logo

Хабарҳо

3 СОМОНАИ НАВ ҚАДАМИ ҶИДДӢ БА СӮЙИ ҲУКУМАТИ ЭЛЕКТРОНӢ

Дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон муаррифии се сомонаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ: www.kor.tj, www.shugl.tj, www.kasb.tj (кор, шуғл ва касб) баргузор гардид, ки барои корҷӯёну корфармоён бисёр муфиданд.
Сомонаҳои мазкур дар заминаи ҳадафҳои Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва Дар бораи Консепсияи иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия шуданд. Муовини якуми вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Абдулғаффор Раҳмонзода изҳор дошт, ки ин иқдом барои гузариш ба иқтисоди рақамӣ, баланд бардоштани самаранокии шуғли аҳолӣ ва равобити мустақими ҷомеа бо ниҳоди мо хеле муассир аст.
Тавассути сомонаи www.kor.tj «Махзани миллии маълумот оид ба ҷойҳои кории холӣ» дастрасии маълумот ба шаҳрвандони бекор, корҷӯён ва муҳоҷирони меҳнатии ба Ватан баргашта таъмин шуда, барои интихоби мутахассисони сатҳи зарурӣ ба корфармоён шароит фароҳам меоварад.
Дар сомона мунтазам маълумот оид ба ҷойҳои кории холӣ дар дохили ҷумҳурӣ ва хориҷ бо нишон додани музди меҳнат ва дигар шароити корӣ ҷойгир мешаванд, ки шаҳрвандон метавонанд барои дарёфти кори муносиб аз он ба таври ройгон истифода намоянд.
Сомонаи www.shugl.tj имкон медиҳад, ки шаҳрвандон мустақилона маълумотро оид ба хизматрасониҳои мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ доир ба масъалаҳои ин ниҳод, тозатарин навигариҳоро дар бораи ҳифзи меҳнат, вазъи бозори меҳнат ва шуғли аҳолӣ, пурсишномаҳои сотсиологӣ, тадқиқот ва дигар маводи заруриро дастрас намоянд.
Дар сомонаи www.kasb.tj бақайдгирии касбомӯзон ба таври электронӣ роҳандозӣ гардида, шаҳрвандон метавонанд барои гирифтани маълумоти саривақтӣ оид ба номгӯйи касбу ихтисосҳо, ҷойгиршавии марказу филиалҳои муассисаҳои таълимии системаи агентӣ ва тартиби фарогирӣ бо курсҳои омӯзиш иттилои саривақтӣ ёбанд.
Ҳамзамон, дар портали мазкур «Махзани ягонаи маълумот доир ба шаҳрвандоне, ки дар муассисаҳои таълимӣ - касбии системаи агентӣ ва филиалҳои он ба касбомӯзӣ ва бозомӯзӣ ҷалб гардидаанд» ташкил шуда, ба ин васила, имконияти гирифтани омори зарурӣ аз рӯйи полоишҳои (филтр) гуногун рӯйи даст меояд.
Сомонаҳои мазкур инъикос, тарғибу ташвиқ ва ҳаллу фасли масоили гуногуни сиёсати иҷтимоии Ҳукумати ҷумҳуриро ба танзим дароварда, ҳамкориҳои мутақобилан судманд миёни корфармоён, мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ, корҷӯён ва, ҳамзамон, ба иштироки фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ тавассути мубодилаи иттилоот мусоидат мекунад.
 
Бузургмеҳри БАҲОДУР, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 1774
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед