logo

иҷтимоиёт

ХУНРЕЗӢ БО НОМИ ДИН?!

Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ ва баъд Румӣ аз мутафаккирону шоиронест, ки ҳамзамони ҳама даврҳо: чи пешин ва чи пасин будаву ҳасту мемонад. Ба қавли дигар, ҳеҷ гоҳ куҳна набуду нест ва намешавад. Бо асари мондагори худ «Маснавии маънавӣ» оламеро раҳнамунӣ кард ва аз ҳақиқату ҳақиқат гуфту огоҳ намуд. Нав диду нав гуфту таъкид кард, ин нав шуданҳои ҷаҳону коинотро бубинем, дарк созем, то ба ҳақиқати худ роҳ бибарему ба он ошно бишавем. Агарчи аз рашку ҳасад душманонаш, нотавонон, куҳнагароён дар оташи афрӯхтаи худ сӯхтанд, ӯ ҳамчунон хомӯш монд. Барҳақ, интиқом гирифтан хоси заифон аст ва бахшидан хоси тавонмандон. Марди боҳуш ин ҳамаро нодида мегирад. Агар дар асри мо ё худ рӯзгори мо андак эроде бигиранд ё таъне бикунанд, аз заъфе, ки доранд, оташ дар найистони олам мезананд ва садои пирӯзияшонро баланд месозанд.
Мавлоно аммо дар рӯзгори худ барои ибрати мо низ хомӯш монд, чун шунид, ки гуфтанд:
Ин каломи орифони шум нест,
«Маснавии маънавӣ»-и Рум нест.
 
Қимати «Маснавии маънавӣ» ва таълифгари он аз ин таън ҳеҷ поён нарафт, балки ҳосидону эродгиронашро ошкор сохт, беобрӯ намуд. Баръакс, гуфтанд, ки се чиз ом буд, туфайли Мавлоно хос шуд. Нахуст, мафҳуми «Мавлоно». Оре, чун Мавлоно мегӯянду менависанд, мурод танҳо Ҷалолиддини Балхӣ ва баъд Румӣ аст.
Маснавӣ ҳам ом буд. Баъд аз таълифи «Маснавии маънавӣ» хос шуд. Асрҳост, ки мурод аз «Маснавӣ» ҳамин асари орифи бузург мебошад. «Турбат»-и омро ҳам ӯ хос кард.
Мебинем, қолибҳоро, меъёрҳои мавҷудаеро, ки одамӣ ба вуҷуд оварда буд, мешиканад, дигар мекунад, ба маънои мусбаташ. Ҳатто, дар андешаи мо роҳ наёфтаву намеёбад, ки метавон гуфт:
Безорам аз он куҳнахудое, ки ту дорӣ.
Воқеан, ӯ орифу шоирест навгаро, навгаро на ба соле, ҳафтае ва ё рӯзе, балки ба ҳар лаҳза:
Ҳар замон нав мешавад дунёву мо
Бехабар аз нав шудан андар бақо.
 
Ба ашъораш чун кас рӯ меорад ва ба фаҳмаш мерасад, дармеёбад, ки ҳеҷ масъалае нест, ки ба он дахл накарда ва роҳи ҳаллашро нишон надода бошад. Ҳатто, дар шинохти ишқ, интихоби ҳамсар низ андешааш, раҳнамунияш ҳеҷ куҳна нашудааст. Иллати пойдор намондани оилаҳоро рӯшану содда иброз медорад:
Ишқҳое, к-аз пайи ранге бувад,
Ишқ набвад, оқибат нанге бувад.
 
Магар андешаву зиндагии мо пойбанди рангҳо нест? Пас, то аз ин гуна пойбандиҳо раҳоӣ наёбем, наметавон роҳ ба сӯи ҳақиқат ва шинохти он бибарему дурусту бехато зиндагӣ бикунем.
Имрӯз аз масъалаҳо ва мавзуъҳое, ки ҷаҳонро нигарон ва ба андешидани тадбири дуруст масъул сохтааст, ҳуҷуму ҳукмронии гурӯҳи «Толибон» дар Афғонистон аст. Аз дасти онҳо бисёр аз афроди саршинос, воизону хатибону гӯяндагони сухани ҳақ ба шаҳодат расиданд. Бисёри дигар аз мусулмононро ҳукм бар куфр кардаанд, яъне куштани онҳоро раво донистаанд. Ба гумони худ соҳиби аҷр мешаванд ва унвони ғозиро касб мекунанд.
Қуръону Ҳадису фиқҳи Имоми Аъзам (рҳ) нодуруст шарҳу тавзеҳ меёбанд, албатта, ба нафъи худашон, на ҷомеаи муслимин. Дарҳои мактабҳову мадрасаҳои диниро бастанд, ки гӯё онҳо террористонро ба воя мерасонанд.
Ҳеҷ давреро одамӣ аз таърих ёд надорад, ки бад-ин бераҳмӣ, зулму ситам хуни бародарони муслимро дар рӯзи рӯшан ҳам бирезанд ва аз ин амали нангини худ шодӣ бикунанду ифтихор бинамоянд.
Имрӯз пешрафтатарин, бузургтарин силоҳҳоро барои куштани мусулмонон истифода мебаранд. Ҳамзамон, онҳоро дар ҳолати фақру бенавоӣ нигоҳ  медоранд. Ҳар ки аз ин боб лаб ба сухан мекушояд, душмани исломаш мехонанду эълом медоранд. Дини ростин, динеро, ки адолатпарвариро мехоҳад ва шинохти ҳақиқату Ҳақро, дар олам бадном сохтаанд. Балки мақсудашон низ ҳамин аст. Нахуст худро ба душманони ислом фурӯхтанд ва баъд динашонро. Аз ғаниматҳои бахшидаи хоҷагонашон сер нагардиданд, аз ин рӯ, бо куштани  мусулмонон аз онҳо ғанимат мебаранд ва онро бо фатвоҳои худ ҳалол мешуморанд. Мардум, мусулмонон, дар кишвар аз фақру бенавоӣ мемиранд, аммо ҳеҷ  тадбир намеандешанд ва дасти мадад дароз намекунанд. Ин гуна амалҳо ба чор китоби Худо низ мувофиқат намекунанд. Лоту Маноту Ҳубалро барқарору пойдор намуданд, дар сурати хоҷагон, нафс ва тарафдоронашон. Дигар Худованд паямбаре нахоҳад фиристод, ки ло набию баъдӣ, яъне расули гиромӣ (х) худ фармуданд, ки баъди ман паёмбаре намеояд. Ӯ дар миёни мо Китоби Худоро гузошту суханони пурҳикмати худро, то ҳақиқатро, роҳро аз он бишиносему пайдо бикунем, на ки ҳар дуро барои маҳви мусулмонону  пойдориву шодии душманони он.
Чаро ғафлат варзидем? Чаро ҳақиқатро нашинохтем? Чаро роҳро гум кардем? Чаро душманону мунофиқони исломро бовар намудему менамоем? Пиндору гуфтору кирдори онҳо, ки ҳақиқатро бепарда бозгӯ мекунад. Бедор шавем, ки душманони мо дар ҳар сурат, ба ҳар вақт меоянд. Мабодо нашиносемашон ва азизу гиромияшон бидорем, ба ҷонибдорияшон сухан бикунему амал бинамоем.
Мавлоно, тавре зикр шуд, дар ин маврид низ имрӯзӣ аст. Оре, Мавлоное, ки дар зодгоҳи ӯ низ, яъне Балх, имрӯз хунрезӣ асту фақру бенавоӣ ҳукм меронад, он ҳам бо номи дин ва дини  ислом. Гӯиё ҳаштсад сол пеш ҳам ин ҳодисот, ин паёмади бадро дидаву эҳсос карда, ки гуфтааст:
Аз падар пурсид рӯзе як писар,-
«Беҳтарин динҳо кадом аст, эй падар?»
Гуфт: - «Ман ба дин надорам ҳеҷ кор,
Пеши ман динҳо надоранд эътибор.
Чунки овардем ҳар дини ҷадид,
Ихтилофи бештар омад падид.
Кинаҳову душманӣ бисёр шуд,
Ҷангҳои мазҳабӣ такрор шуд.
Хуни мардум рехт бар рӯйи замин
Борҳову борҳо бо номи дин.
На мусулмонам, на тарсо, на ҷуҳуд,
Сар ба ҳукми ақл меорам фуруд.
Ақл мегӯяд, ки айши бекарон
Ҳаст дар ҳамзистӣ бо дигарон.
Дин вале гӯяд, ки хуни кофарон
Гар бирезӣ, айш дорӣ бекарон.
Дигарандешон ҳам охир одаманд,
Дин чаро гӯяд, ки маҳдурулдаманд?
Ман ба ин иллат надорам дину кеш
То нарезам хуни ҳамнавъони хеш.
Ту ҳам, эй фарзанд, танҳо аз хирад
Пайравӣ кун, то ба минуят барад,
Бо тамоми мардуми рӯйи замин,
Дӯстӣ кун, беҳтарин дин аст ин».
 
Воқеан, бас талху дарднок аст, ки бо номи дин хуни мардум бар рӯйи замин рехта мешавад. Ҷойи бас тааҷҷуб ҳам ҳаст, ки агар  хуни ғайримусулмононро ин гурӯҳ ба нохост бирезанд, ҷомеаи ҷаҳонӣ зуд садои эътирози худро баланд мекунаду тадбир меандешад. Дар мавриди мусулмонони Панҷшер ва тоҷикони он, зодгоҳи Мавлоно аксар аз мамолики мутамаддин ба бозиҳои пасипардагӣ машғул мешаванду ҳақиқатро нодидаву ношунида мегиранд.
Бешак, рӯҳи Мавлоноро бад-ин хунрезӣ бо номи дин нороҳат намудаанд. Ба иллати мазкур дигарон аз дину кеш рӯ мегардонанд, то хуни  ҳамнавъони хешро нарезанд.
Ба дасти ин гурӯҳ бадғаразон мехоҳанд исломро бадному доғдор бисозанд, ҳол он ки ин дин пайравони асилашро водор месозад, ки ба тамоми мардуми рӯйи замин дӯстӣ бикунанд.
 
Абдулқодири РАҲИМ,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 25.09.2021    №: 192    Мутолиа карданд: 638
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед