logo

иҷтимоиёт

ТОҶИКИСТОН. ТАДБИРҲОИ ПАЛАТАИ САВДО ВА САНОАТ ДАР РОҲИ РУШДИ ТИҶОРАТИ ЭЛЕКТРОНӢ

Воқеиятҳои  буҳрони  иқтисодии  бинобар  пандемияи COVID – 19 бавуҷудомада, нишон доданд, ки тиҷорати электронӣ метавонад воситаи муассири харидуфурӯш, инчунин, муҳаррики ҳам рушди иқтисоди дохилӣ ва ҳам савдои байналмилалӣ гардад. Бо назардошти ин омил, Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин самт аз тадбирҳои зарурӣ кор мегирад.
 
ШУРОИ РУШДИ ТИҶОРАТИ ЭЛЕКТРОНӢ ТАЪСИС ЁФТ
Ҳарчанд ҷомеаи муосир ба даврони технологияҳои иттилоотӣ ворид шуда, ҳамкорӣ ва муошират бо роҳҳои осону қулай, тавассути истифодаи фаъолонаи мухобироти гуногун сурат гирад ҳам, пас аз паҳн шудани коронавирус дар ҷаҳон, муҳимияти истифодаи технологияҳои иттилоотиву иртиботӣ дар ҳаёти иқтисодӣ-иҷтимоӣ ба таври назаррас эҳсос гардид. 
Бо назардошти муҳим будани ин масъала, Палатаи савдо ва саноат, дар асоси қарори ҷаласаи раёсати Палатаи савдо ва саноати кишвар, Шурои рушди савдои электронӣ таъсис дод, ки онро раиси Палатаи савдо ва саноат Ҷамшед Ҷумъахонзода роҳбарӣ мекунад. 
Рушди равандҳои иттилоотонӣ барои тиҷорат аҳамияти калон дорад. Истифодаи фаъоли технологияҳои муосири иттилоотӣ ва иртиботӣ на танҳо омили иловагии баланд бардоштани самаранокии субъектҳои соҳибкорӣ, балки муайянкунандаи фазои иқтисоди миллӣ, фароҳамоварии шароит барои рақобати баробар ва одилона, баланд бардоштани шаффофияти субъектҳои соҳибкорӣ ва ғайра маҳсуб меёбад. Ғайр аз ин, бо назардошти аҳамияти тақвияти минбаъдаи робитаҳои тиҷоратӣ байни соҳибкорони Тоҷикистон ва дигар кишварҳои ҷаҳон дар амиқтар намудани ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ дар давраи буҳрони иқтисодии ҷаҳонӣ, бинобар паҳн шудани пандемияи COVID – 19 дар саросари ҷаҳон, муколама байни ҷомеаи тиҷоратӣ муҳимияти худро хуб исбот кард. Тибқи нишондиҳандаҳои оморӣ, ҳаҷми тиҷорати электронӣ дар ҷаҳон сол ба сол меафзояд ва ин тамоюл бетаъсир нест. Маълум аст, ки тиҷорати электронӣ афзлиятҳо ва дурнамо дорад, аз ин рӯ, доираҳои тиҷоратии Тоҷикистон бояд ба он диққати зарурӣ диҳанд. 
 
«РОҲ БА СӮИ ҶАШН: УФУҚҲОИ НАВИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ ДАР ДОИРАИ СҲШ»
Роҳҳои рушди ҳамкорӣ дар воқеияти нав ва ҷалби сармоя ба иқтисоди кишварҳои СҲШ, бартараф кардани оқибатҳои пандемия ва барқарорсозии иқтисодиёти «пасмонда» ва баланд бардоштани самаранокии кор ҷиҳати татбиқи Стратегияи рушди Созмони ҳамкории Шанхай аз масъалаҳое буданд, ки дар ҳамоиши иқтисодии байналмилалии  Санкт - Петербург баррасӣ шуданд.
Зикр шуд, ки СҲШ имрӯз яке аз омилҳои муҳимтарини иқтисодиёти ҷаҳони муосир мебошад. Ин созмон, ки ҳоло аз ҳашт кишвар иборат аст (соли 2017 ба он Ҳиндустон ва Покистон ҳамроҳ шуданд), соли ҷорӣ 20-солагии худро ҷашн мегирад. СҲШ беш аз 60 дарсади қаламрави АвруОсиё, беш аз 45 дарсади аҳолии сайёра, қисми муҳими ММД-и ҷаҳонро ташкил дода, аз ҷиҳати иқтисодӣ созмони ҷиддӣ ва бонуфуз аст. 
Раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар СҲШ, ки ба 20-умин солгарди созмон ва 30 - солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рост омад, ба таҳкими дӯстӣ ва ҳамсоягии неки кишварҳои узв, ҳифзи сулҳ, амният ва субот дар минтақа, таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаҳои тиҷорат, иқтисод ва фарҳангу гуманитарӣ, такмили заминаи меъёрӣ ва густариши ҳамкориҳо дар доираи созмон, таҳкими обрӯ ва мавқеи байналмилалии Созмон равона шудааст. Тибқи нақшаи чорабиниҳои асосии СҲШ, дар шаҳри Душанбе баргузории форуми тиҷоратии кишварҳои узви Созмон дар назар аст. 
Бояд қайд намуд, ки яке аз масъалаҳои таҳкими ҳамкориҳо дар соҳаи иқтисод байни кишварҳои узв, бо назардошти пандемияи коронавирус, баргузории чорабиниҳои мухталиф мебошанд, ки ба рушди фаъолияти СҲШ дар ҳалли умдатарин мушкилоти рӯз мусоидат мекунанд. Мушкилоти муосир самт ва шаклҳои нави ҳамкорӣ, роҳҳои ҳалли тараққиётро талаб мекунанд, ки Созмонро ба роҳи рушди интенсивӣ мебароранд ва ин ҷо гузарондани конфронси байналмилалӣ оид ба дурнамои рушди барномаҳои сайёҳӣ, бо назардошти таҳдидҳои нав, ҳамчунин, рушди иқтисодиёти рақамӣ ва қисмати асосии он – рушди тиҷорати электронӣ байни кишварҳои СҲШ, ҳамкории саноатӣ, амалисозии барнома оид ба дастгирии фаъолияти содиротии тиҷорат ва омодасозии кадрҳо дар бахшҳои гуногуни иқтисодиёт, ташкили фазои ягонаи тиҷоратӣ дар асоси технологияҳои иттилоотӣ бо истифодаи механизмҳои муосир, ба монанди тиҷорати электронӣ, лизинг, технологияҳои инноватсионӣ ва ҳифзи манфиатҳои қонунии тиҷорат дар доираи СҲШ муҳим мебошанд.   
 
ҶАЛАСАИ ЯКУМИ ШУРО ОИД БА РУШДИ ТИҶОРАТИ ЭЛЕКТРОНӢ ДАР ТОҶИКИСТОН
Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) ҷаласаи якуми Шуро оид ба рушди тиҷорати электронӣ дар Тоҷикистонро баргузор намуданд.
Дар он Ҷамшед Ҷумъахонзода, раиси Палатаи савдо ва саноат, гуфт, ки бозори фурӯши онлайнӣ ба суръати баланд меафзояд ва ба гуфтаи коршиносон, боз ҳам зудтар рушд хоҳад кард. Умедворем, ки Шурои рушди тиҷорати электронӣ ба як платформаи муҳими ҷамъиятӣ барои муколама мубаддал хоҳад шуд, ки дар он ба муҳокимаи масъалаҳои марбут ба таблиғ ва рушди тиҷорати электронӣ дар Тоҷикистон диққати калон дода мешавад. 
Бояд гуфт, ки Тоҷикистон ба ин масъала таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд. Феълан, дар ин самт як қатор санадҳои меъёрӣ қабул шудаанд. Аз ҷумла, айни замон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тиҷорати электронӣ» ва лоиҳаи Стратегияи миллии рушди тиҷорати электронӣ таҳия мегарданд. Дар ҳамин ҳол таъсисёбии Шуро оид ба рушди тиҷорати электронии назди Палатаи савдо ва саноат тадбири саривақтӣ ва мувофиқ буда, метавонад ҳамаи ҷонибҳоро гирди ҳам оварда, ба минбари муҳокимаи рушди тиҷорати электронӣ табдил ёбад. 
Иҷрокунандаи вазифаи Роҳбари дафтари USAID дар Тоҷикистон Кит Симсон иброз медорад, ки рушди тиҷорати электронӣ дар Тоҷикистон на танҳо барои ширкатҳои бузург, балки барои корхонаҳои хурду миёна шароитҳои нав фароҳам меорад ва ба онҳо имкон медиҳад, ки фурӯш, содирот ва ташкили ҷойҳои нави кориро зиёд намоянд. Ин ба аҳолӣ имкон фароҳам меорад, ки бо нархи арзон ба доираи васеи маҳсулот ва хидматҳо дар бозорҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ дастрасӣ пайдо кунанд. Соҳаи мазкур барои давлат низ муҳим мебошад, зеро он иқтисоди шаффофро фароҳам меорад ва соҳибкоронро ба дур шудан аз иқтисоди пинҳонӣ ташвиқ мекунад, ки ин дар ниҳоят ба афзоиши даромади Буҷети давлатӣ мусоидат хоҳад кард. 
 
ТАДБИРҲОИ ҲУКУМАТИ МАМЛАКАТ ДАР ИН САМТ
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳои худ масъалаи ҷорисозии технологияҳои муосирро дар соҳаҳои гуногун пайваста таъкид месозанд. Аз ҷумла, Сарвари давлат дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ бо мақсади таҳкими асосҳои институтсионалии иқтисоди рақамӣ, рушди инфрасохтори иттилоотиву иртиботӣ дар кишвар, рақамикунонии соҳаҳои иқтисоди миллӣ ва вусъатбахшии раванди рақамикунониро ба Ҳукумати мамлакат ва сохтору мақомоти дахлдор супориш доданд, ки барои таъсиси Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ чораҷӯӣ намоянд.
Дар ҳамин ҳол, бо назардошти алоқамандии ногусастании тараққии тиҷорати электронӣ ба иқтисодиёт, Ҳукумати мамлакат тадбирҳои зарурӣ меандешад. Ин буд, ки чанде қабл Консепсияи рушди иқтисодиёти рақамӣ қабул гардид. Консепсияи иқтисодиёти рақамӣ ба Стратегияи миллии рушди Ҷумҳу-рии Тоҷикистон барои то соли 2030 асос ёфта, инъикоскунандаи дурнамои истифодаи технологияҳои рақамӣ бо мақсади ноил гардидан ба ҳадафҳои олии рушди дарозмуҳлати Тоҷикистон мебошад. Он таъсиси инфрасохтори рақамӣ, дастрасии интернети баландсуръат, рақамикунонии соҳаҳои калидии истеҳсолот – энергетика, саноати коркард ва кишоварзиро дар давраи дарозмуҳлат пешбинӣ менамояд. 
 
Шаҳноз ҚУРБОН,
«Ҷумҳурият»
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 25.09.2021    №: 192    Мутолиа карданд: 606
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед