logo

Хабарҳо

Ҳамкории Тоҷикистон бо СММ баррасӣ шуд

Вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин дар чорчӯбаи сафари кории худ ба Ню-Йорк ҷиҳати иштирок дар мубоҳисаҳои умумии иҷлосияи 76-уми Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид бо президенти тозаинтихоби он Абдулло Шоҳид мулоқот кард.
Ҷонибҳо дар чорчӯбаи Маҷмаи умумӣ маҷмуи масъалаҳои ҳамкории Тоҷикистон ва СММ, аз ҷумла бахшҳои амният, иқтисод, иҷтимоӣ, гуманитарию беҳдоштӣ ва обу иқлимро мавриди баррасӣ қарор дода, ба зарурати таҳкими ҳамкориҳои бисёрҷониба таъкид сохтанд.
 
 
Музокироти Тоҷикистон ва Ӯзбекистон оид ба аломатгузории сарҳадҳо
Дар шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Ӯзбекистон вохӯрии навбатии гурӯҳҳои кории ҳайатҳои ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Комиссияи муштараки демаркатсионӣ баргузор гашт. Дар музокирот корҳои аломатгузорӣ дар хатти Сарҳади давлатии Тоҷикистону Ӯзбекистон баррасӣ гардиданд.
Тарафҳо натиҷаи корҳои саҳроиро дар хатти Сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон баррасӣ карда, ба мувофиқа расиданд, ки баҳри омода намудани хатти лоиҳавии демаркатсионӣ корҳоро идома диҳанд. Пас аз анҷоми вохӯрӣ протокол ба имзо расид.
Вохӯрии навбатӣ дар Тоҷикистон баргузор мегардад.
 
 
Густариши ҳамкорӣ бо СҶТ
Муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ғафур Муҳсинзода бо коршиносони  Миссияи техникии дафтари Созмони ҷаҳонии тандурустӣ дар Аврупо Роберт Пастор, Хосе Хаган ва Рустам Набиев мулоқот намуд. Инчунин, дар вохӯрӣ роҳбари намояндагии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Виктор Олшавский ва дигар шахсони масъул иштирок доштанд.
Муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ аз ҳамкориҳои ниҳод бо дафтари СҶТ дар Аврупо  ёдовар шуда, омодагии вазоратро ҷиҳати тақвияти ҳамкориҳо иброз намуд.
Ҳадаф аз ташрифи коршиносони Миссияи техникии дафтари СҶТ дар Тоҷикистон расондани ёрии техникӣ ба вазорат доир ба арзёбии фарогирии реҷаи эмкунӣ, гузарондани баҳодиҳии сифати маълумотҳо дар соҳаи иммунопрофилактика ва табодули таҷриба бо мутахассисони тоҷик дар ин самт ба шумор меравад.
 
 
Мулоқоти сафирони Тоҷикистон ва Чин дар Россия
Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Федератсияи Россия Чжан Ханхуэй мулоқот кард. 
Дар дидор баргузории бомуваффақонаи мулоқоти сарварони давлатҳои СҲШ дар Душанбе махсус зикр шуд.
Дар суҳбат перомуни ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои дӯстонаи Тоҷикистону Чин ва шарикии стратегии ҳамаҷониба мубодилаи афкор сурат гирифт.
 
 
Ҷопон ба Тоҷикистон техникаи роҳдорӣ тақдим кард
Аз ҷониби Ҳукумати Ҷопон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодӣ» техникаву механизмҳои роҳдорӣ ҳамчун ёрии бебозгашт супурда шуд. Дар маросими қабули техникаи мазкур вазири нақлиёт Азим Иброҳим ва сафири фавқулода ва мухтори Ҷопон дар Тоҷикистон Такаюки Мияшита иштирок ва суханронӣ намуданд. 
Иқдоми навбатии Ҳукумати Ҷопон – кумаки бебозгашт ба маблағи як миллиард йени ҷопонӣ (тақрибан 9,7 миллион доллари ИМА) дар доираи «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодӣ» мебошад, ки оид ба ин қаблан Ёддошти тафоҳум ба имзо расида, бо қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ тасдиқ гардида буд.
Дар доираи лоиҳаи мазкур 57 техникаву таҷҳизот пешбинӣ шудааст ва дар навбати аввал 44 техникаву механизми роҳдорӣ ба кишвар ворид гашт. Аз ҷумла, 5 экскаватор, 15 боркунаки фронталӣ, 16 регпошак ва 8 барфрӯб.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 1778
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед