logo

Хабарҳо

Лавров дар бораи ҳамоҳанг набудани ризоияти абарқудратҳо оид ба принсипҳои тартиботи ҷаҳонӣ сухан гуфт

 
Лента.ру. Вазири корҳои хориҷии Россия Сергей Лавров гуфт, ки ҳамкории васеъ дар доираи Созмони Милали Муттаҳид, махсусан дар шароите талаб карда мешавад, ки давлатҳои абарқудрат оид ба принсипҳои тартиботи ҷаҳонӣ бо ҳам мувофиқ нестанд. Вай дар ин бора зимни муҳокимаи умумии сиёсӣ дар Ассамблеяи генералии СММ изҳор дошт. 
Вазир зикр кард, ки вохӯрӣ дар толори Ассамблеяи генералӣ рамзи барқарорсозии муколамаи муқаррарӣ мебошад, ки бо фарорасии пандемияи коронавирус қатъ гардида буд. Вай таъкид кард, ки ин созмон бояд дар сиёсати ҷаҳонӣ нақши ҳамоҳангсоз дошта, иқтидорашро барои «бисёрҷониба ва қонунияти универсалӣ» боз кунад.
 
 
Муфтии Афғонистон шиканҷаи руҳониёнро аз ҷониби ҷангиёни «Толибон» изҳор намуд
Лента.ру. Руҳониёни афғон пайвас-та аз ҷониби «Толибон» мавриди хушунат ва шиканҷа қарор мегиранд. Бинобар таъқибот, бисёр имомон маҷбур мегарданд, ки пинҳон шаванд. Дар ин бора, Муфтӣ Абдулқодир (ном бо сабабҳои амниятӣ иваз шудааст) дар мусоҳиба бо «Лента.ру»  гуфтааст.
Ба гуфтаи муфтӣ, ҷангҷӯён, ҳатто, раиси тамоми имомхатибони Афғонистонро боздошт намудаанд, ҳарчанд пас аз муддате ӯро бо пардохти гарав озод кардаанд. «Шикояти асосии «Толибон» аз руҳониён дар он аст: вақте онҳо бар зидди ҳукумати қаблӣ мубориза мебурданд,  мо онҳоро ёрӣ надодем ва ё дастгирӣ накардем. Ҳоло бисёр имомон дар ҳоли фироранд», - гуфт Абдулқодир.  
 
 
"Толибон" ҷасадҳоро дар майдони асосии шаҳри Ҳирот овехтанд
Лента.ру. «Толибон» ҷасадҳоро дар майдони асосии шаҳри Ҳирот овехтанд. Дар ин бора, Associated Press бо истинод ба як сокини маҳаллӣ хабар медиҳад. Ба гуфтаи шоҳиди айнӣ, «Толибон» чаҳор ҷасадро дар майдони асосӣ овехтанд ва се тани дигарро барои намоиш ба дигар қисматҳои шаҳр бурданд.
Зиёулҳак  Ҷалолӣ, сардори пулиси ноҳиявӣ дар шаҳри Ҳирот, гуфт, ки ҷасадҳо ба одамрабоён тааллуқ доранд, ки ҳангоми кӯшиши одамрабоӣ кушта шудаанд.
Солҳои 1996 - 2001, замоне, ки «Толибон» дар Афғонистон ҳокимият доштанд, ҷазоҳои оммавии васеъ паҳн мешуданд: дасту пойҳоро мебуриданд ва ба дор меовехтанд.
 
 
Чин аз номи кишварҳои ҳамфикр аз Шурои ҳуқуқи башари СММ даъват ба амал овард
Синхуа. Намояндаи доимии Чин дар СММ ва дигар созмонҳои байналмилалӣ дар Женева Чэн Сюй дар ҷаласаи 48-уми Шурои ҳуқуқи башари СММ бо изҳороти муштарак аз номи Чин ва беш аз 20 кишвари ҳамақида, ба мисли Россия, Куба, Шри - Ланка, Эрон, Тоҷикистон, Эфиопия ва Зимбабве даъват намуд, ки ба пешбурди адолати ҳуқуқи инсон мусоидат намояд. 
Чэн Сюй ишора кард, ки кори ШҲБ дар ҳоли ҳозир бо мушкилоти ҷиддӣ рӯ ба рӯ аст: принсипҳои универсалӣ, беғаразӣ, холисӣ ва интихоб накардан поймол мешаванд. Баъзе кишварҳо аз нигарониҳои ҳуқуқи башар дар кишварашон чашм мепӯшанд ва зери ниқоби ҳуқуқи башар бо ҳадафҳои сиёсӣ ба корҳои дохилии кишварҳои дигар мудохила мекунанд ва мекӯшанд, ки арзишҳои худро ба онҳо бор намоянд. Чунин амалҳо ба соҳибихтиёрӣ ва истиқлоли дигар кишварҳо зарари ҷиддӣ мерасонанд, ба ҳамбастагӣ ва ҳамкории байналмилалӣ, инчунин, талошҳои байналмилалӣ оид ба пешбурд ва ҳифзи ҳуқуқи инсон халал мерасонанд. Ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд барои муқовимат ба чунин амалҳо якҷоя кор кунад.
 
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 1102
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед