logo

иҷтимоиёт

ҚАРЗИ ФАРЗАНДӢ ВА МАСЪУЛИЯТИ ВАТАНДОРӢ

Барои мо - тоҷикон дар баробари рӯзҳои Ҷашни Истиқлоли давлатӣ, Ваҳдати миллӣ ва дигар санаҳои  марбут ба муқаддасотамон,   боз як рӯзи фараҳбахши дигар вуҷуд дорад, ки дар он  ду падидаи неку хуҷаста арзи вуҷуд кардаву ба идҳои миллии халқамон табдил ёфтаанд. Зеро дар ин рӯзи муборак мо ду зуҳуроти тақдиросоз ва барои миллату кишварамон азизро ҷашн мегирем. Яке аз ин падидаҳо Рӯзи забони модарӣ – давлатии мост, ки  воқеан, наҷотбахши миллатамон буда, тули таърих нигаҳбон ва ҷавшани боэътимоди халқамон будааст. Падидаи дигар ин зодрӯзи Пешвои наҷотбахши  миллатамон Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Ба як рӯз рост омадани ин ду санаи таърихӣ  рамзи пайванди ногусастанӣ дар байни онҳо мебошад, ки ҳар ду армонҳои миллӣ ва ҳадафҳои баланду бузурги халқамонро пайгирӣ менамоянд. 
Гумон мекунам, дар мавриди қадру қимат ва манзалати забон беҳтарин суханҳоро дар намуди фишурдаву дурахшон ва хотирмону таъсиргузор маҳз Президенти муҳтарами мо - Эмомалӣ Раҳмон гуфтаанд:
- “Агар хоҳанд давлатеро аз байн бубаранд, аввал, забон ва баъдан, фарҳангашро нест мекунанд”.
Гуфтаҳои ҳикматомези Президенти моро борҳо таъриху сарнавишти ин ё он халқ собит намудааст. Аммо халқи соҳибтамаддуни тоҷик бо ҳама тохту тозу тороҷу хунрезиҳое, ки борҳову борҳо дар тули таърих бар сараш омад, зинда монд, зеро тавонист ин шаҳодатномаи ҳастии безаволи худ, забони муқаддаси модариро бар алайҳи ҳама кӯшишҳои душманони бераҳму беадолат маҳфуз дорад ва дар ин забону ба шарофати ин забон ҳама илму адаб, фарҳанги бузург, суннатҳои безаволаш зинда мондаву ӯро низ зинда доштанд. Тавоноии ин забон то ҷойе буд, ки ҳама абарнеруҳое, ки сарзамини ӯро ғасб кардаву  дар он ҳукм меронданд, худ мутеи ин забони безавол мегардиданд ва давлату давлатдорӣ дар ин сарзамин ҳамеша ба забони модарии ин халқи соҳибтамаддун сурат мегирифт. Ин худ гувоҳи пирӯзии ҳамешагии халқи соҳибзавқу соҳибхиради тоҷик дар тули таърих аст.
Беҳуда нест, ки аз рӯзҳои нахустини замони соҳибистиқлолии сарзамини тоҷикон аввалин ва баландтарин арҷгузорӣ маҳз ба забони модарӣ дода шуд ва он  забони давлатии ин халқи  соҳибтамаддун эълон гардид. Дар сиёсати давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол ва Пешвои муаззами он ин муносибат возеҳу равшан таҷассум ёфт, ки метавон бо суханони Президент онро бори дигар тақвият дод: 
- “Забони миллӣ рукни муҳимтарини давлатдорӣ буда, ҳифз кардани он, риоя намудани меъёрҳо ва аз забони халқу осори гаронбаҳои  пешин бой  гардондани захираи луғавии  ин забони нобу шоирона вазифаи ҳар як соҳибватан мебошад.” 
Яъне, ҳифзи забони давлатӣ, поку бегазанду поянда нигоҳ доштани он имрӯз ҳам ҳадафи волои давлатдории тоҷикон аст ва ҳам вазифаи ҳар яки мо. Мо сарфарозем, ки дидани ин бахт – ба вуқуъ пайвастани армонҳои  ҳазоронсолаи миллатамон насиби мо шудааст. 
Мусаллам аст, ки миллати куҳанбунёди  моро ҳамин фарҳанги бузург, хусусан забони  қавии оламшумулаш, зинда доштааст. Забони тоҷикӣ ҷавшане будааст, ки дар тули таърихи гарону хунин миллати моро аз тамоми зарбаҳои замонаҳо, сангборонҳои пурдаҳшати таърих эмин доштааст; сипаре будааст, ки пеши роҳи ҳама тирборони душманро гирифта, ӯро аз дами теғу шамшери душманон  то ба имрӯз  расондааст. Маҳз ҳамин забони гаронбаҳои модарӣ  барои ҳимояи ҳувияти миллии мо хизмат кардааст ва суннатҳои волои башардӯстонаи мардумамонро,  ки дар онҳо руҳи баланди миллат, маърифату одоби ибратомӯзи он  таҷассум ёфтаанд, то имрӯз маҳфуз доштаву дифоъ намудааст.
 Вақте ки мо ба забони тоҷикӣ арҷгузории баланд мекунем, мегӯем, ки маҳз ҳамин забон, ҳамин фарҳанг моро зинда доштаасту наҷот додааст. 
Хушбахтии мост, ки ин забон имрӯз мақоми давлатӣ дорад ва аз забони Пешвои муаззами он дар баландтарин минбарҳои олам садо медиҳад. Миллати тоҷик ба ин забони муқаддаси худ имрӯз низ зиндагӣ ва эҷод мекунад ва бо падидаву пирӯзиҳои нави илмиву адабӣ пайваста рушду камол хоҳад ёфт. 
Мо - имрӯзиён бояд масъулияти худро дар ростои забони муқаддасамон лаҳзае аз ёд набарем. Мо на танҳо бояд мадюни халқи шарифе бошем, ки ин забонро аз байни шӯру шари асрҳо беосеб, поку муҷалло ба мо расондааст, балки масъулем, ки онро худ низ пок дорем ва ба ояндагон бирасонем. Зеро гарави ҳастию пешрафти мо, ҳамчун миллат арзи вуҷуд доштани мо вобастагӣ ба  пойдорӣ ва солимияти ин забон дорад. 
Мо - имрӯзиён ин забони наҷотбахши халқу Ватани худро чун виҷдон ва чун имони худ бояд покиза дорем ва нагузорем гарде бар рӯйи он фитад. Ин амр қарзи фарзандӣ ва масъулияти ватандории ҳар яки мост.
 
Камол НАСРУЛЛО, Шоири халқии 
Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 05.10.2021    №: 198    Мутолиа карданд: 535
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед