гардидааст. Бешубҳа, мебояд гуфт, ки ҳар гоҳ қадами файзбори ин марди Худо -  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷойе  расад  яқин он ҷо ободон мегардад. Ин навбат низ, зимни сафари кории Пешвои миллат дар шаҳраки Дарбанд як қатор иншооти иҷтимоию  фарҳангӣ,  ки бахшида ба Ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ бунёд шуданд, мавриди истифода қарор гирифтанд, ки хурсандии мардуми ноҳияро дучанд намуд. Ҷиҳати сайру гашт ва фароғати сокинон ба истифода додани қисмати аввали боғи фарҳангиву – фароғатӣ, қомат афрохтани муҷассамаи Исмоили Сомонӣ, бо баландии 10 метр,  парафшон шудани Парчами давлатӣ бо баландии 50 метр ва ба ҳусни шаҳрак ҳусни дигар зам намудани Нишони давлатӣ бо баландии 22 метр аз рушди ноҳия дарак медиҳад. Воқеан, дар як муддати кӯтоҳ ин қадар бунёдкориву ободӣ дар ин гӯшаи дурдасти кӯҳистони Тоҷикистон корест басо душвор. Ин гуна фидокориҳои Сарвари давлатамонро имрӯзҳо дар саросари кишвар мушоҳида менамоем. Ба кадом гӯшаи ватанамон, ки меравӣ рушди деҳот назаррас аст. Ин бори дигар собит менамояд, ки тамоми хурду бузурги кишвар пайваста дастуру ҳидоятҳои Роҳбари давлатро дастгирӣ намуда, ҷиҳати ободу зебо ва дар як фазои озоду дорои шароитҳои хуб ба воя расондани фарзандон кӯшиш менамоянд. 
Аслан, ҳама ташаббусҳои Пешвои миллат, чи дар сатҳи байналмилалӣ ва чи дар сатҳи ҷумҳуриявӣ ҳамраъйии амиқро касб менамояд. Эълон намудани Солҳои рушди деҳот сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ аз ҳамин қабиланд. Чунки ин иқдом ба сатҳи зиндагиии деҳот  таъсири назаррас мегузорад. Бо мақсади боз ҳам баланд бардоштани шароити зисти деҳотиён, агар боз як сесолаи рушди деҳот эълон мегардид ба манфиати кор мебуд, зеро бо ҳама ин пешравиҳо боз деҳаҳое ҳастанд, ки ҳанӯз ҳам ба рушд ниёз доранд. Тибқи мушоҳидаҳо мушкили аксари деҳаҳо набудан ё дар масофаи дур қарор доштани оби нӯшокӣ мебошад. Беҳуда нагуфтаанд: «Об бошад, ободӣ ҳам мешавад». Умед дорам дур нест он рӯзе, ки бо ташаббуси Пешвои миллатамон сокинони деҳоти ташналаб аз ин неъмати бебаҳо арзонӣ истифода мебаранд.                
 
Гулнисои САЪДОНШО, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 25.09.2021    №: 192    Мутолиа карданд: 553
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед