logo

Хабарҳо

Путин чаҳор душмани асосии Россияро ном бурд

Лента.ру. Президенти Россия Владимир Путин дар вохӯрӣ бо раҳбарони Ҳукумат гуфт, ки душманони асосии Россия камбизоатӣ, мушкилот дар соҳаи маориф, тандурустӣ ва инфрасохтор мебошанд.   
Сарвари давлат зикр кард, ки баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии русҳо муҳим аст, зеро як қисми назарраси аҳолӣ дар ҳоли камбизоатӣ зиндагӣ мекунанд. «Барои мо бо итминони комил гуфтан ин ки мо ба ҳама ҳадафҳо расидем, «ура!» гуфта, фарёд кардан хеле барвақт аст. Душман то ҳол мағлуб нашудааст», - гуфт Путин.
Ӯ илова намуд, ки зарбаи асосӣ ба некуаҳволии шаҳрвандон пандемияи COVID-19 буд.
 
 
Фаронса хостори афзоиши шумораи аъзои Шурои амнияти СММ мебошад
ТАСС. Фаронса афзоиши шумори кишварҳои узви Шурои амнияти Созмони Милали Муттаҳидро зарур мешуморад. Дар ин бора намояндаи расмии Вазорати корҳои хориҷии Фаронса хабар дод.
«Фаронса кайҳо идеяи тавсеаи Шурои амниятро дастгирӣ мекард. Вай ҷонибдори афзоиши ду категорияи аъзои Шурои амният - ҳам доимӣ ва ҳам муваққатӣ аст», - гуфт дипломат. Вай афзуд, ки «дар ин замина Фаронса ташаббуси кишварҳои Гурӯҳи чаҳорро (G4 - Олмон, Бразилия, Ҳиндустон ва Ҷопон), ки ба таъсиси як курсии иловагӣ дар Шурои амният барои як кишвари узви доимӣ нигаронда шудааст, дастгирӣ мекунад».
«Вай, инчунин, аз тавсеаи намояндагии кишварҳои Африқо, аз ҷумла ба ҳайси аъзои доимии Шурои амният пуштибонӣ мекунад», - гуфт намояндаи департаменти дипломатӣ.
 
 
Гутерриш умедвор аст, ки муколама байни Арманистон ва Озарбойҷон идома меёбад
RТ. Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерриш изҳори умед кард, ки музокироти мустақими Озарбойҷон ва Арманистон пас аз мулоқоти вазирони корҳои хориҷии ду кишвар дар ҳошияи 76 -умин  Ассамблеяи генералии СММ идома меёбад.
Ӯ, инчунин, афзуд, ки ин талошҳо бахше аз муколамаи васеъ барои расидан ба ҳалли устувори сулҳ хоҳанд буд.
Қаблан Ҷейҳун Байрамов, вазири корҳои хориҷии Озарбойҷон ва ҳамтои армании ӯ Арарат Мирзоян дар Ассамблеяи генералии СММ музокирот анҷом доданд.
 
 
«Толибон» дар Афғонистон тарошидани риш, рафтан ба сартарошхона ва пӯшидани пойафзоли сафедро манъ карданд
Росбалт. Ба мардони афғон «тибқи меъёрҳои ислом» тарошидани риш ва рафтан ба сартарошхонаҳо манъ карда шуд. Ҳаракати «Толибон» дар саросари кишвар чунин фармон содир кардааст, - менависад рӯзномаи Ettelaat.
Дар вилоятҳои Ҳилманд ва Қандаҳор акнун навохтани мусиқӣ низ мамнуъ аст. Илова бар ин, вазири нави  мудофиаи Афғонистон Мавлавӣ Яъқуб ба радикалҳо амр дод, ки селфӣ накунанд, зеро ин «ба амнияти раҳбарияти «Толибон» таҳдид мекунад». Вай тавзеҳ дод, ки аксҳо метавонанд маълумотро дар бораи макон ва фаъолияти аъзои гурӯҳ ифшо кунанд, - менависад The Wall Street Journal.
Дар айни замон, Яъқуб ҷангиёнро барои босуръат рондани нақлиёт ва тақлид ба мӯди Ғарб, аз ҷумла дар шакли мӯйҳои дарози то китф ва пӯшидани пойафзоли сафед сарзаниш кард.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 1748
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед