logo

Хабарҳо

СЕ ДАҲСОЛАИ ШАРИКИИ КИТОБХОНАҲОИ ИДМ

 
Вобаста ба эълон гардидани «Душанбе – пойтахти фарҳангии Иттиҳод - 2021» дар Китобхонаи миллӣ бо иштироки намояндагони Ӯзбекистон, Қазоқистон, Озарбойҷон, Арманистон, Беларус, Молдова, Федератсияи Россия ва  созмонҳои марбут ба фаъолияти китобдории узви ИДМ конференсияи байналмилалии «Се даҳсолаи шарикии  китобхонаҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил: дурнамо ва стратегияи рушд» доир шуд. 
 
Конференсияро  директори китобхона Ҷумъахон Файзализода оғоз бахшида, иброз дошт:
- Ҳамкорӣ бо китобхонаҳои кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аз самтҳои муҳими фаъолияти байналмилалии Китобхонаи миллии Тоҷикистон маҳсуб меёбад. То имрӯз ба хотири рушди ҳамкорӣ дар самти китобдорӣ як қатор ёддоштҳои тафоҳум ба имзо расидаанд, ки дар доираи онҳо корҳои муҳим  ба анҷом расиданд.
Мушовири калони бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Нурулло Оқилзода аз сиёсати фарҳангии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сухан гуфта, таъкид намуд, ки бо дастгириву ғамхориҳои ҳамешагии  Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бисёр шаҳру ноҳияҳои кишвар китобхонаҳои муосир бунёд ёфтанд, ки ба боз ҳам боло рафтани сатҳи дониши наврасону ҷавонон мусоидат намуданд.
Зимни ҳамоиш ширкаткунандагон, ҳамчунин, оид ба озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳу доноӣ китоб аст» ва «Илм – фурӯғи маърифат» ибрози андеша намуданд. Зикр гардид, ки ин озмунҳо бо мақсади боз ҳам баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, такмили захираи луғавӣ миёни аҳолии кишвар ва ихтироъкориву навоварӣ роҳандозӣ гардиданд. 
Дар доираи ҳамоиш миёни Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва Китобхонаи миллии Ӯзбекистон ба номи Алишери Навоӣ, Китобхонаи давлатии умумирусиягии адабиёти хориҷии ба номи М.И. Рудомино ёддоштҳои тафоҳум ба имзо расиданд.
 
Гулнисои САЪДОНШО, «Ҷумҳурият»
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 924
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед