logo

иҷтимоиёт

РӮЗГОРЕ БАРОИ ИБРАТ

Ривоҷ додани соҳаи кишоварзӣ, ба зинаи нав баровардани ҳаҷми истеҳсолот ва беҳтар кардани сифати он, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон дар паёмҳои худ таъкид меварзанд, бе инкишофи самтҳои гуногуни илми кишоварзӣ ба даст намеояд. Дар раванди ба роҳ мондани селексияи зироатҳои кишоварзӣ, эҷод кардани навъҳои нави ҳосилдеҳу сердаромад, равнақ бахшидан ба ин соҳаи муҳими илм олимони сириштшиносу селексионер нақши калидӣ доранд.
Яке аз чунин пажӯҳишгароне, ки бештар аз шаст соли умри худро дар селексияи пахта, кашфи навъҳои нави он бахшидааст, номзади илми биология Мақсудҷон Маҳбубов мебошад. Ин марди шариф ва пири корро аз соли 1990 мешиносам. Номбурда дар шуъбаи генетикаи АМИТ, кафедраи пахтапарварӣ, генетика, селексия ва тухмипарварии ДАТ ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур фаъолияти пурсамар дорад. 
Ба қалами  Мақсудҷон Маҳбу-бов 200 кори илмӣ, монографияҳо, дастурҳо ва барномаҳои таълимӣ мансуб аст. Бо сарпарастии ӯ чандин навъҳои пахта ихтироъ шудаанд. Ҳоло дар майдони 10 ҳазор гектар пахтаҳои гуногуннавъ кишт ва парвариш гардида, ҳар сол пахтакорон садҳо ҳазор сомонӣ даромад мегиранд. Устод ҳаёти худро бо оромию тамкин ҳамеша ба илму амал ва корҳои хайр пайванд додааст.
Мардум ин ё он навъи нави меваро истеъмол кунанд, ягон намуди хӯрокро бори аввал чашида лаб ба ситоиш кушоянд ё пироҳани аз пахта омодашударо ба тан кунанд, ҳаргиз номи олимони дар пайдоиши онҳо ранҷбурдаро намедонад. Аммо имрӯз тавассути ин мақола ёдовар мешавем, ки дар ин раванд хидматҳои олимоне чун Мақсудҷони Маҳбубов зиёд аст.
Хушбахтона, имрӯз ҳам устоди мо дар канорамон аст ва ботамкин сӯйи ояндаи дурахшон қадам мезанад. Кӯлбори умраш аз дастоварду муваффақиятҳо моломол аст. Барои рӯзу шабҳои ба илм бахшидааш пушаймон нест. 
Дар кӯчаҳои зодгоҳаш – шаҳри бостонии Исфара боифтихор қадам зада, аз назди дабистоне, ки он ҷо таълимоти аввалро гирифтааст, гузашта онро намешиносад, зеро бинои он ба ифтихори Ҷашни 30 - солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо ташаббуси Пешвои миллат муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон пурра бозсозӣ ва таъмир шудааст. Ба кӯдакону наврасони хуштолеи замони истиқлол назар афканда, дуои сабз ба лаб меорад, ки насли нав донотару собитқадамтар ва донишмандтару ботаҷрибатар аз гузаштагонашон бошад. 
 
Саидҷамол САИДЗОДА,
аъзои вобастаи АИКТ, 
доктори илми кишоварзӣ, профессор  


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 25.09.2021    №: 192    Мутолиа карданд: 523
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед