logo

Хабарҳо

СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ ВА РУШДИ ВАО

Тоҷикистон давоми 30 соли Истиқлоли давлатӣ бо роҳбарии хирадмандонаву дурнигаронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – 
Пешвои миллат, Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба дастовардҳои азими иқтисодию иҷтимоӣ ноил гардид. Аз ҷумла, дастоварди бузурги кишвари мо тайи ин солҳо рушду нумуи воситаҳои ахбори оммаи мамлакат, дар мисоли телевизион, радио ва матбуот мебошад. 
 
Ин нуктаро Субҳиддин Шамсиддинзода, муовини раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ҳамоиши илмӣ - оммавӣ таҳти унвони «Воситаҳои ахбори омма ва ташаккули давлатдории миллӣ», ки бо ташаббуси Академияи ВАО-и Тоҷикистон бахшида ба 30 - солагии Истиқлоли давлатӣ, Рӯзи Рӯдакӣ ва ёдбуди журналисту публитсисти соҳибном Асадулло Саъдуллоев баргузор гардид, иброз намуд.  
Дар чорабинӣ бурду бохти  соҳа, ба даст омадани донишҳои нави илмӣ, бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта баррасӣ гардида, инчунин, барои татбиқи таҷрибаи пешқадам дар низоми ВАО-и кишвар ибрози назар карда шуд. 
Зикр гардид, ки ҳоло дар мамлакат 94 шабакаи телевизиону радио, студияҳои истеҳсоли маҳсулоти аудиовизуалӣ, инчунин, беш аз 500 рӯзномаю маҷаллаи давлатию хусусӣ фаъолият доранд. 
Саъдӣ Исматов, директори Академияи ВАО, иброз намуд, ки имрӯз дар кишвар зодрӯзи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, сардафтари адабиёти форсу тоҷик, таҷлил мегардад. Ва ин рӯз бо баргузории конфронсҳо, суҳбатҳо ва мулоқот бо аҳли фарҳангу адаб ҷашн гирифта мешавад. Ҳамаи ин маҳз аз самараи Истиқлолияти давлатист. 
Дар идома Абдулмуъмин Қутбиддинов, декани факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Нигина Сироҷова ва Сангин Гулов, устодони ин факултет доир ба ҳаёт ва фаъолияти публитсист Асадулло Саъдуллоев суханронӣ намуданд.  
Дар охир аз ҷониби директори Академияи ВАО ба журналистони фаъол ифтихорномаҳо тақдим гардид.
 
Оламбегим НЕКҚАДАМОВА,  «Ҷумҳурият» 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 1035
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед