logo

иҷтимоиёт

«МО БАРОИ ВАСЛ КАРДАН ОМАДЕМ». БАРДОШТ АЗ КОНФЕРЕНСИЯ БАХШИДА БА БУЗУРГДОШТИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ

«Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ яке аз маҳбубтарин шуарои дунёст.  Мавлоно буд, ки дар рӯзгораш беш аз чордаҳ ҳазор нафар дасти иродат ба доманаш дароз карданду ҳазорҳо кас аз файзи суҳбаташ дар тулонитарин фосилаҳо масту махмури маънавӣ монданд. Маҳз Мавлоно дар думболаи атвор, ақвол ва аъмоли худ асрҳо шӯридагони биёбони ишқ ва маҷнунҳои тариқати шинохти ҳақиқатро раҳнамоӣ кард ва чароғи ирфони хонақоҳи сулукеро бо унвони «Мавлавия» то имрӯз фурӯзон маҳфуз дошт. Офтоби маърифаташ фосилаи қарнҳоро барҳам зада, имрӯз Шарқу Ғарбро ба ҳам васл кард. Шуҳрат ва осори ӯ марзҳои тафаккур, таассуб, тазод, мазҳабу адёнро бишкаст ва руҳу ҷони онҳое, ки ишқро устурлоби асрори Худованд бишнохтанд ва синаҳои худро шарҳа – шарҳа аз фироқи асолат сохтанд, оромиш ва эҳтизоз бахшид. Маҳз ба хотири Ҷалолиддини Балхӣ барои Аврупо – Шарқ ҷойгоҳи нур, хостгори тамаддун ва диёри фарзонагон гашт».
 
Ин нукта зимни конференсияи ҷумҳуриявӣ бахшида ба бузургдошти Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ зери унвони «Мо барои васл кардан омадем», ки дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №9-уми Ҷамоати деҳоти Сангтӯдаи ноҳияи Данғара бо иштироки намояндагони Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ, олимон, шоирону нависандагон, муҳаққиқон, омӯзгорону донишҷӯён ва хонандагону сокинон доир шуд, баён гардид.
Умедҷон  Сафарзода,  директори Маркази ҷумҳуриявии муассисаҳои таҳсилоти иловагии назди Вазорати маориф ва илм иброз дошт, ки Ҷалолиддини Балхӣ миёни сухансароён, шоирону орифони адабиёту фарҳанги оламшумули тоҷику форс ҷойгоҳи хос дошта, бо эътибори андешаҳои ирфонӣ, ахлоқӣ, фалсафӣ ва афкори гаронқадри маънавии хеш беш аз 800 сол маъруф аст. Ҷаҳони тафаккури ин алломаи ирфону адаб ҳамеша андешаҳои инсонгароиву инсонсозиро ба ҳукми шиори зиндагӣ ва ҳикмати пурбори маънавӣ ҷилвагар месозад. 
Гуфта шуд, ки яке аз бузургтарин муҳаққиқи амрикоӣ Колман Брокс, дар ин ақида аст, ки зодгоҳи Ҷалолиддин Вахш аст. Пажӯҳишгари олмонӣ Аннамери Шиммел низ бар он бовар аст, ки зодгоҳи Мавлоно Вахш мебошад. Ба қавли олими швейтсариягӣ Фритс Мейер дар шимолии Балх бо номи Вахш падари Ҷалолиддин ҳамчун фақеҳ ва воизи дорои ақидаи тасаввуфӣ кору зиндагӣ мекард. Ҳолноманависи Мавлоно Аҳмади Афлокӣ дар «Маноқиб - ул - орифин» ривоят кардааст, ки падари Мавлоно қозии Вахш, марде буд муътабар ва аз уламои аълами замони худ. О.Ф. Акимушкин мегӯяд: «Ҷалоллидин Муҳаммад дар таърихи 30 сентябри соли 1207 дар яке аз музофотҳои Балх, дар чорроҳаи шаҳри корвонгузари Левакант дар роҳи Чин ба Ҳинд ва Эрону Мовароуннаҳр қарор дошт, таваллуд шуд». Худи Мавлоно дар асари «Маснавии маънавӣ» - и безавол ҷойе аз Вахш ёд карда мегӯяд:
Ақли ҷузвӣ ҳамчу барқасту дурахш,
Дар дурахше кай тавон шуд сӯйи Вахш.
Муаррихони рус академикҳо В.В. Бертолд ва В.С.Соловёв Левакантро Сангтӯда хондаанд. Ин гуфтаҳои донишмандон аз он шаҳодат медиҳанд, ки аз Вахшонзамин будани Мавлоно Ҷалолиддин бофтаву сохта набуда, аз ҷониби олимони Шарқу Ғарб тасдиқ ва мавриди таъкид қарор гирифтааст. Агар мо ба гузаштагони худ эҳтиром дорем, бояд Мавлоноро ифтихори миллат ва Ватан бишморем, ҳар панди ӯро шиори зиндагӣ кунем. 
Дар конференсия маърӯзачиёну хонандагон оид ба осори адабии Мавлоно ва нақши ӯ дар худшиносии миллӣ, шуҳрати ҷаҳонӣ ва дигар паҳлуҳои осори ин орифи покзамир сухан ва аз «Девони кабир» ва «Маснавии маънавӣ» ғазалу достонҳо аз ёд гуфтанд. Тасмим гирифта шуд, ки ҳар солгарди ин мутафаккири бузургро дар Сангтӯда баргузор созанд. 
 
Кароматулло АТО, 
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 01.10.2021    №: 196    Мутолиа карданд: 506
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед