logo

иҷтимоиёт

ХИЗМАТИ ҲАРБӢ. ГУСЕЛИ НАВАСКАРОН ДАР ШАҲРИ ВАҲДАТ

Тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 сентябри соли 2021 оид ба даъвати тирамоҳии ҷавонони солҳои таваллуди 1994 – 2003 ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ, дар шаҳри Ваҳдат чорабинии Рӯзи даъватшаванда бо шукӯҳу шаҳомати хоса баргузор гардид. 
 
Раиси шаҳр Раҳмоналӣ Амирзода дар оғози ҳамоиш ба сохторҳои марбутаи давлатӣ, комиссияҳои даъватӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот ва волидоне, ки фарзандонашон довталабона хизмат кардан дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳро ихтиёр намуданд, изҳори сипос карда, гуфт, ки ба шарофати ғамхориҳои пайвастаи  Пешвои миллат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои фаъолияти рӯзмарраи хизматчиён дар қисмҳои ҳарбӣ шароити зарурии маишиву моддӣ муҳайё шуда, дар ҳамаи воҳидҳои низомӣ имрӯз афсарони касбии ботаҷриба ҷиҳати баланд бардоштани малакаи ҳарбиву ҷисмонии ҷавонон, тарбияи онҳо дар руҳияи ватандӯстӣ, садоқат ба марзу бум фаъолияти босамар менамоянд. 
- Хизмат дар сафи Артиши миллӣ барои ҷавонон мактаби ҳаёт ва ҷасорату мардонагӣ мебошад. Онҳо маҳз дар давраи хизмати аскарӣ моҳияти Ватан, давлат ва миллатро ба хубӣ дарк карда, сабақи далериву шуҷоат ва садоқат меомӯзанд, - афзуд раиси шаҳр.  
Комиссари ҳарбии шаҳр Ҳокимбек Одинаев гуфт, ки Артиши миллии кишвар ҳамаи давраҳои мушкили бунёди худро сарбаландона гузашта, ба марҳилаи мувофиқсозии сохтори худ ба меъёрҳои байналмилалӣ расидааст. Мақсад аз хизмати ҳарбӣ ҳифзи марзу бум ва таъмини ободию осудагии кишвар мебошад. 
Тавре Хайрулло Бобохонов, падари яке аз давъватшавандагон аз деҳоти Чорсӯ, иброз дошт, солҳои охир зиёд гардидани шумораи ҷавононе, ки ихтиёрӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ мепайванданд, шоистаи таҳсин аст. Яъне, ҷавонон бо камоли ифтихор ва нангу номуси ватандорӣ омодаи хизматанд. Онҳо ба хубӣ дарк кардаанд, ки ҳимояи марзу буми Ватан қарзи фарзандӣ ва мояи ифтихори ҳар ҷавонмард мебошад.
Даъватшаванда, сокини деҳоти Гулистон Латифзода Сафиаллоҳ гуфт, ки мо пайравони Пешвои миллатем. Ҳифзи марзу бум ва таъмини амнияти мардуми кишвари азизамонро вазифаи муқаддаси худ медонем ва баҳри ҳифзи Ватан ҳастии хешро мебахшем. 
Гулбарг Шукурова, модари даъватшаванда Муҳаммадраҳим Гулзода, афзуд, ки хизмат ба Ватан шарафи бузург ва вазифаи муқаддаси ҳар як фарди худогоҳу миллатдӯст мебошад. Наваскарон бояд хуб дарк намоянд, ки садоқат ба Ватан-Модар дар пос доштани арзишҳои миллӣ ва аз тамоми манфиатҳо боло гузоштани манфиати давлату миллат зоҳир мегардад.
-Имрӯз маҳз шумо – ҷавонони соҳибиродаи Ватанро мо меросбарони гузаштагони шуҷои худ меҳисобем ва барои шумо шарафи бузург аст, ки ҳимояи марзу буми Тоҷикистони азизро ба шумо бовар мекунанд. Сарвари давлат ба неруи созанда ва бузурги ҷавонони саодатманд ва ҳимоятгарони хоки аҷдодӣ бовар дошта, амнияту субот ва пешрафту шукуфоии кишварро дар ҳисси баланди меҳанпарастӣ ва бозувони қавии шумо мебинанд. Итминон дорем, ки қарзи худро бо сари баланд дар назди Модар-Ватан адо хоҳед кард, - илова кард Гулбарг Шукурова.
Дар анҷоми чорабинӣ ҳунармандон барномаи ҷолиби таҳиянамудаи худро, ки аз суруду таронаҳои ватандӯстона иборат буд, манзури ҳозирон карданд.
Ёдовар мешавем, ки маъракаи даъвати тирамоҳии шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ 1 октябри соли ҷорӣ оғоз гардида, то охири моҳи ноябр идома меёбад.
 
Кароматулло АТО,
 «Ҷумҳурият»
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 05.10.2021    №: 198    Мутолиа карданд: 1076
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед