logo

иҷтимоиёт

МЕЪМОР

Меъморӣ пешаест заҳматталаб, ки на ҳар кас дар ин ҷода метавонад муваффақ шавад. Дар баробари меҳнатқарин будан, шахс бояд дорои маҳорати воло ва тахайюлоти рангин бошад, ки ниятҳои хешро дар амал татбиқ намояд. Қаҳрамони мо – меъмори барҷаста Баҳоваддин Зуҳурдинов маҳз аз зумраи чунин нафарон аст, ки фаъолияти панҷоҳу панҷсолаи пурсамари ӯ далели ин гуфтаҳоянд. 
Мавсуф зодаи пойтахт буда, пас аз хатми мактаб ба Омӯзишгоҳи рассомии шаҳри Душанбе дохил шуда, онро соли 1966 бо баҳои аъло ба итмом мерасонад. Ҳамчунон, хатмкардаи Институти политехникии Тоҷикистон (ҳоло Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ) ва Институти меъмории Москва мебошад. 
Маҳорати волои устод ҳанӯз аз рӯзҳои аввали фаъолияташ ҳувайдо гардида буд ва он сол ба сол сайқал меёфт. Натиҷаи ҳамин заҳматҳо буд, ки имрӯз Баҳоваддин Зуҳурдиновро на танҳо дар кишвар, балки берун аз он яке аз барҷастатарин меъморон мешиносанд. Офаридаҳои устод аз ҳам ба куллӣ фарқ дошта, маънои ба худ хос доранд ва моро ба олами рангину афсонавӣ  мебаранд. Ин маъноро мо метавонем дар лоиҳаҳои иншооти  “Чойхонаи Саодат”, “Маҷмааи модар - ватан”, “Маҷмааи меъморӣ бо муҷассамаи шоҳ Исмоили Сомонӣ”, Маҷмааи 2700 - солагии Кӯлоби бостонӣ”, “Қасри миллат”, биноҳои “Пойтахт – 80”, “Амфитеатр” ва ғайраву ғайра мушоҳида намоем. Боиси тазаккур аст, ки чанд сол қабл бинои “Қасри миллат” миёни зеботарин кохҳои олам мақоми дувумро гирифт, ки  ҳунарманди чирадаст будани устодро собит месозад. Қобили зикр аст, ки эҷодиёти Баҳоваддин Зуҳурдинов шаҳрҳои Федератсияи Россия, Ҳиндустон, Австралия ва дигар мамлакатҳоро зинат мебахшанд, ки ин фахри мо – тоҷикон аст.
Тамоми муваффақиятҳои хешро Баҳоваддин Зуҳурдинов аз баракати сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон медонад ва чуноне таъкид месозад, мо бояд аз сулҳу амоние, ки ба шарофати талошҳои хастагинопазири Сарвари маҳбубамон дар Ватани азизамон пойдор  шуд, шукр гузорем ва баҳри рушду нумӯ ва боз ҳам баланд бардоштани нуфузи мамлакатамон дар арсаи байналмилалӣ пайваста саъй намоем.
Тули фаъолияти панҷоҳу панҷсолаи бобарору пурбаракати хеш устод дар ривоҷу равнақи санъати меъмории кишвар саҳми арзанда гузоштааст ва ҳамин аст, ки хизматҳои содиқонаи ӯ аз ҷониби роҳбарияти олии мамлакат бо Ифтихорномаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ордени “Дӯстӣ”, Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ва ғайра қадр гардида, бо як қатор мукофотҳои байналмилалӣ мушарраф мешавад.
 
Оятулло РАҲМАТУЛЛОЗОДА,  меъмор
Меҳрбону АШУРОВА, меъмор
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 30.09.2021    №: 195    Мутолиа карданд: 506
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед