logo

суханрониҳо

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони ноҳияи Роштқалъа, 28 сентябри соли 2021

Ҳамдиёрони азиз!
Мулоқоти мову шумо дар айёме баргузор мегардад, ки тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон ҳамагӣ чанд рӯз пештар Ҷашни бузурги миллиамон – сиюмин солгарди Истиқлоли давлатиро таҷлил карданд.
Аз ин лиҳоз, бори дигар сокинони сарбаланду меҳмоннавози ноҳияи Роштқалъаро ба муносибати ин ҷашн, ки барои ҳар яки мо санаи, воқеан, сарнавиштсозу таърихӣ мебошад, самимона табрик мегӯям.
Ба шарофати Истиқлоли давлатӣ имконият фароҳам омад, ки мо бо истифода аз тамоми захираҳо барои таъмин намудани рушди ноҳияҳои дурдасти кӯҳистон тадбирҳои мунтазам ва заруриро амалӣ созем.
Ҳамин тавр, дар давоми солҳои соҳибистиқлолӣ дар ноҳияи Роштқалъа бо истифода аз маблағҳои буҷетӣ ва ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ аз ҷониби Ҳукумати мамлакат шумораи зиёди иншооти иҷтимоиву иқтисодӣ, аз ҷумла муассисаҳои таълимӣ, тиббӣ, фарҳангӣ, иншооти хизматрасонӣ, биноҳои истиқомативу маъмурӣ, неругоҳҳои барқи обӣ, хатҳои оби нӯшокӣ ва роҳу пулҳо, бунёду навсозӣ карда шуданд. Илова бар ин, мардуми заҳматдӯсти ноҳия, дар қатори сокинони дигар шаҳру ноҳияҳои кишвар, барои таҷлили сазовори Ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон корҳои зиёди созандагиро ба роҳ монда, тибқи нақшаи корҳои ободониву бунёдкорӣ 140 иншооту биноҳоро ба маблағи 35 миллион сомонӣ сохта, ба истифода додаанд, ки ин иқдом барои боз ҳам ободу зебо шудани ноҳия ва таъсиси ҷойҳои корӣ мусоидат намудааст. Бо истифода аз фурсат, ба ҳамаи шахсоне, ки дар корҳои ободониву бунёдкорӣ саҳми ватандӯстона гузоштаанд, изҳори сипос менамоям.
Итминон дорам, ки иқдомоти созанда дар ноҳия минбаъд низ идома ёфта, барои баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум ҳар як фарди бонангу номус боз ҳам бештар ва софдилона заҳмат мекашад. Зеро имкониятҳои ноҳия дар самти рушди соҳибкориву ҳунармандӣ, хизматрасониву сайёҳӣ, истеҳсоли маҳсулоти ниёзи мардум, масолеҳи сохтмон ва дигар навъҳои маҳсулот ҳанӯз хеле зиёд мебошанд. Вобаста ба ин, таъкид месозам, ки гарчанде дар даврони соҳибистиқлолӣ аз ҷониби ташкилотҳои қарзӣ ба аҳолӣ ва соҳибкорон қариб 100 миллион сомонӣ қарз дода шудааст, вале аз масъулон андешидани чораҳои дахлдор ҷиҳати афзоиш додани ҳаҷми қарзҳои нисбатан арзон барои соҳибкории истеҳсолӣ тақозо карда мешавад.
Соҳибкорони ноҳия дар самтҳои боғдорӣ ва истеҳсоли афшураи ангату мева, истеҳсоли масолеҳи сохтмон, коркарди маҳсулоти чорво ва истеҳсоли доруворӣ машғул буда, ҳамзамон, чандин нафари онҳо барои ҷамъоварии тиллои пошхӯрда ва сангҳои қиматбаҳо соҳиби иҷозатнома гардидаанд.
Дар оянда зарур аст, ки дар самти рушди ҳунарҳои мардумӣ, маҳсулоти заргарӣ, зиёд намудани истеҳсоли маводи доруворӣ ва афшура аз мева барои бозори дохилӣ ва хориҷӣ чораҷӯйӣ карда, дар ин самт коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ бунёд карда шаванд.
Мувофиқи маълумоти оморӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар соли 2020 ба 2,8 миллион сомонӣ расонда шуда, дар ҳудуди ноҳия 3 корхонаи саноатӣ бо шумораи умумии 143 нафар корманд фаъолият кардааст, ки ин нишондиҳандаҳо бо дарназардошти имконоти мавҷуда ҳоло ҳам кофӣ нестанд. Зеро такроран таъкид месозам, ки дар ноҳияи Роштқалъа имконияту зихираҳои зиёде мавҷуданд, ки истифодаи самараноки онҳо метавонад ба амалишавии ҳадафи стратегии саноатикунонии босуръати кишвар мусоидат намояд.
Тайи солҳои соҳибистиқлолӣ бо дастгирии пайвастаи Ҳукумати мамлакат барои таъмин намудани пешрафти устувори соҳаҳои мухталифи иқтисодиёти ноҳия ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо зиёда аз 715 миллион сомонӣ маблағ равона карда шудааст.
Танҳо барои пӯшондани хароҷоти буҷети маҳаллӣ ва маблағгузории соҳаҳои мухталиф ба ноҳия аз буҷети ҷумҳуриявӣ зиёда аз 372 миллион сомонӣ кумаки молиявӣ ҷудо гардидааст.
Дар ин давра дар ноҳия 10 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи беш аз 18 миллион сомонӣ амалӣ гардида, ҳоло татбиқи боз 2 лоиҳа идома дорад. Дар доираи лоиҳаҳои мазкур сохтмон ва муҷаҳҳазгардонии мактабҳо, сохтмони неругоҳи хурди барқи обӣ, дастрас намудани таҷҳизоти муосири тиббӣ ба беморхонаи марказии ноҳия, таҷдиди роҳҳо ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим амалӣ гардидааст.
Бо мақсади идома додани ин раванд, роҳбарияти ноҳияро зарур аст, ки якҷо бо вазорату идораҳои дахлдор ва дар ҳамкорӣ бо сармоягузорони ватаниву хориҷӣ корро ҷиҳати ҷалби боз ҳам бештари сармоягузориҳо ва истифодаи васеи имконоти мавҷуда тақвият бахшанд.
Аз ҷониби Ҳукумати мамлакат дар даврони соҳибистиқлолӣ дар ноҳияи Роштқалъа 16 иншооти соҳаи энергетика таҷдиду навсозӣ гардида, ба истифода супурда шуд, ки дар натиҷа ҳоло таъминоти ноҳия бо барқ хеле беҳтар гардидааст. То замони соҳибистиқлолӣ зиёда аз 60 фоизи аҳолии минтақа дар фасли зимистон аз неруи барқ маҳрум гардида, майдони зиёди ҷангалзорҳо ба сифати сӯзишворӣ истифода бурда мешуд.
Ҳукумати мамлакат ҷиҳати пурра бо неруи барқ таъмин намудани Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, аз ҷумла ноҳияи Роштқалъа, як қатор лоиҳаҳои муҳимро амалӣ карда истодааст. Бо анҷом ёфтани онҳо солҳои наздиктарин илова ба ин, ки вилоят бо барқ таъмин мегардад, инчунин, содироти он ба роҳ монда мешавад.
Дар ноҳияи Роштқалъа, ки аз манотиқи дурдасти кӯҳистони Тоҷикистон ба шумор меравад, кишоварзӣ соҳаи асосии шуғли мардум ва манбаи аслии даромади онҳо мебошад.
Тибқи маълумоти оморӣ, дар натиҷаи заҳмати софдилонаи кишоварзони ноҳия дар ҳашт моҳи соли 2021 ба маблағи 21 миллион сомонӣ маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол шудааст. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки истеҳсоли маҳсулоти соҳаи кишоварзӣ мунтазам афзоиш ёфта, майдони кишти зироатҳои кишоварзӣ нисбат ба соли 1991-ум 3,3 баробар, картошка 2,4 баробар ва ғалладона 25 фоиз зиёд гардидааст.
Дар ин давра соҳаи чорводорӣ низ тараққӣ карда, нисбат ба солҳои аввали истиқлол саршумори чорвои калон 46 фоиз, қутос 2 баробар ва паранда 2,5 баробар зиёд шудааст.
Аз натиҷаҳои бадастовардаи сокинони ноҳия бармеояд, ки 220 гектар заминҳои президентӣ ва 631 гектар заминҳои наздиҳавлигии ба онҳо тақсимкардашуда самараноку оқилона истифода шуда истодаанд.
Бовар дорам, ки кишоварзони ноҳия ин анъанаи хубро идома дода, ҳамчунин, дар доираи Барномаи давлатии азхудкунии заминҳои нави обёришаванда ва барқарорсозии заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда корро вусъат мебахшанд ва барои афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли маводи ғизоӣ ва ҳифзи амнияти озуқавории кишвар саҳми сазовор мегузоранд.
Ҳозирони гиромӣ!
Раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва табдил додани мамлакат ба кишвари транзитӣ яке аз ҳадафҳои стратегӣ ба шумор рафта, аз ҷониби Ҳукумати мамлакат то имрӯз дар ин самт корҳои зиёд ба сомон расонда шудаанд.
Дар ин раванд, маблағгузории нигоҳдории роҳҳои мошингарди ноҳия аз ҳисоби Буҷети давлатӣ танҳо дар даҳ соли охир 1,5 баробар зиёд гардида, Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои ноҳия бо 14 техникаву механизмҳои роҳсозӣ таъмин карда шудааст. Дар натиҷа, дар даҳ соли охир ҳаҷми боркашонӣ тавассути роҳҳои ноҳия қариб 2 баробар ва мусофиркашонӣ 1,5 баробар афзоиш ёфтааст.
Солҳои наздик сохтмони роҳи мошингарди Хоруғ – Роштқалъа – Туқузбулоқ ба нақша гирифта шудааст, ки бо амалӣ гардидани он ҳамлу нақли бору мусофирон боз ҳам афзоиш ёфта, дастрасии сайёҳону меҳмонон ба мавзеъҳои зебои ноҳия хеле осон мегардад.
Бо мақсади муҳайё кардани шароити мусоиди замонавӣ барои хонандагони ноҳияи Роштқалъа тайи сӣ соли гузашта 12 муассисаи нави таълимӣ барои зиёда аз 2040 хонанда сохта, ба истифода дода шудааст. Илова бар ин, ҳоло аз ҷониби Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президент лоиҳакашии сохтмони муассисаи таълимӣ барои 640 ҷойи нишаст дар маркази ноҳияи Роштқалъа идома дорад.
Аз ҷониби Ҳукумати мамлакат барои ҳалли масъалаҳои соҳаи тандурустии ноҳия низ як силсила корҳо ба анҷом расонда шудаанд. Имрӯз 34 муассисаи тиббии ноҳия бо 158 нафар табибону кормандони миёнаи тиббӣ бо мақсади ҳифзи солимии сокинон фаъолияти самаранокро ба роҳ мондааст.
Ҷиҳати дастгирии аҳолии ниёзманд дар ноҳия механизми таҷрибавии таъин ва пардохти кумакпулии унвонии иҷтимоӣ ба оилаҳо ва шаҳрвандони камбизоат ҷорӣ карда шуда, дар давоми 6 соли охир ба 7000 нафар сокини ноҳия кумакҳои иҷтимоӣ пардохт гардидаанд.
Давлат ва Ҳукумати мамлакат минбаъд низ ба ҳалли мушкилоту масъалаҳои иҷтимоӣ диққати ҷиддӣ медиҳад, зеро ғамхорӣ нисбат ба оилаҳои камбизоат ва дигар гурӯҳҳои осебпазири ҷомеа яке аз самтҳои муҳими сиёсати иҷтимоии мо мебошад.
Тавре ки дар боло зикр намудам, сокинони ноҳияи Роштқалъа дар замони соҳибистиқлолӣ ба хотири ободии диёри худ ва рушди бомароми ҳамаи соҳаҳои он содиқона заҳмат кашида, ба дастовардҳои назаррас ноил гардидаанд. Итминон дорам, ки онҳо дар оянда низ тамоми саъю талоши худро барои ҳифзи дастоварди бузургтарини Истиқлол – сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ, инчунин, таҳкими пояҳои давлатдории миллии тоҷикон, рушди давлат ва ободии Ватани соҳибихтиёрамон равона месозанд.
Дар охир кулли сокинони ватандӯсти ноҳияи Роштқалъаро бори дигар ба ифтихори 30-солагии Истиқлоли давлатӣ самимона табрик гуфта, ба ҳамаи шумо барои истиқболи самимонаатон изҳори сипос менамоям ва ба ҳар яки шумо тансиҳатӣ, хонаи обод ва файзу баракати рӯзгор орзу дорам.
Ҳамеша хушбахту сарбаланд бошед, ҳамватанони азиз!
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 29.09.2021    №: 194    Мутолиа карданд: 5135
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед